«Боигарии мамлакатро на танҳо бо такя ба захоири табиӣ, балки дар ҳолати тамоман мавҷуд набудани он захираҳо низ бунёд намудан мумкин аст. Захираи муҳимтарин инсон ба ҳисоб меравад. Давлатро кофист, ки замина барои шукуфоии истеъдоди одамонро фароҳам орад».
Маргарет Тэтчер,
Сарвазири Британияи Кабир (солҳои 1979-1990)
Дар ҷомеа, чун дар оила, мушкилиҳои ҳалталаб дар ҳоли афзудан мебошанд.Табиат бошад, барои инсони соҳиби заковат ҳама имконро додааст, ки дар муқобили онҳо истодагарӣ карда, бо истифода аз ақли солим роҳи ҳаллу фаслашонро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Ба ҳамин монанд, мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки моломоли мушкилиҳост. Рӯзе нест, ки масъалаи доғ пайдо нашавад ва онҳоро бо рӯҳафтода шудану ба воҳима афтодан ҳал кардан ҳаргиз имкон надорад. Ҳаёт бошад, мубориза аст. Мубориза бошад, кори заифон буда наметавонад. Бе ҷидду ҷаҳд ва иродаи қавӣ инсон ба дастоварде комёб намегардад. Сарбози номусаллаҳ дар майдони разм ба ҷуз нишони қулай чизе нест. Аз ҳамин хотир, бояд инсон аз овони хурдсолӣ дар рӯҳияи муборизӣ ба камол расад. Чӣ аз лиҳози ҷисмонӣ ва чӣ рӯҳоният тавонманд, обутобёфта бошаду дар муқобили ҳаводиси рӯзгор дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад. Дар баробари ҷисман пурқувват будан, одам бояд аз маърифат, илму донишҳои дунявӣ низ хуб огоҳ бошад. Фаъолу меҳнатдӯст ва зебоипарасту зиндагипарвар ҳам. Дар ин ҷода дар хазинаи бузурги мероси маънавии ҷаҳонии миллати тоҷик барои наслҳо мероси арзишманде нигоҳдорӣ мешавад, ки баҳравар гардидан аз он ба ҳалли мушкилу муаммои ҳаёт мусоидат менамояд.
Таъбире ҳаст бо номи «Ҳамқадами замон будан», ки дар худ маънии зиёдеро ғунҷондааст. Яъне, инсон бояд дар мутобиқат бо замон амал намуда, аз усулу шеваҳои ҷадид кор гирад. Ҳаёт ва талаботи замони муосир одамонро водор менамояд, ки барои беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ бо илмҳои замон ва техникаю технологияи ҳозиразамон мусаллаҳ бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Ин иқдом хеле муҳиму саривақтӣ аст, зеро бидуни аз бар намудани фанҳои дақиқ пешравиро дар ҷомеа интизор шудан ғайриимкон аст. Мавриди зикр аст, ки дар баробари дигар иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти кишвар, саноатикунонии мамлакат аз масъалаҳои ҷиддӣ ва муҳим маҳсуб меёбад, ки дар ҳаёт татбиқ намудани он донишу малакаи бузурги фикрию кории аъзои ҷомеаро тақозо менамояд.
Аз тарафи дигар, ҳеҷ мумкин нест, ки дар дилхоҳ ҷомеа насли ҷавонро таваҷҷуҳ сирф ба як самт ё як фану соҳа бошад. Инсонҳо ҳам чун гулу гиёҳ дар табиат бо хосиятҳои фарқкунанда сар ба олами ҳастӣ боло мекунанд. Дар ҳар кадом аз онҳо меҳри ин ё он касбу пеша бо хун ва ирсият ва аз замони дар батни модар будан ташаккул меёбад. Чунончӣ, яке ба рассомӣ, дигаре ба адабиёт, сеюмин ба муҳандисию корҳои кишоварзӣ майл доранд. Муҳим дарёфту такомулу тарбия намудани истеъдодҳо ва сафарбарии онҳо ба самтҳои заруристу бас, ки ин аллакай худ бурди ҷомеа мебошад. Ҷомеаро фарзандони он месозанд, пеш мебаранд, рушд мебахшанд ва ободу пешрафта мегардонанд. Аз ин рӯ, тақдири ояндаи ҷомеаҳо, рушд кардан ё накардани онҳо дар дасти аъзои он мебошад. Наврасону ҷавонони дигар кишварҳо аз ҳамтоёни тоҷики худ ҳеҷ бартарӣ надоранд. Шумораи зиёди ғолибони озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳисоби хонандагони болаёқати тоҷик далели ин гуфтаҳост. Бурди дигари ҷумҳурӣ дар он аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо қисмати зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳам сарвати бебаҳост. Ақидаҳое низ мавҷуданд, ки гӯё дар ин самт қариб кӯшише ба чашм намерасад ва коре анҷом дода нашудааст. Ҳол он ки бо таъсиси донишкадаю донишгоҳҳои самти фаъолияташон гуногун дар ҷумҳурӣ, баҳри роҳандозии ҳадафҳои саноатикунонӣ заминаи хуб фароҳам омадааст, ки метавонанд бо тайёр кардани мутахассисони варзида оянда барои хоҷагии халқи мамлакат маблағҳои бузурги самти бунёди биноҳои замонавии мактабу дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илмро даҳчанд баргардонанд.
Бешубҳа, на ҷои афсӯс, балки мояи ифтихор аст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати шеърдӯст эътироф гардидааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар баробари ин беҳтарин аз ихтирооту кашфиёти ҷаҳониро дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла тибу ситорашиносӣ, маҳз фарзандони ҳамин миллати шеър, чун Сино, Берунӣ, Ал – Хоразмӣ ва дигарҳо анҷом додаанд, ки мутаассифона, баъдан бо гузашти фосилаи зиёди вақт ба намояндагони миллатҳои дигар нисбат дода шудаанд. Таҳрифи таърих номумкин аст, балки он дилхоҳ таҳрифкорро метавонад дар ҳолати муттаҳамӣ монад.
Дар баробари ин ҳама, миллати тоҷик миллати тамаддунофар ва аз меъморони аввалин дар самти шаҳрсозӣ маҳсуб меёбад. Фақат зарур аст, ки ба гузашта бо нигоҳи ақлонӣ назар андозем ва қудрату қобилияти зотиро дуруст дарёбем.
Дар ин кори хайр ва ҷомаи амал пӯшидани мақсаду ниятҳои созандаю ватандӯстонаи роҳбарияти кишвар, қабл аз ҳама, саҳми омӯзгорон хеле муҳим мебошад. Бидуни омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои дониши баланду кадрҳои баландихтисос ба ҷое расидан мумкин нест. Рушд бахшидан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзиёт, фанновариҳо, кор бо технологияю таҷҳизоти муосир кафолати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбанд. Бедор намудани шавқу рағбат ба фанҳо дар ниҳоди ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки онҳо оянда дилпурона аз пайи ихтироъ ва кашфиётҳои илмӣ гарданд. Бе омӯзиши ин ҳама, сарфаҳм рафтан ба умқи технологияи муосир имконнопазир аст. Дар сурати муваффақ гардидан, қабл аз ҳама, дар ҷомеа мушкилоти рақами як – нарасидани ҷойҳои корӣ ва гирифтани пеши роҳи арзон ба фурӯш рафтани қувваи кории муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар мамолики хориҷ ҳаллу фасл пайдо намуда, Тоҷикистон аз кишвари воридоткунанда ба содироткунанда табдил меёбад. Андешаҳоямро мехоҳам, бо суханони Тони Блэр, собиқ Сарвазири Британияи Кабир, ки гуфтааст: «Британияи Кабир таърихи бузургро соҳиб аст, вале мо наметавонем, ки дар осорхонаҳо зиндагӣ намоем, балки метавонем одамонро пушти компютерҳо шинонем», ҳусни анҷом бубахшам ва бо сари баланд баён дорам:
- Миллате, ки сарфи назар аз ҳама мушкилоти сиёсию иқтисодӣ, тавонист, ки ба бунёди сохтмони аср — НБО «Роғун» ҷуръат пайдо намояд, ҳатман ба корҳои аз ин бузургтар қодир аст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»