Бо Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5 феврали соли 2014 кулли кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр, қабл аз ҳама занҳои кӯчарӯб, барои заҳматҳои хастагинопазирашон дар поксозии роҳҳои нақлиётӣ ва пиёдагард аз барф, ҳар кадоме бо кумаки якдафъаина дар ҳаҷми 1000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр қадргардонӣ карда шуданд.
6 феврали соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев наздик ба 400 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр чунин кумакпулиҳо супорида шуданд.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар сипосмандии хешро барои эҳсоси масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва шаҳрдӯстии ҳар кадоме аз кормандони ин соҳаи хоҷагидории шаҳр баён дошта, саҳми онҳоро дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳу пиёдагардҳо арзанда арзёбӣ намуд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар маҷмӯъ ба 2757 нафар кумакпулӣ супорида хоҳад шуд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз боқимонда кормандон дар ноҳияҳо бевосита аз ҷониби муовинони раиси шаҳри Душанбе — сарпарасти ноҳияҳо кумакпулиҳои пешбинишударо гирифтанд. Ҷамъулҷамъ барои ин амалкард аз буҷети шаҳр 2 миллиону 757 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Ш.САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе