Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.

№73 (4179) 20.06.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 июни соли 2020, № 1558