Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии аграрии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаров ҳафтуми июни соли равон, ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёи Белаяи Уфа писараки ғарқшудаистодаро дида, барои наҷоташ талош кард партофт.
Илоҷе карда писаракро солим ба соҳил баровард, вале мавҷи об ӯро ба гирдоб кашид. Ҷасади ҷавонмарди 19-солаи тоҷикро баъди чанд соат ғаввосони Раёсати ҳифзи шаҳрвандии Бошқирдистон каме дуртар аз ҷойи ҳодиса ёфтанд.
Ҷавонмардии Ҳоҷимурод дар расонаҳои хабарии Бошқирдистон инъикос ёфта, боиси вокуниши сокинони ҷумҳурӣ гашт. Аз ҷумла, шаҳрванд Мария Ширшова ба волидайни Ҳоҷимурод изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфтааст: «Бо чунин фарзанд ифтихор кунед. Шумо ҷавонмарди ҳақиқиро ба воя расонидед. Ман ба ин ҷавону волидайни ӯ сари таъзим фуруд меорам. Илоҳо ҷояш ҷаннат шавад!».
Анжелика Бурлет ба наздикони Ҳоҷимурод таъзия баён намуда, волидайни кӯдакро барои бе назорат мондан сарзаниш кардааст. Зеро ин ғафлати онҳо боиси марги ҷавонмарде гардид.
- Ҳар як инсон ба олам бо рисолате меояд, вале баъзеҳо нишоне боқӣ намегузоранд. Иддае бо қаҳрамонӣ, ихтироот, мероси илмию бадеӣ ва корҳои хайр номашонро дар дафтари таърих сабт менамоянд. Ҳоҷимурод низ ҳаёти кӯтоҳро барои ҳифзи ҷони шахсе қурбон кард. Кӣ медонад, чаро Худованд ба хотири наҷоти кӯдак Ҳоҷимуродро аз байн рабуд? Шояд кӯдак оянда шахси намоён, Президенти Россия шавад. Назди падару модари ҷавони тоҷик сари таъзим фуруд оварда, барои рух додани фоҷиа таассуф хӯрад. Илоҳо ҷояш биҳишти ҷовидон бошад — навиштааст Любов Кучинская.
Ҷасади Ҳоҷимурод Қаландаровро рӯзҳои наздик ба деҳаи Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ меоранд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»