Бо мақсади дастгирии табибон ва беморони гирифтори коронавирус (COVID — 19) фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ (масъулони гурӯҳи «Кӯлоби ман») ба беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва Маркази безараргардонии шаҳру минтақаи Кӯлоб лавозимоти беҳдоштӣ кумак карданд.
- Он аз 12 номгӯй лавозимоти беҳдоштӣ, аз қабили либосҳои муҳофизатӣ 225 адад, респираторҳои махсуси тиббӣ — 216, айнакҳои тиббӣ 225 адад, дастпӯшакҳои тиббӣ 52 қуттӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ (100 мл) 1000 адад, маҳлули спирт (70 фоиза) 50 литр, таҷҳизот барои безараргардонӣ 26 адад, мӯзаҳои махсуси тиббӣ — 50, ниқобҳои тиббии бисёркарата 1000 адад, моддаҳои безараргардонӣ (хлор) 75 кг ва ниқобҳои тиббии яккарата 12000 адад иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маводи беҳдоштӣ ба беморхонаҳои минтақаи Кӯлоб тақдим карда шуд, — изҳор намуд Асрор Мирзоев, яке аз ташаббускорони иқдом.
Бояд гуфт, ки ин дуюмин иқдоми хайриявии фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба беморхонаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб мебошад.
Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»