Тиб ва табобат

Муассисае, ки хизматрасонии намунавӣ дорад

№17 (3163) 18.02.2014

Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ рӯз то рӯз рушд намуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани  шароити мусоиди кору зиндагӣ ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳамасола баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ мебошад. Маъюбон, ки қишри ниёзманди ҷомеа маҳсуб меёбанд, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар қарор доранд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни кишвар аз  интернатҳову дигар муассисаҳои монанд ба он дидан намуда, бо шароити зиндагии бошандагонаш шинос мешавад ва таъкид менамояд, ки маъюбону бепарасторон зери парастории ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор доранд. Аз ин ҷост, ки дар тамоми иду ҷашнҳо аввалин туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакҳои иҷтимоиро худи Президент ба ятимхонаҳову мактаб-интернатҳо тақдим намуда, шахсони саховатмандро ба ин амали хайру савоб ҳидоят менамояд.

Баробари дигар дастгириҳои пайвастаи давлатии маъюбон, табобати онҳоро низ давлат ба уҳдаи худ гирифтааст. Бо ташкил намудани муассисаҳои гуногуни табобатӣ, ҳамасола шахсони зиёди ниёзманд  ба табобат фаро гирифта мешаванд. Яке аз чунин муассисаҳое, ки дорои шароити хуб аст, «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»  мебошад. Бояд гуфт, ки ин муассиса ҳанӯз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба фаъолият шуруъ намудааст. Директори пажуҳишгоҳ Амонулло Ғоибов иброз дошт, ки муассиса дар ин давра бо дастгирии мақомоти дахлдор рӯ ба рушд ниҳод.

Муассисаи мазкур фаъолияти худро тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру тавсияҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон, аз ҷумла тавонбахшии онҳо, кори муайянро ба сомон расонидааст. Ба зиммаи пажуҳишгоҳ, пеш аз ҳама, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, тавсияҳои методӣ, муайян намудани самтҳои асосии ташхис ва офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ, инчунин асосноккунии илмии роҳҳои ҳалли мушкилоти маъюбӣ вогузор шудааст.

Барои беҳбуд бахшидани масъалаҳои соҳа, пеш аз ҳама пешгирии маъюбӣ, пешгирии бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, ба роҳ мондани тавонбахшии маъюбон ва таҳияи дастурҳои таълимӣ-методӣ кори зиёд ба анҷом расидааст.  Ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани нақши илм дар амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба солимгардонии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.  Аз ин рӯ,  дар ҳамкорӣ бо шарикон барои рушди минбаъдаи муассиса  консепсияи соҳавӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло мавриди амал қарор дорад. Соли сипаришуда дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, инчунин Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, дар шаҳри Кӯлоб конфронси илмию амалӣ дар мавзуи «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ — гарави пешгирии маъюбӣ»  баргузор гардид.  Имрӯз  тавсия ва дастурҳое, ки  олимони соҳа таҳия ва пешниҳод карданд, сармашқи кори мутахассисон гардидаанд.

Ғайр аз ин, дар пажуҳишгоҳи зикршуда ба такмили ихтисоси кормандон таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Амонулло Ғоибов мегӯяд, ки  бори аввал  соли 2012 бо дастгирии шарикон имконият пайдо гардид ва ба Мактаби олии тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон чор нафар корманди миёнаи тиб ва се нафар духтуронро барои бозомӯзӣ фиристодем. Онҳо давоми 12 рӯз таҷриба андӯхта, баргаштанд.

Дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» 47 нафар машғули кор буда, дар назар аст, ки олимон ва мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб карда шаванд. Роҳбарияти муассиса мушкилотро дар нисбатан паст будани маоши кормандони пажуҳишгоҳ мебинад ва мегӯянд, ки аз ҳамин сабаб мутахассисони ҷавон ба ин ҷо камтар таваҷҷуҳ менамоянд.

- Набудани дастгоҳи ташхис, дастгоҳҳои лабораторӣ, нақлиёт барои маъюбонро аз ҷое ба ҷое бурдан аз камбудиҳои дигари муассиса мебошад ва боварӣ дорам, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон давра ба давра мушкилот бартараф хоҳад шуд ва олимону мутахассисони ҷавон барои кор кардан дар пажуҳишгоҳи мо хоҳишманд мешаванд, — мегӯяд мавсуф.

Доир ба муносибати мутақобилаи кормандону беморон                    А. Ғоибов чунин изҳор дошт:

-Гурӯҳе, ки мо хизмат мерасонем, шахсони бисёр мураккаб ва нозуканд. Дили ин гуна инсонҳоро ба даст овардан, бо онҳо мувофиқа намудан ва табобат кардан кори осон нест.  Кормандон кӯшиш менамоянд, ки нофаҳмиҳо байни маъюбону онҳо нашавад.

- Мо ҳаракат мекунем, ки вазифаҳоямонро аз рӯйи виҷдон иҷро намоем, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Тафовути табобат дар «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» аз дигар беморхонаҳо дар он аст, ки давраи табобат дар ин ҷо 16-18 рӯзро фаро мегирад.

Тавре  мушоҳида кардем, қариб ҳамаи утоқҳои муассиса аз беморони бистаришуда пур буд. Дар робита хостем маълум намоем, ки ҳамасола чанд нафар барои табобат дар пажуҳишгоҳ бистарӣ мешаванд. Маълум гашт, ки давоми  сол тахмин 1000-1200 нафар табобат мегиранд.

- Асосан дар муассиса бояд маъюбони гурӯҳи 2 ва 3 ба таври интихобӣ бистарӣ шаванд. Аммо вақтҳои охир шумораи табобатгирандагон аз ҳисоби мардуми деҳот зиёд шудааст, — зикр намуд А.Ғоибов.

Воқеан, ҳангоме ки бо чанде аз табобатгирандагон ҳамсуҳбат шудем, маълум гардид, ки онҳо аз шароити пажуҳишгоҳ  қаноатманданд. Масалан, маъюби гурӯҳи сеюм аз шаҳри Кӯлоб Рустам Ҳусейнов, ки  муддати 12 рӯз дар ин ҷо табобат мегирифт, чунин  иброз дошт:

-Шароит дар ин ҷо хуб буда, ба ҳама чиз аҳамият медиҳанд. Хӯрок, тозагӣ ва муносибати ҳамаи кормандон хуб аст, мо аз хизматрасонӣ қаноатмандем.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» тамоми хизматрасониҳо ва хӯрок ройгон аст.

Паҳлуи дигари кори кормандони муассиса, ки қобили дастгирист, ин табобати беморон бо гиёҳҳои шифобахш мебошад. Духтур ба бемор табобат бо гиёҳҳои шифобахшро тавсия медиҳад ва агар бемор хоҳиш дошта бошад, онро бо гиёҳҳо дармон мебахшанд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  идораҳо «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» бо шароити мусоиди табобат таъмин шуда, воқеан ҳам аз нигоҳи тозагиву гигиенӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй аст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»