Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили умумиҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ барпо мегардад.
Омодагӣ ба он чӣ гуна ҷараён дорад? Бо ин савол ба раиси ноҳия Тоҳир Ғайратзода муроҷиат кардем. Ӯ гуфт:
- Боиси хурсандиву ифтихор аст, ки таҷлили 23-юмин солгарди иди барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ басо азиз, иде, ки ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ баъди даргириҳои сиёсӣ сулҳу ваҳдати комил овард, тибқи дастури Пешвои миллат дар ноҳияи мо баргузор мегардад.
Анъанаи нек аст, ки ба истиқболи идҳо, баробари шодиву сурур, иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд. Дар рӯзҳои таҷлили 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ ба нақша гирифтем, ки якчанд иншоот, аз ҷумла мактабу кӯдакистон, қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, толори варзишӣ, бинои маъмурии ҲХДТ, идораи адлия, майдони Парчами давлатӣ, муҷассамаи «Пахтаи шукуфон» ва боғи фарҳангиву фароғатиро ба истифода диҳем.
Мактаби нав дар шаҳраки Ганҷобод аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо харҷи 12 млн. сомонӣ барои 650 хонанда дар як баст сохта шуда, иҷрои корҳои сохтмониро бинокорони ширкати «Сохтмон — 3» ба зимма доранд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, мактаб дорои толори варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхона ва ғайра аст.
Боиси хурсандӣ аст, ки дар ободонии ноҳия соҳибкорони маҳаллӣ саҳми муносиб доранд. Чунончӣ, бо иқдоми соҳибкорон Оймаҳмад Шарифов ва Сафия Ҳасанова дар деҳоти «Палдорак» ва шаҳраки Бӯстон сохтмони муассисаҳои томактабӣ шурӯъ шуд.
Муҷассамаи «Пахтаи шукуфон», ки рамзи ноҳия аст, дар шаҳраки Бӯстон бунёд шуда, баландии сутунпояаш 10 метр, паҳноии пахтаи шукуфон 5 метри мураббаъ, баландии умумии иншоот 17,4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои сутунпоя ва поёни пахта кураи замин ва дар рӯи он навиштаҷоти «Ноҳияи Мастчоҳ» дарҷ гардидааст. Эъмори муҷассама рамзӣ мебошад, зеро Мастчоҳ яке аз калонтарин ноҳияи пахтакори вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Дигар аз иншооти мавриди истифода қарормегирифта бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия ва идораи адлия мебошад. Бинои ҲХДТ бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорону аъзои ҳизб, бинои нави идораи адлия бо маблағгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.
Иншооти Қасри фарҳанг дорои 1000 ҷои нишаст буда, лоиҳаи он аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода шуда, барои корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозӣ беш аз 30 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи замонавӣ низ мадди назари мост. Он бо 10 000 ҷои нишаст бунёд гардида, чорабиниҳои асосии фарҳангӣ дар он баргузор мегарданд. Барои бунёди он, тибқи лоиҳа, 11 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ «Сохтмон» — и ноҳия мебошад.
Бо боварии том гуфта метавонам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ аз имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд, то Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд баргузор гардад.
Таҳияи Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Иномҷон Рабиев