Дар сӯги Генерал, ходими давлатию ҷамъиятӣ Абдуҷаббор Шамсзода

№74 (4180) 23.06.2020

DSC_0577Хабар омад, ки рафт он ёри дерин,

Ғаме дар синаам омад ба фарёд.

Ки буд ӯ қаҳрамони достонам,

Азизу меҳрубону некбунёд.

 

Саросар сафҳаи умри ҷавонмард,

Нигоришҳои рангин аз набард аст.

Ҳама ҳастӣ ба ҳифзи мулк дода,

Барои хештан чизе накардаст.

 

Агарчи буд генероли ҳукумрон,

Ҳама ҳукмаш ба нафъи ҳифзи қонун.

Гаҳе нозир, гаҳе суду муфаттиш,

Намонда ӯ қадам ноҷоя берун.

 

Тафохур менамуд бо завқи афзун,

Ба амри дил ба фармони Ватан бош.

Адӯи саркаш ар таслим нагардад,

Ба ҳифзи номуси худ теғзан бош.

 

Тафохур менамуд, оре тафохур,

Ба истиқлоли миллат бовафо монд.

Бидида хидматаш Пешвои миллат,

Вакили парлумони миллаташ хонд.

 

Тафохур менамуд умре ба Сарвар,

Ба чандин маснади олӣ бихондаш.

Зи аскарбачаи ҳушёру зирак,

Ба унвони генеролӣ расондаш.

 

Чу имсол рафт аз мо он диловар,

Магар ҷаҳду талошаш нотамом аст?

На, ҳаргиз! Зиндаву ҷовид бувад ӯ,

Умеди зиндагияш бардавом аст.

 

Чу бикшоям китоби достонам,

Баҳои Ҳақназар ояд ба гуфтор.

Тавозуъ мезанам бар килки шоир,

Ҳама ҳарфаш саросар ҳаст пиндор.

 

Усмон ОЛИМ, Корманди шоистаи Тоҷикистон