Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ Дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ДНС), ки 300 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, тақдим намуд.
Ба гуфти танзимгари барномаи ҳолатҳои фавқулодаи Бахши ноҳиявии ҶҲАТ дар ноҳияи Ванҷ Шомаҳмад Беков, ҷамъият бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои иттилоотиро дар маҳаллаҳо низ ба роҳ монда, сокинонро бо варақаҳои иттилоотӣ таъмин намуд.
- Ин туҳфа ба мо — табибон имконият медиҳад, ки муолиҷаи беморонро аз бемории вируси COVID-19 низ ба роҳ монем, — изҳор намуд сардухтури беморхонаи ноҳия Муҳаббат Сафаров. — То ҳол дар беморхона 3 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст, мавҷуданд. Кумаки саривақтӣ ва заҳмати табибон буд, ки дар ноҳия фавти одамон аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, 14 каси гумонбаршуда пурра шифо ёфтанд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»