Дар ин бора раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ иттилоъ дода, изҳор намуд, ки ҷиҳати амалисозии «Барномаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» дар кӯчаву маҳаллаҳои маркази вилоят нуқтаҳои партов навсозӣ ва бо қуттӣ таъмин мегарданд.
Дар доираи лоиҳаи он, ҳамчунин, 11 техникаи махсуси коммуналӣ барои интиқоли партов дастрас гардида, бунёди мошинсаро ва бозсозии бинои хоҷагии манзили коммуналии шаҳр дар назар аст.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»