Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013) омадааст: «…моро зарур аст, ки бо дарназардошти дастовардҳои солҳои гузашта ва таҷрибаи аз раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ андӯхтаамон вазъи иқтисодиёти кишварро мунтазам ва ҳамаҷониба таҳлил намуда, онро ба озмоишҳои эҳтимолии дарпешистода омода созем ва навсозии иқтисодиву иҷтимоии оғозкардаамонро пайгирона идома диҳем. Яъне, зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар омилҳои зикргардида ба инобат гирифта шаванд.».
Атрофи ин ва дигар масъалаҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, суҳбате доштем бо раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Аҳмадзода.
-Фотеҳони Дилварзини тоҷикон бо сипосгузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳифзи иҷтимоии мардум маҳаки он аст, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, беҳтар аз пештар меҳнат карданд. Аслаш корномаи мастчоҳиён аз сафари кории Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин диёр, вохӯрию суҳбатҳои гарму ҷӯшону хотирмон ба мардум оғоз ёфт ва чун иқдоми нек арзёбӣ мегарданд,- мегӯяд раиси ноҳия Мирзоаҳмад Аҳмадзода. Давоми якчанд соли охир бо бунёди корхонаҳои нав саноат дар ноҳия рушд кард. Порсол паҳлуи корхонаҳои амалкунанда боз ду коргоҳи истеҳсоли хишт, ду фабрикаи мурғпарварӣ, се корхонаи пахтатозакунӣ, ду маркази хизматрасонии техникӣ, сехи дӯзандагӣ, корхонаи ордкашӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба кор даромадани корхонаи коркарди маҳсулоти ширии кооперативи истеҳсолии «Файзи диёр»-ро дар маркази Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор» самараи ҳамкории саноату кишоварзӣ номидан мумкин аст. Аҳли кооператив бо кумаки мутахассисони туркӣ технологияи замонавии коркарди ширро васл карда, бозорҳои ноҳияву вилоят, ҳатто ҷумҳуриро бо маҳсулоти хушсифати ширӣ боз ҳам пурғановат гардониданд.
Инчунин бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маркази ноҳия 5 километр роҳҳо бо маблағи 7,5 миллион сомонӣ асфалтпӯш шуд. Ногуфта намонад , ки соли 2014 дар вилояти Суғд «Соли роҳҳои обод» эълон карда шудааст ва тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, 120,8 километр роҳҳои дохилӣ, инчунин 28 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва ҷодаю саракҳои байнихоҷагиро ба ҳолати хуб орем.
Ғайр аз ин, тӯли соли 2014 сохтмон ва ба истифодадиҳии 30 иншооти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки навбати дуюми заводи сементбарорӣ, сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, корхонаҳои равғанкашӣ, шифербарорӣ, истеҳсоли оҳаксанг, хишт, коғаз, фабрикаи мурғпарварӣ ва маркази ташхисию табобатӣ номгӯйи нопурраи ин иншоотҳоянд. Бунёди ин коргоҳҳо имкон медиҳад,ки наздики 1000 нафар соҳиби ҷойи кор гардад. Тақсими 330 гектар замини наздиҳавлигӣ барои 2000 оила дар назар аст. Воқеан, соли 2013 мо ба 3860 оилаи ниёзманд 543 гектар замин ҷудо карда будем. Мардум дар 24496 метри мураббаъ манзилҳои замонавӣ бунёд карданд, ки назар ба соли 2012 хеле зиёд буд. Фаъолияти муассисаҳои бонкӣ низ дар сатҳи зарурӣ қарор дошт. Барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия 70 миллион сомонӣ ҷудо кардани ҳамаи филиалҳои бонкҳо(11 -то) далели ин гуфтаҳост. Дар ин давра интиқоли маблағи шаҳрвандон аз хориҷи кишвар 188,9 миллион сомониро ташкил дод. Айни ҳол дар ноҳия 61 лоиҳаи давлатӣ амал мекунад. Дар доираи Барномаи давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ , ки солҳои 2008 – 2015-ро дар бар мегирад, шурӯъ аз соли 2014-ум 321,6 миллион сомонӣ, бо дарназардошти маблағҳои шаҳрвандон, аз худ карда шуд. Ғайр аз ин, дар доираи Барномаи рушди деҳот барои паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, соли гузашта ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расид. Дар доираи ин барнома ба маблағи умумии 890,7 ҳазор сомонӣ корҳои кофтани чоҳи амудӣ дар «Шайхмаҳалла»-и деҳоти «Мастчоҳ», чоҳҳои амудии №5 ва 6 маҳаллаи Навободи деҳоти «Оббурдон», дар хоҷагии деҳқонии «Ғузн» ва хоҷагии деҳқонии «Муллоҳасан»-и деҳоти «Палдорак», гузаронидани 2650 метр хатти оби нӯшокӣ барои маҳаллаҳои аҳолинишини ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»-и деҳоти «Палдорак» ба иҷро расонида шуд.
Раиси ноҳия дар идомаи суҳбат аз саҳми беандозаи мастчоҳиён дар ободу зебо гардонидани ин маҳал ёдрас шуд. Боғдорону чорводорони дирӯза дар Дилварзин ҳамчун устодони соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, ном бароварданд.
-Бамаврид аст қайд кунам, ки дар оғози соли ҷорӣ мо 80 – солагии ду тан аз фотеҳони номдори Дилварзини тоҷикон- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ-сардорони бригадаҳои механиконидаи ҷавонони ноҳия Ҳоҷӣ Амиров ва Сафарбек Давлатовро ботантана ҷашн гирифтем. Умуман, хирмани пахтаи Мастчоҳ кайҳо аз 1 миллион тонна «тиллои сафед» гузаштааст ва ин туҳфаи хубест, ба 85 – солагии таъсисёбии ноҳияи Мастчоҳ,- илова кард раиси ноҳия.
Кишоварзони ноҳия порсол хуб кор карданд. Аз 1021 гектар 25121 тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ шуд, ки ба 101,1 фоизи дурнамо баробар буда, ба ҳар гектар 24,9 сентнерӣ рост меояд(соли пешин ин рақам 22,5 –ро нишон медод).
Ғайр аз пахта, зироатҳои равғандор, ғалладонагӣ сабзавоту картошка ҳосили хуб доданд. Баробари боғҳои куҳна дар 262 гектар боғи нав аз ҳисоби беҳтарин навъҳои дарахтони мевадиҳанда бунёд гардид. Соли сипаришуда барои рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки 3131 ададро ташкил медиҳанд, 39,9 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ ҷудо шуд, ки 34,5 миллионаш танҳо барои равнақи пахтакорӣ пешбинӣ шуда буд.
Дар ин давра, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775, 590 хоҷагии деҳқонии оилавӣ созмон дода шуд. Инчунин, барои ташкили хоҷагиҳои нав 430 ариза қабул шудааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ порсол ба 346,4 миллион сомонӣ расид, ки аз ин ба соҳаи растанипарварӣ 254,5 миллион сомонӣ, чорводорӣ 92 миллион сомонӣ рост меояд. Алҳол дар 5,2 гектар гармхонаҳои замонавӣ помидор, бодиринг ва полезиҳо парвариш мешавад.
Чорводорӣ аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ба шумор рафта, сол то сол рушд мекунад. Порсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 2559 тонна гушт, 17893 тонна шир, 9 млн 753 ҳазор дона тухм, 57 тонна пашм, 15 тонна асал ва 2 тонна моҳӣ истеҳсол гардид. Дар ноҳия 43124 сар чорвои калон ва 91714 сар моли майда парвариш меёбад. Дар ин давра 11520 сар мурғ зиёд шуда, шумораи умумии парранда дар ноҳия 131298 сарро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, аз 26 адад нишондиҳандаҳои асосии соҳаи кишоварзӣ 24 – тои он бо бартарӣ ҷамъбаст гардид.
-Ҳоло омодагӣ ба киштукори баҳорӣ идома дорад,- мегӯяд раис. -Имсол нияти дар 19551 гектар чигит кишт кардан дорем. Бо ин мақсад 2900 тонна чигити тухмӣ тайёр шудааст.
Раиси ноҳия вазъи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоиро ҳамаҷониба шарҳ дод. Аз гуфтаҳои раис маълум шуд, ки ҳоло «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2015» бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия амалӣ гардида истодааст. Муассисаҳои таълимӣ бо 627 адад компютер ва 62 принтер таъмин мебошанд.
Имрӯз дар ноҳия 33 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби асосӣ, як литсей, як коллеҷи омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки 20442 нафар хонандагонро фаро гирифтаанд. Беш аз 500 нафар хатмкунандагони макотиби ноҳия дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои гуногун таҳсил мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми тадбирҳоро меандешад, ки пойгоҳҳои ба мактабу маориф мувофиқ ба талаботи замон барқарору пойбарҷо бошад.Мактабҳои наву муҷаҳҳаз бо асбоби таълимӣ ҳар чӣ бештар ба истифода дода шаванд. Сохтмони чунин мактаб дар маҳаллаи Андарвашти деҳоти «Оббурдон» барои 240 хонанда бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ оғоз гардид, ки фарзандони мардумро соли таҳсили ҷорӣ ба оғӯш мегирад.
Соҳаи тандурустӣ сол то сол рушд меёбад. Дар ноҳия беморхонаи марказӣ барои 290 кат, 6 беморхонаи минтақавӣ барои 340 кат, 8 маркази саломатӣ, маркази бемориҳои сил дар ҳифзи саломатии мардуманд. Боиси хурсандист, ки баробари маблағҳои буҷетӣ, ҷавонмардони соҳибдилу саховатпеша низ беҳбуди зиндагии ҳамдиёрони худро ҳадафи хеш қарор додаанд. Чанде пеш дар маҳаллаи Сомониёни деҳоти «Мастчоҳ» бо ибтикори бародарон Боймаҳмад ва Ниёзмаҳмад Султоновҳо навбати дуюми маркази ташхису табобатии «Сино» ба истифода дода шуд.Ин бинои хуштарҳи сеошёна бо асбобу анҷоми ҳозиразамони тиббӣ ва кормандони соҳибмаълумот таъмин аст. Дар Марказ 70 намуди ташхис анҷом дода мешавад. Беморон инчунин тавассути 22 усули табиатшифоӣ табобат мегиранд. Шояд Маркази табобатии «Сино» дар ҷумҳурӣ ягона шифохонае бошад, ки хӯрокхӯрӣ таври ройгон танҳо дар ошхона иҷозат аст. Беморон ҳам ба аёдати наздиконашон дасти холӣ меоянд, чунки беморон бо маводи серғизо таъминанд. Ногуфта намонад, ки бародарон Султоновҳо чанде пеш шаш километр роҳҳои деҳаро аз ҳисоби худ мумфарш карда буданд.
-Варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба эътибори бештаре ниёз дорад. Бояд оммавияти варзиш дар ҳар маҳал таъмин бошад, хуб гуфтаанд, ки ҷомеаи солим-бойигарии ҷомеа. Дар ин самт ҳам дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, хусусан Рӯзи варзиш эълон гардидани ҳар шанбе,мардумони синну солу касбукори гуногунро ба варзишгоҳҳо овард. Дар варзишгоҳи коллеҷи кишоварзӣ бобои Исохонро дучор омадам, ки ба ҳафтодсолагиаш нигоҳ накарда, байни ҷавонон худро хеле бардам ҳис мекард. -Рӯзи дави миллӣ, ки ҳар сол 19 май баргузор мегардад, ба иди ҳақиқии варзишу саломатӣ, зебоию нафосат табдил ёфтааст, — гуфт дар идомаи суҳбат раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Аҳмадзода.
Имрӯз дар ноҳия 153 иншооти варзишӣ, аз ҷумла ду варзишгоҳи ҳар кадом дорои 1500 ҷойи нишаст, 105 майдончаи варзишӣ, 30 толор, 11 нуқтаи тир, як ҳавзи шиноварӣ дар хизмати мардуманд. Мактаби варзишӣ аз рӯйи 10 намуд тарбияи ҷавонону наврасонро ба роҳ мондааст, ки он ҷо 35 нафар мураббӣ ба машқи 900 нафар шогирдон машғуланд. Ҷавгонбоздухтарони ноҳия байни бонувони то 21- сола аз шаҳри Хуҷанд бо шоҳҷоиза ва медали тилло баргаштанд. Варзишгарони мо дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба варзиши сабук 15 медали тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷиро соҳиб шуданд.
Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор