Ваҳдати миллӣ – кафолати осудагии давлат

№70 (4176) 13.06.2020

ВАХДАТИ МИЛЛИХалқи соҳибхиради тоҷик 23 сол муқаддам бо иттифоқу якдилӣ ба сӯи мақсади наҷиб – таъмини рушди устувор ва шукуфоии Тоҷикистон роҳ пеш гирифт. Он рӯз рӯзи оштӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллат буд. Воқеан, дар луғатҳо низ омадааст, ки иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад ваҳдат ном дорад. Аммо роҳи расидан ба сулҳ барои Тоҷикистон тахту ҳамвор набуда, тай карданаш барои мардум осон муяссар нагардид. Зеро то оғози музокирот таҷрибаи санҷидашуда вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Тоҷикистон ва дигаре иродаи халқи тоҷик. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 бо шарофати хиради азалии тоҷикон ва кӯшишҳои беназири Сарвари давлат дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпарасту миллатдӯст баъд аз ҷангҳои таҳмилӣ чанд давраи музокиротро гузаронида, ба ихтилофот хотима бахшиданд. Дар назди Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ иҷрои вазифаҳои хеле душвор — таъмини сулҳ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, сарҷамъ намудани миллат ва сохтмони давлатдории тоҷикон қарор дошт.

Лозим ба ёдоварист, ки музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 дар давлатҳои Афғонистон, Покис­тон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Россия ҷараён гирифта, барои расидан ба сулҳу субот 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, 40 санад ба имзо расида, тақдири ояндаи давлати тоҷиконро ҳал намуд. Илова бар ин, қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои барҳам додани муноқишаи тоҷикон нақши назаррас бозиданд.

Дар солҳои пурхатари ҷанги шаҳрвандӣ маҳз Эмомалӣ ­Раҳмон барои гуфтушуниди сулҳ бо мухолифин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, ба гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз бахшиданд. Дар ин ҷараён борҳо бо Президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ вохӯрда, дар бораи расидан ба сулҳ табодули андеша намуданд. Бурҳониддин Раббонӣ талошҳои Президенти кишварро дида, дар яке аз паёмҳояшон чунин изҳор намуда буданд: «Ман мехос­там бигӯям, ки бародари ман ­Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси тоҷик аст. Эмомалӣ Раҳмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст…».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳам зимни суханрониашон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрат шудани он барои Афғонистон 17 июни соли 2002 гуфта буданд: «27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад».

Акнун, 23-юмин солгарди Ваҳдати миллиро дар шароите пешвоз мегирем, ки бархӯрди манфиатҳо миёни давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳибӣ ба сарватҳои табиӣ ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон рӯз ба рӯз шиддат меёбад. Ба замми ин, терроризм ва экстремизм барои давлатҳо ба манбаи нави хатару таҳдид мубаддал гашта, дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср ва Афғонистон ҷангу кашмакаш идома дорад.

Ҳоло ифротгаройӣ ё экстремизм ба зуҳуроти глобалӣ табдил ёфта, гурӯҳу ҳаракатҳои террористие чун «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», равияи экстремистии «Салафия», ТЭТ «Ҳизби наҳзати ислом», «Ҷамоати даъват ва таблиғ», «Ихвон-ул-муслимин, «Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ», «Акрамия, «Ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ», «Аш-Шубоб», «Боко ҳаром», «Ансоруллоҳ» ба амнияту осоиштагии кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон, таҳдиди бевосита доранд. Ин ҷиҳат моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем, ваҳдату суботро ҳар чӣ метавонем, ҳифз намоем.

Зимнан, ҳодисаҳои нангини 4–16 сентябри соли 2015 кӯшиши табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳол нисбат ба миллати тоҷик бадхоҳӣ дошта, мехоҳанд бо дасти зархариду гумоштагон нақшаҳояшонро амалӣ созанд. Хусусан, истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернет ва тавсеаи табодули иттилоот ба воситаи расонаҳои электронӣ осебпазирии ҷавонон, ба ҳамин васила ваҳдати миллиро дар кишвар бештар намудааст.

Таассуфовар аст, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳам унсурҳои манфӣ вуҷуд доранд ва онҳо ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва суботи мамлакат халал ворид карда метавонанд. Коррупсия, маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ аз мушкилоти ҷомеа мебошанд. Миллат ҳам фурсати зиёд надорад, ки солҳои зиёд ин зуҳуроти номатлубро таҳаммул намояд. Бояд ба дарки он расем, ки душманон метавонанд аз маҳалгароӣ суиистифода намуда, миллатро ба муқобили ҳам ба шӯр оранд.

Ин ҷиҳат хурсандиовар аст, ки мардуми Тоҷикистон ғояҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои экстремистию террористиро қабул надоранд ва барои таъмини амну суботи мамлакат саъю талош меварзанд. Зеро таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард, ба такрори воқеаҳои гузашта имкон намедиҳад. Бовар дорем, ки ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат хоҳад буд. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба сифати як ҷашни тақвимӣ нест, балки фаротар аз он саҳифаи таърихест, ки ба ивази талафоти бузурги моддию маънавӣ, машаққат ва сабру таҳаммул насиб гардидааст.

Мурод аз ин гуфтаҳо мусоидат ба баланд гардидани ғурури миллӣ, бедории ҳисси ифтихор аз Ватани озоду соҳибистиқлол, худшиносӣ, боло гирифтани эҳсоси солими ватандӯстист. Таъкид бар он аст, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа, ваҳдати миллӣ, меҳнати ҳалолу софдилона ягона роҳи наҷоти давлату миллат дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир аст.

Фируз ГАДОЗОДА,

муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон