Амале, ки чанде пеш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад, аниқтараш, кумаки моддӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва оилаҳои зери карантин қароргирифтаро, метавон нишони олии ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқ номид.
Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри Истиқлол бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, ба мо низ маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орду равған, полезиву ғалладонагиҳо, ҷамъ 30 тонна ва 26 намуд маводи тиббӣ дастрас шуд, ки боиси рӯҳбаландии кормандони соҳаи тандурустӣ ва сокинон гардид.
Кумаки башардӯстонаи Пешвои миллатро, пеш аз ҳама, ба зиёда аз 200 корманди соҳаи тандурустӣ ва 12 оилаи муҳтоҷ тақсим кардем. Ин ва дигар ғамхориву пуштибониҳо ҳар яки моро водор месозад, ки боз ҳам дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳидтар бошем.
Аз ин рӯ, мехоҳам барои ғамхорӣ арзи сипоси сокинони шаҳри Истиқлолро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам. Дуруст мегӯянд: сарваре, ки мардумро дар рӯзҳои вазнин танҳо нагузоштаасту намегузораду бо халқ ҳамдаму ҳамнафас аст, умраш дароз бод!
Муқаддас Алабердиён, муовини раиси шаҳри Истиқлол