Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия

№13 (3159) 08.02.2014

Путин

Шашуми феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 Оғози сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои XI параолимпии соли 2014 рӯзи 6 феврал вориди шаҳри Сочии Федератсияи Россия шуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 6 феврал мулоқоти дуҷонибаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар назар аст.

Дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз як қатор кишварҳо ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ  мулоқотҳои судманд анҷом хоҳад дод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

 Нимаи дуюми рӯзи 6-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар қароргоҳи Бачарово Ручей мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Владимир Путин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Сочи барои иштирок дар ифтитоҳи Бозиҳои ХХII зимистонаи олимпӣ арзи сипос карда,  доир ба муносиботи ду кишвари дӯст изҳори андеша намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин аз даъвати ӯ барои иштирок дар ифтитоҳи ин чорабинии ҷаҳонии варзишӣ изҳори қадрдонӣ намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, содироти маҳсулоти нафтии Россия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва сода гардонидани шароити будубош ва фаъолияти шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ шуд.

Сарони ду давлат ҳавасмандии ҳар ду ҷонибро ба густариши ҳамкории судбахш дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, илму техника ва ғайра таъкид доштанд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

 Мубодилаи санади тасвибӣ миёни Тоҷикистону Россия

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар — Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров Протокол  доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин Созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.

Тавре зикр гардид, кунун марҳилаи сифатан нави ҳамкории Тоҷикистону Россия оғоз ёфт. Владимир Путин, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон, бешубҳа, аз шарикони афзалиятноки стратегии  мо аст ва шодам аз имкони мулоқот ва суҳбати имрӯза.».

www.president.tj