Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли 1998 таҳти №1015 фармон «Дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ба тасвиб расид, ки мувофиқи он ҳар сол 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Замоне ки фарзанди фарзонаю ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ҷумҳурӣ дар вартаи даргирӣ қарор дошт. Ҷангу кашмакашиҳои бемаънӣ авҷ гирифта буду якпорчагии мамлакат зери хатар қарор дошт. Сарвари давлат хиради азалиро пеша карда, аз рӯзи аввали ба фаъолият шурӯъ кардан, бо тадбирҳои хирдмандона ва созанда, баҳри аз вартаи фалокат берун баровардани мамлакат, ба Ватан баргардонидан ва сарҷамъ намудани гурезагон нақшаи мукаммалро роҳандозӣ намуданд ва якҷо бо халқи шарифи тоҷик муваффақ гардиданд.
Соли ҷорӣ халқи созанда, бунёдкор ва куҳанбунёди кишвар бистусеюмин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Маҳз ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвар устувор ва боиси шукуфоию пешравӣ гардид. Хушбахтона, ҳоло дар мамлакат оромию осудагӣ ҳукмфармост. Байни мардум якдилӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор аст.
Шоёни зикр низ ҳаст, ки баъди қабули Конститутсия қонунҳое таҳия ва қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Ҳамчунин, нақши санадҳое, ки дар рафти гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485), қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) ва таъсиси парлумони думаҷлиса — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият бахшиданд.
Инчунин, пас аз қабули Конститутсия зарурати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигар фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзимдароваранда ба миён омад. Бо ин мақсад 1 — уми декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбӣ» қабул карда шуд, ки бар асоси он ислоҳот то ба ҳол идома дорад. Соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ» ва ғайраҳо қабул шуданд.
Бо қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори судии мамлакат ба танзим дароварда шуд.
Аз ин лиҳоз, Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши воло маҳсуб меёбад, ки эҳтиром ва пос доштани он аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос масъулияти баландро тақозо менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳоло дар ҷаҳон ҳама эътироф мекунанд ва дастоварди нодир меҳисобанд. Итминон дорем, ки дар фазои кишвар пойдор мемонад.
Ҳар шаҳрванди кишвар набояд ҳаводиси таърихии муҳим ва тақдирсозе чун парокандашавии давлати Сомониён ва ноодилона тақсимбандӣ шудани ҳудудҳои Осиёи Миёнаро дар ибтидои қарни XX фаромӯш созад. Аз он ҳаводиси талх ва фаромӯшношуданӣ сабақ гирифтану хулосаи зарурӣ баровардан баҳри ташаккул ва таҳкими ваҳдат ва андешаи миллӣ ниҳоят муҳим аст. Инчунин, бояд зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ ба осонӣ муяссар нашудааст. Пас, зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бузурги таърихӣ расем ва баҳри таҳкиму поянда нигоҳ доштанаш якҷо кӯшиш намоем.
А. ХАЙРИДДИНЗОДА, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон