Баъди шунидани хабари таъҷилии Сарфармондеҳи Олӣ Иосиф Сталин бо садои ровии Радиои марказӣ ва Шабакаи «Юность» — Юрий Левитан бомдоди 22-юми июни соли 1941 ҷавонмардони деҳаи Навободи деҳоти «Гули сурх»-и ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) Гадомад Наймов, Абдураҳмон Шарифов, Аъзам Ганҷалов, Бобо Шарофов, Абдулло Назаров, бародарон Фатҳулло, Сайфуллоҳ, Халифақосим, Шермад, Шомад Гулмадовҳо ба назди комиссариати ҳарбии ноҳия омаданд. Ҳама халтаи озуқа бар дӯш интизори рухсат ба сафар буданд. Ногаҳ аз дари бинои комиссариати ҳарбӣ майор Стартов – марди лоғарандоми қоматбаланд баромад. Ӯ хоҳиш кард Тошмад Гулмадов ва Халифақосим Яъқубов ба ҳуҷра ворид шаванд. Дар ҳуҷраи кори комиссар падари Тошмад бобои Гулмад ва модари Халифақосим холаи Рухсора ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд.
- Кадоме аз писаронатонро мехоҳед, бо худ бигиред, дигаронашон ба мудофиаи Ватан-Модар мераванд, — гуфт комиссар. Бобои Гулмад ва холаи Рухсора ба сукут рафтанд. Дар чашмони модар ашк пайдо шуда, рухсораҳояшро тар кард. Дилаш аз ҳаяҷон тез-тез мезад.
Ӯ гуфт: — Бигзор худашон маслиҳат кунанд.
Халифақосим илтимос кард, ки ба ҷойи бародараш ӯро ба фронт равон кунанд. Сайфуллоҳ низ ҳамин талабро дошт. Комиссар шуҷоату ҷавонмардии онҳоро ситоиш намуду таҳсин гуфт ва Халифақосимро ҳамроҳи модар ба хидмати мардуми деҳа гардонд. Тошмадро низ «синнат ҳоло хурд аст», — гуфта, аз хизмати Ватан муваққатан манъ кард.
Вале ин дер давом накард. Халифақосим ихтиёран, 28-уми ноябри соли 1941, дар як рӯзи сард ба хидмати Ватан-Модар рафт ва дар ҳайати қисми 240-и дивизияи 117-уми корпуси 2-юми гвардияи пиёдагарди қӯшунҳои зарбазан ҷангид. Баъди озодшавии шаҳри Орёл ва рахна кардани ҳалқаи Курск душманро саркӯб карда, ба сарзамини ҷангзадаи Беларус даромаданд. Шаҳрҳои Минск, Гомел, Гродно, Брест ба харобазор табдил ёфта буданд. 2 миллиону 230 ҳазор нафар аз халқи Беларус кушта шуданд. Шаҳри Минск 1100 рӯз дар муҳосира буд. Дар ақибгоҳи душман ҳазорон нафар партизан бо душман сахт мубориза бурданд. Умуман, 209 деҳа ва шаҳрак несту нобуд шуд…
Баъди 7 — 8 шабонарӯз таҳти фармондеҳии генералҳо Рокоссовский, Черняховский, Захаров ва Баграмян 3 июли соли 1943 Беларус аз асорати фашистон озод карда шуда, зиёда аз 10 ҳазор афсару аскари душман асир афтоданд.
Баъди чанд шабонарӯз ҷанговарони қисми 240-юми дивизияи 117 ботлоқи касногузар ва анбуҳи бешазорро паси сар карда, даҳҳо фарсах роҳ паймуда, ба шаҳри Калинин расиданд ва барои муҳорибаи навбатӣ омодагӣ гирифтанд. Рӯзи дигар қӯшуни онҳо зарбаҳои душманро зада гардонд, вале дар он набард Халифақосим аз китфи чап захм бардошт. Дӯсти ҳамяроқаш Ҳайталӣ дар муҳорибаи шадиди вилояти Калинин фидокориву далерӣ нишон дода, аз тири душман маҷруҳ шуд. Хоҳарони шафқат ӯро аз майдони ҷанг бароварда, ба беморхонаи саҳроӣ расониданд. 19 октябри соли 1943 ӯро ба беморхонаи ҳарбии рақами 429 оварданд ва 10 декабри соли 1943 аз захми вазнин дар он ҷо ҷон дод. Ҳамин тавр, Халифақосим бо ҳамяроқони дигар муҳорибаҳои шадидро аз сар гузаронида, ба шаҳри Стробелскийи Полша расиданд. Дар канори бешазоре дарёчае ҷорӣ буд. Дар қисми шимоли он ҷанговарони взводи Халифақосим ва дар қисмати ҷануб мавқеи душман ҷой дошт. Майор Кирилов бо дурбин ба дарёча нигоҳ карда, мавқеи душманро аниқ кард.
Соати 5-и бомдод аз саршавии ҳуҷуми фашистҳо хабар расид. Майор Кирилов ва лейтенанти калон Халифақосим Яъқубов нақшаи ҳуҷумро кашиданд. Нисфи шаб. Онҳо рӯ-рӯи замин гаваккашон пеш мерафтанд. «СС»-чиён дар шаб шабехунро интизор набуданд. Майор бо ҳамяроқон бо зарбаҳои пай дар пай ҳуҷумро давом дода, деҳаро ишғол карданд. Дар таҳхонаҳо ҳазорҳо марду зан онҳоро бо ашки шодӣ пешвоз гирифтанд. Лейтенанти калон Халифақосим таҷрибаи калони ҷангӣ, ки дошт, бо ҳамяроқон Иван Битюков, Малик Давлатов, Ҳасан Сафаров, Виктор Ком, Коштарияи гурҷӣ, Мамедови озарӣ ва Петросяни арманӣ ташаббус нишон дода, ҳама вақт дар сафи пеши фронт далерӣ нишон медод. Баъди озод кардани Полша ӯ бо майор Кирилов ва ҳамяроқон амалиёти махсус гузаронида, ба конслагерҳои фашистон наздик шуда, аз пулемёти «Максим» оташ кушода, «ура!» — гӯён зада даромаданд. 26-27 январи соли 1945 маҳбасҳои Освенсим ва Павиак дар Полша озод карда шуданд ва ҳамяроқон Сафаров Ҳасан, Виктор Кат, Иван Битко, Давлатов Малик, Мартиросян ва Халифақосим Яъқубов барои мардонагию далерӣ бо ордени «Шараф» сарфароз гаштанд.
Баъд аз торумори душман қисми ҳарбии Халифақосим рӯзи ғалабаро дар Кёнигсберг пешвоз гирифт. Ӯ ба хона мактуб навишт: «Модар ва ҳамдиёрони дербоз интизор! Мо ҳамчун фарзанди содиқи халқу Ватан-Модар ба ваъдае, ки ба шумо дода будем, вафо кардем, ба савганди ҳарбӣ содиқ мондем. Мо, фарзандони шумо то ҷон дар бадан доштем, душманро несту нобуд кардем. Ватан-Модар ва хоки он аз палидони хуношом пок шуд. Мо ба ғалаба боварии қатъӣ доштем, чунки кори мо ҳақ буд! Иди Зафар, Иди ғалаба муборак, модари раҳинтизори ман!
9 май, соати 1050 , соли 1945, шаҳри Кёнигсберг.
Фарзанди шумо лейтенанти калон Халифақосим Яқубов».
Ин охирин мактуби ӯ буд. Аз ӯ дигар хабар нарасид.
Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон