Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонун «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав қабул гардид

№76 - 77 (4182 - 4183) 27.06.2020

Бисту чоруми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

DSC_2523 — копия РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 63 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширини Шодӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Салимова Л. Ҷ.»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ. К.»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Холиқзода Ҳ.Ҳ.»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Холиқзода Ҳ.Ҳ.»

9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Накҳатзода М. К.»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»

14. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»

18. Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

19. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ»

20. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Азимӣ З. И. аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Салимзода С. Ғ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

22. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Давроншоҳиён Р. Д. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Аҳмадзода Ф. З. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

24. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Аҳмадзода Ф.З. ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

25. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Файзуллозода Х. Т.»

26. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонзода З. Б.»

27. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Ҳасанзода А. С.».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷамолиддин Камолович» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бинобар ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 18 июни соли 2020, №1558».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Салимова Лола Ҷумаевна» оғоз менамоем.

Марҳамат, Ализода Зариф, идома диҳед.

Ализода Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Салимова Лола Ҷумаевна бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 18 июни соли 2020, №1559».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Салимова Л. Ҷ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷамолиддин Камолович» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Ализода Зариф, идома диҳед.

АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 18 июни соли 2020, №1560».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ. К.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло» шурӯъ мекунем.

Марҳамат, Ализода Зариф.

АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини раиси Бонкии миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 июни соли 2020, №1562».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ. Ҳ.» шурӯъ мекунем.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» оғоз менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия баровардани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» шурӯъ мекунем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» оғоз менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Накҳатзода Моҳбону Киромиддин» оғоз менамоем.

Доир ба масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Накҳатзода Моҳбону Киромиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 июни соли 2020, №1563».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Накҳатзода М. К.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ! Бо камоли сарфарозӣ ба муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти самарабахши қонунгузорӣ супорида, барояшон дар иҷрои вазифаи нави масъулиятнок муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

(Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ба роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои эътимод, боварӣ ва ҳамкорӣ тӯли солҳои вакили Маҷлиси намояндагон буданаш изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонд, ки дар иҷрои вазифаи масъули ба зиммаашгузошта таҷрибаю малакаи дар Маҷлиси намояндагон омӯхтаашро самаранок истифода хоҳад бурд).

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ муайян гардида, ваколати назорати суғуртавиро амалӣ менамояд. Дар ин давра, аз ҷониби Бонки миллӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла, дар самти такмили қонунгузории фаъолияти суғуртавӣ, чораҳои муайян андешида мешаванд, зеро мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти суғуртавӣ барои таъмини ташаккулёбии соҳа ва рушди босуботи он муҳим мебошад.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (соли 2016) монополияи суғуртаи ҳатмӣ бардошта шуда, ҳуқуқи ташкилотҳои суғуртавии ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯй, новобаста аз шакли моликият, ҷиҳати амалӣ намудани суғуртакунонии ҳатмӣ муқаррар карда шуд.

Ҳамчунин, тибқи қонуни амалкунандаи фаъолияти суғуртавӣ, муҳтавои ҳар як гурӯҳ дар шакли суғуртаи ҳатмӣ ва талаботи иловагӣ аз рӯи шартҳои гузаронидани он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи ҳатмӣ муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, №264 «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт» талаботи муосири соҳаи фаъолияти суғуртавиро таъмин карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти муқаррароти нави қонуни амалкунандаи фаъолияти суғуртавӣ, нокифоя будани танзими суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва зарурати мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва амалияи давлатҳои алоҳида омода карда шуд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки вобаста ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ мавҷуд набудани танзим дар сатҳи қонуни мукаммали махсус, мушкилот ба миён оварда, вобаста ба ин намуди суғурта рақобати солими ба манфиати суғурташавандагон нигаронидашударо маҳдуд мекунад. Чунин ҳолат монеи рушди бозори суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошад.

Қобили зикр аст, ки қонуни махсус вобаста ба суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар дигар давлатҳо, аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои ИДМ, мавриди амал қарор дорад ва дар онҳо механизми ин намуди суғурта таъмин шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» мақсадҳои асосии зеринро фарогир мебошад:

- инҳисор (монополия)-ро аз байн бурда, рақобати солимро дар бозори суғурта таъмин намуда, ташкилотҳои суғуртавӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бо роҳи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №211 «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» барои амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ пайдо мекунанд.

- қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои суғурташавандагон имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавиро медиҳад, ки дар натиҷаи он боварӣ ва эътимоди шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ба суғурта зиёд мегардад;

- дар навбати худ, ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади ҷалби мизоҷон фаъолияти ташвиқотиву таблиғотиро вусъат дода, барои пурзӯр намудани пардохтпазирӣ чораҳои зарурӣ меандешанд;

- дар натиҷаи пурзӯр гардидани рақобат, ташкилотҳои суғуртавӣ баҳри кам намудани мукофоти суғуртавӣ ва зиёд намудани ҷуброни суғуртавӣ кӯшиш менамоянд;

- дар баробари ин, лоиҳаи қонун манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагонро низ ба инобат мегирад. Аз ҷумла, хароҷот ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳодисаи суғуртавӣ кам гардида, маблағи пардохти зарар ба ҳаёт ва саломатӣ аз 100 ба 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҷуброни молу мулки ҷабрдидагон аз 50 ба 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мегардад. Инчунин, мукофоти суғуртавӣ вобаста ба навъҳои воситаҳои нақлиёт кам гардида, ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон накардаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд ва маъюбон имтиёз ҷорӣ мегарданд, ки ин ҳама ба зиёд шудани эътимоди суғурташавандагон такони ҷиддӣ мебахшад.

Барои ташкилотҳои суғуртавӣ шароит фароҳам мегардад, ки минбаъд маблағҳои худро бо шартҳои диверсификатсия, бозоргирӣ ва даромаднокӣ ба иқтисодиёт сармоягузорӣ намоянд.

Қоидаҳои назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, ки ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ машғул мешаванд, мукаммал мегарданд.

Дар баробари ин, фаъолияти иҷозатномадиҳии ташкилотҳои суғуртавӣ, вобаста ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ, бо лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда татбиқ мегардад.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро бо мамлакатҳои ҳамсарҳад дар бар мегирад.

Лоиҳаи қонун дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуд ва бо пешниҳодоти вакилони муҳтарам мукаммал ва саҳеҳтар гардид. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шодизода Парвиз Шодибой дода мешавад.

ШОДИЗОДА Парвиз Шодибой:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз қабули он таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт мебошад.

Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, №264 «Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт» амалӣ мегардад, айни замон ба талаботи муосири низоми суғурта ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули қонуни мукаммал дар ин самт муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муайян намуда, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт равона гардидааст.

Дар боби якум мафҳумҳои асосии дар лоиҳаи қонун истифодашаванда, принсип, объектҳо ва суғуртакунии ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт оварда шудааст. Боби дуюм ба масъалаҳои шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт равона гардида, фарогири моддаҳои аз 6 то 11 мебошад. Ин боб муносибатҳоро дар самти тартиби бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, амал ва ҳолатҳои қатъ гардидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои суғурташавандаю суғуртакунанда ва ҳуқуқҳои ҷабрдида ба танзим медарорад.

Бобҳои 3 ва 4 — уми лоиҳаи қонун фарогири муносибатҳо дар самти мукофот, маблағ ва пардохти суғуртавӣ буда, андозаи онҳо аз рӯи меъёри муайяншуда, шарт ва тартиби амалишавии пардохти суғуртавиро ҳангоми расонидани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ҷабрдида муайян менамояд.

Дар боби панҷум – «Муқаррароти умумӣ» тартиби ҳалли баҳсҳо вобаста ба шартнома, назорати амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмил 175 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 94 таклиф пурра ва 25 таклиф қисман қабул гардид.

Ҳабдаҳуми июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Бонки миллӣ, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифу пешниҳодҳои ироагардида баррасӣ ва лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Аз ҷумла, муқаддима, ному матни моддаҳои аз 1 то 3, аз 5 то 11 ва аз 13 то 18, номи боби 4, бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таҳрир гардиданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои дигар кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонуни зикргардидаро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуда, аз шумо — муҳтарам вакилон, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, бинобар он ки лоиҳаи қонун мукаммал аст, бояд тартиби овоздиҳиро муайян намоем. Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун яклухт ба овоз монда шавад. Онро ба овоз мемонам.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад. Аз рӯи масъала сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмад­зода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои банди 66 Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, пешниҳод мешавад.

Дар мулоқот Пешвои миллат бо ишора ба ҳолатҳои мушаххас дар амалияи низоми бонкӣ, ки боиси мушкилиҳои он гардидааст, эрод гирифта, зарурати андешидани чораҳоро доир ба масъалаҳои таъмини шаффофияти даромадҳои кормандони бонкҳо ва пешгирӣ намудани фаъолияти якҷояи хешу таборон махсус қайд намуданд. Дар робита ба ин, ба моддаи 79 қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қисмҳои 9 ва 10 илова шуда, уҳдадории кормандони Бонки миллӣ оид ба пешниҳоди маълумот дар бораи даромадҳои иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва пешниҳоди эъломия доир ба вазъи молумулкӣ ва даромадҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ карда шуд.

Инчунин, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои пешгирии бархӯрди манфиатҳо, қисми 3 моддаи 80 қонуни амалкунандаи Бонки миллӣ такмил дода шуд. Минбаъд, дар як вақт ба сифати узви мақоми идоракунии ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, молик ё идоракунандаи бовариноки саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ баромад кардани кормандони Бонки миллӣ манъ карда мешавад. Бо иловаи қисми 6 ба моддаи 80 бошад, фаъолияти якҷояи хешу таборони наздик, ки доираи онҳо мушаххас пешбинӣ шудааст, дар Бонки миллӣ иҷозат дода намешавад.

Тағйиру иловаҳо чораҳои пешгирии манфиатҷӯӣ ва омилҳои коррупсиониро дар низоми бонкӣ боз ҳам мустаҳкам ва назорати фаъолияти кормандонро пурзӯр менамояд ва рушди низоми бонкиро таҳким мебахшад.

Ҳамчунин, бо дарназардошти қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ, мақоми танзиму иҷозатномадиҳандаи ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, ба монанди ташкилотҳои суғуртавӣ, операторҳои низоми пардохтӣ ва дигарон муқаррар гардидани Бонки миллӣ, ба лоиҳаи қонун, сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 77 такмил дода шуда, салоҳияти Раёсати Бонк ҷиҳати қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, инчунин, дар бораи бозхонд, ­боздошт, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаҳои додашуда мушаххас пешбинӣ карда шуд. Бо тағйиру иловаи мазкур, ҳамоҳангии қонуни Бонки миллӣ ва қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин,ҷиҳати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо мутобиқ намудани муқаррароти моддаи 6 ва мушаххас намудани мазмуни муқаррароти моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои ишорашуда тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳрирӣ пешбинӣ шудааст.

Тағйиру иловаҳои бо лоиҳаи қонун пешниҳодшаванда, дар маҷмӯъ, барои мукаммал гардидани заминаи ҳуқуқии низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обидов Фозил Саидович дода мешавад.

Фозил ОБИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз қабули он мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар қисми 1 лоиҳа ба қисми 3 моддаи 6 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки мақсад мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» мебошад. Қисми 2 лоиҳа барои мукаммал гардонидани моддаи 22 қонуни амалкунанда, яъне, қарздиҳӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Дар қисми 3 лоиҳа қисми 1 моддаи 77 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав оварда шудааст, ки он ваколатҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ғайриқарзии молиявӣ, инчунин, бозхонд, боздошт, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаҳои додашударо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар қисми 4 лоиҳа пешниҳод гардидааст, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд ҳар сол дар бораи манбаъҳои даромади иловагии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Инчунин, тартиби эъломиякунонии андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин қисм ифода гардидааст.

Қисми 5 лоиҳа ба моддаи 80 қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳоеро дар бар мегирад, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва хизматӣ, инчунин, суиистифода аз мақоми хизматӣ пешбинӣ шуда, иштирокчӣ, молик ё идоракунандаи бовариноки саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявиро соҳиб шудани кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва фаъолияти якҷояи хешовандони наздикро дар Бонки миллии Тоҷикистон манъ менамояд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун, бо тартиби муайяннамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон, дар кумитаи масъул мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи ­масъала сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 ироа гардид, таҳия шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро бо қонунгузории амалкунанда ва стандартҳои байналмилаливу таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ҳамоҳанг менамояд, таклифу пешниҳодҳои мушовирони байналмилалиро низ фаро гирифтааст.

Бояд зикр намуд, ки дар мулоқоти мазкур мушкилиҳои низоми бонкии кишвар ва зарурати андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баён гардид. Аз ин рӯ, ҷиҳати бартараф намудани эродҳо ва пурзӯр кардани назорати бонкҳо, ба лоиҳаи қонуни мазкур 21 моддаи қонуни амалкунанда такмил дода, се модда дар таҳрири нав ва моддаи нав илова карда мешавад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор, аз ҷумла, «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Фононбонк», «Тоҷпромбонк» ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад.

Бинобар ин, бо лоиҳаи қонун моддаи нав бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ илова шудааст. Тибқи он, дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ доранд, инчунин, дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ дошта, кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун бо мақсади пешгирӣ кардан ва коҳиш додани хавфҳои ба амалиётҳои бо шахсони вобаста анҷомдодашаванда, назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бо дарназардошти ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии онҳо, такмил дода шудааст.

Инчунин, дар қисмати идоракунии корпоративии ташкилотҳои қарзӣ, ваколатҳои Шӯрои нозирон, талабот ба узви Шӯро, ваколату уҳдадориҳои Кумитаи аудит, тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ тибқи стандартҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ таҷдиди назар шудааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба рушди низоми бонкӣ, баланд бардош­тани боварии аҳолӣ, зиёд намудани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида пурзӯр намудани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо дарназардошти мутобиқ гардидани қонуни амалкунанда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», дар моддаи 1 лоиҳа мафҳуми «ташкилотҳои қарзии молиявӣ» илова гардид ва мафҳуми «низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода шуд.

Инчунин, ҷиҳати мутобиқ намудани мафҳумҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва бо дарназар­дошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар моддаи 2 қонуни амалкунанда мафҳумҳо дар лоиҳа илова гардиданд.

Тибқи таҳрири нави моддаи 21 беҳтар гардидани идоракунӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мақоми назоратии онҳо, яъне, Шӯрои нозирон, ки яке аз вазифаҳои муҳимро дар ташкилотҳои қарзӣ ба дӯш дорад, пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ, дар лоиҳа моддаи 241 илова карда шудааст.

Ба моддаи 25 қонуни амалкунанда қисми 3 ворид карда шудааст, ки пешниҳод намудани эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони ташкилотҳои қарзии давлатиро (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) муайян менамояд.

Дар лоиҳа моддаи 26 қонуни амалкунанда таҳрир гардидаст. Қисми 17 лоиҳа моддаи 33 қонуни амалкунанда, ки маҳдудияти сармоягузорӣ дар он инъикос ёфтааст, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳрир гардида, дар он тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ харидани коғазҳои қиматнок ё ҳиссаҳои шахсони ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ нестанд ва фурӯши онҳо, инчунин, тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ соҳиб шудан ба молу мулки ғайриманқул, тартиб ва муҳлати фурӯши онҳо, нишон дода шудааст.

Тағйиру иловаҳои дигар хусусияти таҳрирӣ дошта, қонуни амалкунандаро боз ҳам мукаммал мегардонанд.

Ҳабдаҳуми июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ гардид.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда ҷонибдорӣ ва барои мукаммал сохтани он 30 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки 15-тои он қабул шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» бо мақсадҳои зерин таҳия ва пешниҳод шудааст:

1. Ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои пурзӯр намудани назорат аз рӯи мушаххаскунии шахси воқеӣ ҳангоми интиқоли маблағҳо ба моддаи 4 қонуни амалкунанда қисмҳои 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 илова карда шуданд;

2. Мушаххас намудани асосҳо барои эътироф намудани низоми пардохтии аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим, ки барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ ҳангоми назорати низомҳои пардохтӣ ва муқаррар кардани талабот ба чунин низомҳои пардохтӣ мусоидат менамоянд. Дар робита ба ин, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷаи дуру наздик ба моддаи 20 қонуни амалкунанда тағйи­рот ворид карда шуданд;

3. Ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба тағйиру иловаҳои қаблан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» баамаломада дар лоиҳаи қонун истилоҳи «ташкилоти қарзӣ» ба «ташкилоти қарзии молиявӣ» иваз карда шуд;

4. Муқаррар намудани қоидаҳо барои роҳ надодан ба маҳдудсозии фаъолияти рақобатнок, коҳиш додани хавфи таҷаммӯъ ва пешгирии ҳолатҳои суиистифода аз мавқеи бартарӣ доштан дар бозори хизмат­расониҳои пардохтӣ. Бо ин мақсад, ба лоиҳаи қонун моддаи 201 «Таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ» илова карда шуд.

Тибқи иловаи зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ ҳиссаи зиёди ишғоли бозори хизматрасониҳоро муқаррар менамояд.

Инчунин, ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо, бартараф сохтани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, амалҳои марбут ба ришвадиҳии тиҷоратӣ ва суиистифодаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ваколатҳои хизматии худ гирифтани ҳар гуна мукофотпулӣ ва ҳавасманднамоӣ аз оператори низоми пардохтӣ, оператори хизмат­расониҳои инфрасохтори низоми пардохтӣ ва таҳвилгари таъминоти барномавию техникӣ бевосита ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ манъ карда мешавад. Ҳолате ба чашм мерасид, ки як ширкати хориҷӣ тавассути сохторҳои зертобеъ бо пешниҳоди хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо дар бозори чунин хизматрасониҳо мавқеи истисноиро ишғол намуда, бо роҳҳои ғайрирақобатӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро водор мекард, ки хизматрасониҳои бештари ширкатро истифода намоянд.

Инчунин, ширкати хориҷии мазкур барои пайвастшавӣ ба низоми худ ва пешниҳоди хизматрасонии интиқоли маблағҳо ташкилотҳои қарзии ватаниро бо роҳҳои ғайрирақобатнокӣ тавсия медод, ки аз дигар хизматрасониҳои ширкат, ба монанди таъминоти барномавии низоми автоматишудаи бонкӣ (АБС) ва протсессинги кортҳои пардохтии бонкӣ низ истифода баранд.

Бояд қайд намуд, ки талаботи дар тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар қонунгузории дигар давлатҳо низ воридкардашуда, пеш аз ҳама, барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар кишвар равона шудаанд. Илова намудани чунин талабот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боз ҳам мукаммал ва шаффоф шудани низоми бонкӣ ва дар навбати худ иқтисодиёти кишвар гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Бинобар ин, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович дода мешавад.

Ғиёсиддин АШУРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун ҷиҳати иҷрои нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар баробари ин, бо дарназардошти тавсияҳои ФАТФ қабули он барои тақвияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар ин самт ба талаботи тавсияҳои ФАТФ равона шудааст.

Иловаи моддаи 201 ба қонун ҷиҳати таъмини рақобати озоди иқтисодӣ дар низоми молиявӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии фаъолияти рақобатнок, коҳиш додани хавфи таҷаммӯъ ва пешгирии ҳолатҳои суиистифода аз мавқеи бартарӣ доштан дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, таҳвили таъминоти барномавию техникӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизмат­расониҳои пардохтӣ мебошад.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур боиси боз ҳам мукаммал, шаффоф шудани низоми бонкӣ ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, барои такмил 12 таклифу дархост пешниҳод карданд, ки аз онҳо 9 — тоаш қабул ва дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, таҳия шудааст.

Он бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои қонунвайронкуниҳо дар самти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, қочоқ, нархгузорӣ, рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниҳо аз ҷониби санҷишгар, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, расонидани зарари молиявӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ таҳия шудааст.

Мутобиқи лоиҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 4 моддаи (245, 274, 289, 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, ҷазои дар санксияи моддаҳои 245, 289 ва 314 дар намуди ҷарима, маҳдуд кардани озодӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинишуда пурзӯр карда мешавад.

Дар ном ва диспозитсияи моддаи 274 бо мақсади ягонагии истифодаи истилоҳот калимаи «Бадқасдона» ба калимаи «Барқасдона» иваз карда шуда, баъд аз калимаи «қоидаҳои» калимаи «нархгузорӣ,» илова карда шуд.

Мутобиқи тағйироти мазкур, минбаъд барқасдона вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер ё музояда, харидор ё дигар субъекти хоҷагидорӣ ба миқдори калон зарар расонидааст, асос барои ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

Ҳамчунин, бо моддаи 274 кодекси мазкур қисми 2-юм илова карда шуда, мутобиқи он, кирдорҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар он аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ё ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятии дар тафовут бо қисми якуми ҳамин модда нисбатан вазнинтар пешбинӣ карда мешавад.

Ба моддаи мазкур эзоҳ илова гардида, мафҳуми зарар ба миқдори калон ва махсусан калон бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад.

РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи он, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои қонунвайронкуниҳо дар самти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, барқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо (ауксион), қочоқ ва суи­истифода аз ваколатҳои мансабӣ пешбинӣ карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун, санксияҳои қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 245 – Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, санксияҳои қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 289 – Қочоқ ва санксияҳои қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 314 – Суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ бо дарназардошти пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ дар ин самт зиёд пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ном ва диспозитсияи моддаи 274 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «Бадқасдона» ба калимаи «Барқасдона» иваз карда, пас аз калимаи «қоидаҳои» калимаи «нархгузорӣ,» илова гардидааст. Ба моддаи номбурда қисми 2 бо бандҳои а) ва б) илова карда шуд, ки тибқи он кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; ва

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, — бо пешбинии ҷавобгарии дахлдор ва бо дарназардошти эзоҳи ҳамин модда дар алоҳидагӣ вобаста ба мафҳуми зарар ба миқдори калон ва мафҳуми зарар ба миқдори махсусан калон бо нишон додани андозаи он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2020, №117 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он 10 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 8 — тои он қабул гардид.

Кумитаи масъул 16 июни соли 2020 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо хоҳиш менамояд ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти нархгузорӣ, рӯйпӯш ё кам нишон додани маблағи пардохтҳои гумрукӣ, маблағи андоз ва дигар пардохтҳо таҳия шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 5981 ва 6051 илова гардида, моддаи 666 такмил ва дар таҳрири нав ифода карда мешавад.

Мутобиқи моддаҳои нави ба кодекс иловашаванда, яъне моддаи 5981. Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо, моддаи 6051. Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо, барои аз тарафи кормандони мақомоти гумрук, андоз ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохти гумрукӣ, маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 666 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ва ҳамбастагӣ бо тағйиру иловаҳои ба моддаи 274 Кодекси ҷиноятӣ пешниҳодшуда, такмил дода шуда, норасоии дар он ҷойдошта бартараф гардид. Тибқи ин такмил, минбаъд вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, дар баробари вайрон кардани баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо тендер ё музояда, харидор ва ё дигар субъекти хоҷагидорӣ зарар расонида шудааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад.

Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён дошта буданд.

Аз ин рӯ, тибқи лоиҳа ҷавобгарӣ барои қонунвайронкуниҳо дар самти рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз, маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо, вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ, тендер ё музоядаҳо пешбинӣ карда мешавад, ки минбаъд субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои дар лоиҳа зикршуда, кормандони гумрук, андоз, санҷишгарон ва шахсоне, ки қоидаҳои нархгузорӣ, савдои оммавӣ, тендер ва музоядаҳоро вайрон мекунанд, эътироф мегарданд.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли равон, №120 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмили он 9 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки 7 — тои он қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо мақсади муайян кардани тобеияти баррасии парвандаҳо таҳия шудааст.

Мутобиқи лоиҳа, ворид намудани тағйиру илова ба моддаҳои 93 ва 121 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ мешавад. Тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, суд дар доираи салоҳият парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 5981 ва 6051 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Роҷеъ ба ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он мутобиқ намудан ба талаботи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 майи соли 2020, №287 мебошад.

Аз ин рӯ, тибқи лоиҳа ба қисми 1 моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар қисми 1 моддаи 121 тағйиру илова пешниҳод гардидаанд, ки бо он мақомоти салоҳиятдор, ки чунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд, муайян карда шудааст. Аз рӯи лоиҳаи пешниҳодшуда, минбаъд баррасӣ ва қабули санадҳои судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 5981, 6051 ба зиммаи мақомоти судӣ вогузор мешавад.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли равон, № 121 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Тавре иттилоъ доред, бо эълон гардидани пандемияи бемории сироятии «COVID -19» аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аксар кишварҳои дунё бо мақсади ҳифзи сиҳатии ҷомеа тадбирҳои гуногуни ҳифозатиро барои пешгирии паҳншавӣ қабул ва амалӣ намуданд.

Роҳандозӣ гардидани тадбирҳо дар ин самт боиси маҳдуд шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷиддан коҳиш ёфтани гардиши савдо, аз фаъолият мондани корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои хизматрасонӣ ва муваққатан амалӣ нашудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ гардид.

Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани паёмадҳои таъсири манфии пандемия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии «COVID -19» ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 июни соли 2020 қабул гардид.

Ҷиҳати амалӣ намудани он аз ҷониби Вазорати молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» таҳия ва ба баррасии шумо, вакилони арҷманд, пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи он, ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019 қисмҳои 19 то 24 ворид карда мешаванд, ки он барои амалӣ намудани имтиёзҳои дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 пешбинигардида равона шудааст.

Аз ҷумла:

- аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 барои иншооти соҳаи сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ карда, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда мешавад;

- аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва хизматрасонии дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд;

- аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои шахсони воқеӣ вобаста ба пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътил пешбинӣ карда мешавад;

- аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти мавод барои истеҳсоли воситаҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либоси муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва мавод барои муайян намудани бемории сироятии «COVID -19» зарурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад;

- аз 1 июл то 31 декабри соли 2020 фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ ё табобат аз бемории сироятии «COVID -19» қарордошта аз пардохти андоз аз фоида (содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешаванд;

- аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар моддаи 127 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, 50 фоиз кам карда мешавад.

Бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои молиявӣ ва шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии паёмадҳои иҷтимоию иқтисодии бемории сироятии «COVID -19» ба роҳ монда шуда, дар ин самт мувофиқоти зарурӣ бо як қатор созмонҳо ба даст омадааст. Аз ҷумла, дар доираи чунин ҳамкориҳо аз Хазинаи байналмилалии асъор тавассути механизми қарзгирии оҷилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 189,5 млн. доллари амрикоӣ қарзи бефоиз ба муҳлати 10 сол, бо 5 соли имтиёзӣ ҷалб карда шуд. Инчунин, ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди авруосиёии рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ идома доранд.

Маблағҳои ҷалбшаванда барои бартараф намудани паёмадҳои иҷтимоию иқтисодии бемории сироятии «COVID -19», бахусус соҳаҳои иҷтимоӣ, масраф карда мешаванд.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич дода мешавад.

Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2020», илова намудани қисмҳои 18 — 23 — ро пешбинӣ менамояд.

Қисми 18 манъ намудани ҳисоби фоизҳои андозиро аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 барои иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия дар бар мегирад.

Дар қисми 19 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва хизматрасонии дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

Қисми 20 барои шахсони воқеӣ вобаста ба пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 таътил пешбинӣ менамояд.

Дар қисми 21 воридоти мавод барои истеҳсоли воситаҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либоси муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии «СOVID-19» зарурӣ, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Мутобиқи қисми 22, аз 1 июл то 31 декабри соли 2020 фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ ё табобат аз бемории сироятии «СOVID-19» қарордошта, аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, озод карда мешаванд.

Қисми 23 талаботи пешбининамудаи моддаи 127 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 50 фоиз кам карда мешавад.

Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2020 мавриди амал қарор дода мешавад. Лоиҳаи пешниҳодгардида бо мақсади дастгирии бахши хусусӣ ва пешгирии таъсири пандемияи вируси «СOVID-19» ба аҳолии кишвар таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд» оғоз менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 феврали соли 2020 ба имзо расида, маблағи он 1,8 млн. еврои грантӣ, баробар ба 2,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» 4,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 50 фоизи маблағ грантӣ ва қисмати боқимонда қарз мебошад.

Созишномаи қарзии лоиҳа моҳи майи соли 2018 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шудааст.

Маҷмӯан дар доираи маблағи ҷалбшуда хариди техникаи махсус барои баровардани партовҳои сахти маишӣ (881,0 ҳазор доллари амрикоӣ), хариди контейнерҳои махсус (180,0 ҳазор доллари амрикоӣ), техника ва таҷҳизот барои партовгоҳ (219,0 ҳазор доллари амрикоӣ), барномаи идоракунии махсуси компютерӣ (46,0 ҳазор доллари амрикоӣ), сохтмони партовгоҳи нав ва хокпӯш кардани партовгоҳи куҳна (2,26 млн. доллари амрикоӣ), азнавсозии идораи муассисаи коммуналии шаҳр (310,0 ҳазор доллари амрикоӣ), сохтмони нуқтаҳои махсуси партовгоҳ дар шаҳри Кӯлоб (80,0 ҳазор доллари амрикоӣ) ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз ёфта, анҷоми он то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хоҳиш менамоям созишномаи грантии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст,

Тасдиқ ва амалӣ гардидани он ба беҳтар шудани вазъи экологӣ ва санитарию гигиении шаҳри Кулоб мусоидат хоҳад кард.

Амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои дар созишнома пешбинишуда низоми мудирият дар корхона ва муомилот бо партовҳои сахти маишӣ, аз ҷумла, ҷамъоварӣ, интиқол ва ҷобаҷогузории онҳоро дар шаҳри Кӯлоб беҳтар мегардонад.

Созишнома бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 15 июни соли 2020, № 143 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

18 июни соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ шуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Амонзода Ширини Шодӣ дода мешавад.

АМОНЗОДА Ширини Шодӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре огаҳем, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати такмил додани заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» тибқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд ва дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин бо дарназардошти вазъияти иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 7 боб ва 38 модда иборат мебошад.

Он фарогири ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба саёҳат, муайян намудани принсипҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазир ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, ташаккули низоми сайёҳӣ, тадбирандешӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ташаккули намудҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои сайёҳӣ ва ҳифзи онҳо, ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон мебошад.

Бартарии лоиҳаи қонуни мазкур аз қонунҳои қаблӣ он аст, ки мафҳумҳои асосие, ки дар соҳаи сайёҳӣ истифода мешаванд, муфассал шарҳ дода, шаклҳои сайёҳӣ ва намудҳои нави сайёҳӣ васеъ инъикос шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок муаррифӣ ва истифода шаванд.

Дар баробари ин, хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин, суғуртакунонии фаъолияти сайёҳӣ устувор ва мафҳуми минтақаи сайёҳӣ мушаххас шудааст.

Муҳимияти қонуни мазкур, инчунин, дар он аст, ки ду шакли сайёҳӣ — сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар як қонун ба танзим дароварда шудаанд. Аз вакилон барои такмили лоиҳа сипосгузорем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ дода мешавад.

Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ:

- Муҳтарам, Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» тибқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2020, №2525 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳамчун кумитаи масъул, бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар мувофиқа бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа тағийру иловаҳои дахлдор ворид намуд. Аз ҷумла, ба моддаи 1 мафҳумҳои «сайёҳии байналмилалӣ», «сайёҳии дохилӣ» ва «саёҳат» илова гардида, моддаҳои 6 ва 7 ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ муттаҳид ва таҳрир шуданд. Инчунин, бо мақсади муайян намудани ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳӣ ба лоиҳа моддаи нав — «Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳӣ» илова шуд. Дар баробари ин, хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ мушаххас ва шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, агенти сайёҳӣ ҳамчун субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ муайян карда шуданд.

Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, ба он 50 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки 38 — тои он қабул шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сайёҳӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Азимӣ Заъфар Исмоил аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Оид ба озод намудани Азимӣ Заъфар Исмоил аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Азимӣ З. И. аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Салимзода С.Ғ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» унвон дорад. Марҳамат, Ализода Зариф.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Оид ба озод намудани Салимзода Собир Ғафор аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Салимзода С. Ғ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Давроншоҳиён Р. Д. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ализода Зариф.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Оид ба озод намудани Давроншоҳиён Рамеш Давроншо аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Давроншоҳиён Р. Д. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Аҳмадзода Файзалӣ Зардак аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Марҳамат, Ализода Зариф.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод «Оид ба озод намудани Аҳмадзода Файзалӣ Зардак аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Аҳмадзода Ф. З. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Аҳмадзода Файзалӣ Зардак ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.

Марҳамат, Ализода Зариф.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод «Оид ба таъин намудани Аҳмадзода Файзалӣ Зардак ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Аҳмадзода Ф. З. ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вазифа таъин шудан савганд ёд мекунад.

(Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Файзалӣ Зардак савганд ёд кард).

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Холназар Тағаймурод» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Ализода Зариф.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Холназар Тағаймурод» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Х.Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вазифа таъин шудан савганд ёд мекунад.

(Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Холназар Тағаймурод савганд ёд кард).

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонзода Зафар Бобоҷон» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Ализода Зариф.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонзода Зафар Бобоҷон» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонзода З. Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: -Вакилони муҳтарам, мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вазифа таъин шудан савганд ёд мекунад.

(Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зафар Бобоҷон савганд ёд кард).

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Аслиддин Сафаралӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Ализода Зариф.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- «Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Аслиддин Сафаралӣ» ирсол мегардад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода А. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вазифа таъин шудан савганд ёд мекунад.

(Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Аслиддин Сафаралӣ савганд ёд кард).

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва меҳмонони гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ