Ҷашнвора

Умр ду боист дар ин рӯзгор

№16 (3162) 15.02.2014

ХасанОлими маъруфи тоҷик, мудири кафедраи Идоракунии давлатии иқтисодиёт ва молиёти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муним Ҳасанов ба шасти камолоти умри пурбаракаташ мерасад. Ӯ дар зиндагӣ ҳар чиро ба даст  овардааст, ба ҳар мансабу мансаде, ки соҳиб шудааст, бо саъю кӯшиши шахсӣ, бидуни кумаки нафаре  расидааст ва аз ин ифтихор дорад. Ҳаёти  ибратбахши ин марди наҷиб барои ҷавонон ва донишҷӯён намунаи ибрат хоҳад буд.

Мунимҷон дар дусолагиаш аз модар ятим монда, дар парастории падар ва бобояш мулло Ҳасан монд. Албатта, падару бобояш ӯро ғамхорона тарбия мекарданд. Бо вуҷуди ҳама меҳрубониҳо, набудани модари меҳрубонаш ҳис мешуд. Вақте ки ақлаш мегирифтагӣ шуд, аз падару бобояш нишонаҳои модарро пурсуҷӯ кард. Баъзан шабҳо сар бо кӯрпа пӯшонида зор- зор мегирист.

-Шояд модарамонро дар тифлӣ ғам додем? Шояд нагузоштем, ки лаҳзае хоби роҳат кунад, -аз дил  мегузаронид ӯ:

Бубахшо, модаро, хобат  надодам,

Шаби торику маҳтобат  надодам.

Зи дасти ман ғами дунё  кашидӣ,

Вале ман косаи обат надодам.

Муним Ҳасанов зодаи шаҳри Истаравшани бостонӣ буда, пас аз  хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3- юми зодгоҳаш бо ҳидоят ва дастгирии бобояш ба факултети сохтмони саноативу шаҳрвандии Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) дохил шуд. Солҳои донишҷӯйӣ барои ӯ ҳам мушкилиҳо пеш меоварду ҳам шодию нишот. Азбаски ташнаи илм буд, аз пайи донишандӯзӣ рафт ва бо баҳои хубу аъло хонда, чун донишҷӯйи фаъол  дар назди омӯзгорон ва шарикдарсонаш соҳиби обру ва ҳурмат гардида буд.

Ҳамсабақи солҳои  донишҷӯияш, ҳоло раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Абдувалӣ  Комилов айёми тиллоии умрашонро ба хотир оварда, менависад:

«Соли 1971 мо бо Мунимҷон Ҳасанов ба факултети сохтмони саноативу шаҳрвандии Институти политехникии Тоҷикистон дохил шудем. Мунимҷон донишҷӯйи болаёқату аълохон ва серғайрат буданд. Ёд дорам, ҳангоми гузаронидани таҷрибаи геодезӣ мо — се нафар донишҷӯён аз шаҳри Хуҷанд- марҳум Обидҷон Мамадҷонов, камина Абдувалӣ Комилов, Шукруллохон Сайфиев ва се нафар донишҷӯён аз шаҳри Истаравшан- Муним Ҳасанов, Абдувалӣ Ваҳҳобов ва Тоҳир Файзуллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода, бо истифода аз кумак ва донишу малакаи якдигар таҷрибаомӯзиро дар сатҳи баланд ба анҷом расонидем. Дар вақти таҷрибаомӯзӣ донишу фаҳмиши баланд доштани М.Ҳасанов аён гардид ва беҳуда он кас аз курси якуми донишҷӯйӣ сар карда, гирандаи стипендияи аълохонҳо набуданд.

Соли 1974 лаёқатмандии он касро ба назар гирифта, ба Донишкадаи муҳандисӣ- сохтмонии Москва фиристониданд. Баъди хатми донишкада Муним Маҷидович дар вазифаҳои гуногуни омӯзгориву роҳбарикунандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баҳри тарбияи мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ саҳми бевосита гузошта, соҳиби шогирдони зиёд ҳастанд.

Имрӯз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муним Ҳасановро ҳамчун мутахассиси кордон ва пуртаҷриба хуб мешиносанд, чунки ҳар як вазифаи ба уҳдаашон гузоштаро бо маҳорати баланди касбию содиқона ба нафъи ҷамъият  иҷро мекунанд».

Муним Ҳасанов ҳангоми таҳсил дар шаҳри Москва низ номи тоҷику Тоҷикистонро ба хониши  аълояш баланд бардошт. Он солҳо таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Москва  барои ҷавонони музофотӣ танҳо орзую ҳавас буд, вале Муним ин шарафро сазовор гардид. Пас аз хатми бомуваффақияти институт ӯ соли 1976 ба сифати ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмони Институти политехникии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Вале чун ташнаи илм ва омӯзиш буд, дубора ба шаҳри Москва рафта, солҳои 1978- 1982 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва таҳсил кард. Баъди хатми он рисолаи  илмиро ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шуд.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Муним Маҷидович Ҳасанов тӯли 27 сол (бо танаффус) чун корманди доимӣ, солҳои 1996- 1997 ва 2003- 2007 ба ҳайси ҳамкор дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар вазифаҳои ассистент, омӯзгори калон, дотсент ва мудири кафедра, декан оид ба тайёр намудани мутахассисон дар асоси  шартнома ва ходими калони илмӣ фаъолият кардааст. Давоми ин солҳо шогирдони  зиёдеро тарбия намудааст,  ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.

Олими шинохтаи тоҷик Муним Ҳасанов муаллифи 353 кори илмӣ, илмию оммавӣ, илмию методӣ ва методӣ, аз ҷумла ду китоб мебошад. Мақолаҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, дар Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Украина, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Шветсия ба нашр расидаанд. Китоби ӯ «Қарзи хориҷӣ: равандҳои ҷаҳонӣ ва замимаи онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон» ғолиби озмуне, ки Маркази патентию иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуда буд, дониста шуд, ки он таҳқиқоти илмии ягона дар кишвари мо оид ба масъалаи қарзи хориҷӣ ва фишангҳои ҳалли он ба ҳисоб рафта, ду бор (солҳои 2002 ва 2004) ба нашр расидааст.

Бо пешниҳод ва роҳбарии бевоситаи ӯ баъзе тадқиқотҳо ва пешниҳодҳои илмӣ дар амал татбиқ шуданд. Муним Ҳасанов ҳанӯз аз нимаи дуввуми солҳои 90- уми асри гузашта дар як қатор мақолаю маърӯзаҳояш ташкил намудани Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро асоснок карда буд. Ин пешниҳод дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта шуд ва дар асоси он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №590 ба имзо расид ва ин кумита чанд сол боз фаъолият дорад.

Чун олими ботаҷриба дар 169 ҳамоиш, конфронс, семинарҳои илмӣ ва илмию методӣ, ки 72- тои онҳо сатҳи байналмилалию минтақавӣ буданд, иштирок ва бо маърӯзаю гузоришҳои илмӣ баромад намудааст. Ӯ худ поягузор ва ташкилкунандаи силсилаи чорабиниҳои илмию назариявӣ ва илмию амалӣ мебошад. Аз ҷумла бо ташаббуси бевоситаи Муним Ҳасанов конфронсҳои байналмилалӣ «Худидоракунии маҳаллӣ:  назария, амалия ва таҷрибаи ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон» (соли 2014) ва «Ҷанбаҳои иқтисодию ҳуқуқии идоракунии қарзи хориҷӣ»  (соли 2005), семинар- машваратҳои байналмилалӣ «Масоили такмили идоракунии сохтмон» (соли 1987) ва «Такмили системаи идораи истеҳсолоти сохтмонӣ» (соли 1978), конфронсҳои ҷумҳуриявӣ «Маҷмӯи сармоягузорию сохтмонии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ: аз масоил ба ҳалли онҳо» ва «Масоили иқтисодию экологӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» (соли 2014), «Гузариш аз назария ва амалияи ҳавасмандгардонии болоравии  иқтисодӣ ба консепсияи рушди инсон: аз муайян намудани масоил ба ҳалли онҳо» (соли 2008), «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии сохтмон» (соли 1986) ва «Масоили такмили идоракунии маҷмӯи сохтмонии ҷумҳурӣ» (соли 1984), семинарҳои «Рушди ҳамкории иҷтимоӣ. Менеҷмент дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «Назарияи умумии менеҷмент: масоил ва хусусиятҳои омӯзонидан» (соли 2004) гузаронида шудаанд.

Донишманди ҷӯянда Муним Ҳасанов солҳои 1991- 1992 дар Академияи давлатии идоракунии Москва таҷрибаомӯзии илмӣ гузашта, соли 1995 дар асоси Барномаи муштараки  Донишкадаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва СММ оид ба рушди саноат UNIDO дар Донишкадаи муттаҳидаи Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд JVI, ки дар Вена (Австрия) воқеъ мебошад, такмили ихтисос намудааст.

Мавсуф дар чорабиниҳои сершумори таҳсилотию илмии байналмилалӣ иштирок кардааст, аз ҷумла соли 2003 дар семинари Донишгоҳи Пурду (Калифорния, ИМА) ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Идоракунии рушди соҳибкорӣ», соли 2007 дар семинарҳои таълимии «Роҳ ба такмил: арзёбии тадқиқот дар соҳаҳои илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ»-и Хазинаи илмии Аврупо ESF (Бишкек, Қирғизистон) ва Донишкадаи Бонки Умумиҷаҳонӣ (Анталия, Туркия).

Муним Маҷидович дар баробари корҳои педагогӣ ва тадқиқотҳои илмӣ, чанд соли охир ба корҳои роҳбарӣ- давлатӣ гузашта, бомуваффақият кор кард. Ӯ солҳои 1996- 1997 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муовини мудири шуъба оид ба робита бо кишварҳои аъзои ИДМ, солҳои 1997- 1998 ба ҳайси мушовири раиси Ширкати давлатии «Тоҷиксармоягузор» ва соли 2000 ба сифати мушовири вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки М.Ҳасанов моҳи августи соли 2003 тариқи озмун ба ҳайси мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) пазируфта шуда, ҳамчун асосгузори ин кафедра то ба имрӯз кор мекунад. Чунин шахсон — фидоиёни илм як ҷо  нишастанро  намепазиранд. Ӯ чун ҳамкор дар Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мудири шуъба ва солҳои 2011- 2013 ба ҳайси ходими пешбари илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Барои саҳми босазояш дар кори гузаронидани тадқиқоти илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Муним Ҳасанов соли 1991 узви Ассотсиатсия оид ба  идоракунии лоиҳаҳои Федератсияи Россия, соли 1998 намояндаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ин ассостсиатсияи бонуфуз таъин ва соли 1994 бошад, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Заҳматҳои бенуқсон ва бисёрсолаи олими маъруф Муним Ҳасанов дар соҳаи илму маориф ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2004), ордени «Шараф» дараҷаи II (соли 2009), бо ду Ифтихорномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005-2009) ва Ифтихорномаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) қадрдонӣ шудааст.

Ба шастумин солгарди умраш нигоҳ накарда, Муним Ҳасанов имрӯзҳо дар вазифаи масъулиятнок -мудири кафедраи Идоракунии давлатии иқтисодиёт ва молиёти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Инак, аз он рӯзи  фархунда, ки тифли кӯчаке ба дунё омад, шаст баҳору шаст зимистон гузашт. Қаҳрамони мо тӯли ин қадар солҳо ба комёбиҳои зиёди назаррас ноил шуд. Кош, модари ҷавонмаргаш дар қайди ҳаёт мебуд ва аз комёбии фарзанди фарзонааш- Мунимҷони олим фахр мекард. Бигузор рӯҳи поки модар ором бошад. Фарзандаш олим ва роҳбари кордон дар ин вақти сипаришуда дуои хайри ҳазорҳо модаронро  гирифтааст.

Танҳо мемонад, ки аз  забони Шайх Саъдӣ гӯем:

Марди хирадманди  ҳунарпешаро,

Умр ду боист дар ин рӯзгор.

То бо яке таҷриба омӯхтӣ,

Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»