Ҳар субҳ, вақте ки ба КВД КТН «Шарқи озод» ворид мешавам, дар даромадгоҳ манзараи дер боз шиносро мебинам: бастаҳои рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» (нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ), нашрияҳои «Оинаи зиндагӣ»-и шаҳри Хоруғ, «Маърифати Шуғнон»-и ноҳияи Шуғнон, «Шоҳдара»-и ноҳияи Роштқалъа, «Зиндагӣ»-и ноҳияи Ишкошим, «Пайғоми Рӯшон»-и ноҳияи Рӯшон, «Ватан»-и ноҳияи Ванҷ, «Дарвоз»-и ноҳияи Дарвоз ва «Сарыкол»-и ноҳияи Мурғоб.
Кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар матбааҳои шаҳри Душанбе чоп мешаванд? Ҳол он ки солҳои 80-уми асри гузашта дар шаҳри Хоруғ бинои дуошёнаи замонавии матбааро ба истифода дода буданд. Дар матбааи вилоятӣ зиёда аз 200 мутахассис кор мекард. Он матбааҳои дигарро дар худ муттаҳид карда буду иқтидори истеҳсолиаш сол то сол зиёд мешуд. Дар паҳлуи он бинои сеошёна сохтанд ва дастгоҳҳои чопкунии замонавиро аз Федератсияи Россия оварда, насб карданд. Мебоист рӯзномаҳои марказии «Правда», «Известия», «Труд», «Советская культура», «Комсомольская правда», «Гудок», «Аргументы и факты», «Учительская газета», «Пионерская правда» ва ғайраро аз шаҳри Москва ба воситаи Телетайп дастрас ва чоп мекарданд.
Мутаассифона, Иттифоқи Советӣ аз байн рафт ва нақшаҳои нек амалӣ нашуданд. Вале Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ фаъолиятро қатъ накард. Рӯзномаҳои вилоятӣ дар солҳои мушкилтарин — 1992-1995 ҳам моҳе як маротиба чоп мешуданд.
Шукр, ки қариб 30 сол аст соҳиби давлати мустақилем ва дар шароити сулҳу субот кору зиндагӣ дорем. Сол то сол иқтидори давлат афзоиш меёбад, даҳҳо корхонаи нав арзи ҳастӣ мекунанд.
Вале дар шаҳри Хоруғ баръакс, яке аз корхонаҳои пуриқтидори вилоят – Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ зиёда аз панҷ сол аст, ки кор намекунад. Сармуҳаррирон сарсон шуда, рӯзномаҳоро дар шаҳри Душанбе чоп карда, баъди такудави зиёд ба маҳаллашон мерасонанд. Ин тарзи кор аз соли 1996 давом дорад.
Бо гузашти солҳо матбааҳои ноҳиявӣ, ки дар тобеияти Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ буданд, валангор шуданд ё онҳоро ба шахсони алоҳида фурӯхтанд. Дар ин миён чанд раиси вилоят ва шаҳр иваз шуд, вале касе мушкили матбааи вилоятро ҳал карда натавонист.
Ин ҷо муҳтавои суҳбат бо ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, собиқ котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳиддин Зоҳиров (равонаш шод бод!) ба хотирам меояд:
- Вақте ки (соли 1982) фаъолиятамро дар вазифаи котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намудам, бо қаламкашони рӯзномаи «Бадахшони советӣ» вохӯрӣ баргузор кардам. Чун дидам, ки рӯзномаи вилояти автономӣ дар ҳаҷми хурд (А-3) чоп мешавад, дар ҳайрат мондам. Сармуҳаррири рӯзнома Нусратулло Дорғабековро ба наздам даъват карда гуфтам:
- Айб аст охир, вилоят автономиву рӯзномааш хеле хурд. Ба зудӣ пешниҳод навишта, аз пайи ислоҳи кор шавед!
- Аввал иҷозати КМ — ро гирифтан даркор, сонӣ маблағи иловагӣ ва коғаз лозим аст, — ҷавоб дод сармуҳаррир.
Хулоса, мушкилоти рӯзномаро ба зудӣ ҳал кардем ва он дар ҳаҷми А-2, ҳафтае панҷ маротиба чоп мешуд.
Барои сохтмони бинои Хонаи маорифи сиёсии вилоят (ҳоло ДДХ ба номи М. Назаршоев) биноҳои куҳнаи гирду атрофашро бардоштанд. Аз ҷумла, бинои куҳнаи типография ва Идораи рӯзномаи «Бадахшони советӣ»-ро ҳам вайрон карданд. Редаксияи рӯзнома муваққатан дар вагон ҷой гирифта буд. Шахсан ду бор рафта, аз аҳволашон хабар гирифтам. Шароити дурусти корӣ ва маишӣ надоштанд…
… Ман ба ҷонишини Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба сохтмон ва саноат Виктор Емелянович Новичков занг зада, оид ба ин масъала мақсадамро баён кардам…
Ҳамин тавр, бунёди бинои дуошёнаи рӯзнома ба нақшаи соли 1983 дохил карда шуд. Барои сохтмони он 300 ҳазор сӯм ҷудо гардид, ки дар он айём маблағи хеле калон буд…
Баъди якуним ду сол сохтмони бино ба охир расид…
Дар ифтитоҳи бинои нави редаксия, ки ба 5 майи соли 1985 – Рӯзи матбуоти Иттиҳоди Советӣ мувофиқ омад, ба назди қаламкашони рӯзнома рафта, онҳоро бо иди касбиашон табрик кардам. Баъди ин алоқаи ман бо журналистони рӯзнома бештар гардид, — иброз дошт Муҳиддин Зоҳиров.
Канӣ дигар Муҳиддин Зоҳиров барин роҳбари вилоят ё шаҳру ноҳия, ки боре аз аҳволи корӣ ва шароити зисти рӯзноманигорон пурсон шавад ва чора ҷӯяд?
Соли 2004 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои харидани дастгоҳи нави чопӣ 120 — 150 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Бо ин маблағ аз матбааи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мошини истифодашудаи тамғаи «Доминант» (истеҳсоли Олмон) харидорӣ ва дар матбааи шаҳри Хоруғ насб карда шуд, вале баъди як сол он корношоям гардид.
Аз байн чанд сол гузашт, аммо аҳволи матбааи вилоятӣ ҳеҷ не ки беҳтар шавад. Сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ ба «тарзи нави кор», яъне, чопи рӯзномаҳо дар матбааҳои шаҳри Душанбе, одат карданд. Дигар касе ба фаъолияти номунтаззами матбааи вилоятӣ на кор дошту на шикоят. Медонистанд, ки касе ба додашон намерасад. Роҳбарони Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ зуд-зуд иваз шуданд, аммо мушкил боқӣ монд. Бо навбат матбааҳои ноҳиявӣ ҳам аз кор монданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (31 октябри соли 2006) дар маҷлиси фаъолони вилоят, аз ҷумла қайд карданд:
«Фаъолияти нашрияҳо ва матбааҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ низ, бинобар шароити номусоиди корӣ, ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, дар бобати беҳдошти фаъолият ва фароҳам овардани имкониятҳои зарурии корӣ ба онҳо, дар инъикоси ҳаёти рӯзмарра, дастовардҳои замони истиқлолият, камбудиву нуқсонҳои кори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар самти баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ, худшиносӣ, ҳувияту ваҳдати миллӣ ягон тадбир андешида нашудааст.
Ба ғайр аз Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят ва матбааи ноҳияи Ишкошим дигар матбааҳо, бинобар нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ, набудани фармоишҳо ва барқи доимӣ дар чор-панҷ соли охир аз кор бозмондаанд.
Сифати кори Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят аз сабаби куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти полиграфӣ ниҳоят паст аст. Рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ соли панҷум аст, ки бе акс чоп ва ба хонанда пешкаш мешаванд ва аз нигоҳи полиграфӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Бо дарназардошти ин камбудиҳо, ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бобати беҳбудии шароити кори муассисаҳои фарҳангӣ, нашрияҳову матбааҳо ва таъмиру таҷҳизонидани биноҳои онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд ва вобаста ба ташкили дурусти фаъолияташон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодоти асоснок манзур намоянд».
Мутаассифона, дар ин муддат Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ ва матбааи ноҳияи Ишкошим ҳам аз кор монданд. 14 сол гузашт, аммо на матбааи вилоятӣ ба кор даромаду на матбааҳои ноҳиявӣ.
Соли 2015 боз масъалаи харидани дастгоҳи нави чопӣ барои матбааи вилоятии шаҳри Хоруғ ба миён омад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ин мақсад 500 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Бо он аз ким-кадом матбааи шаҳри Душанбе дастгоҳи «нав»-и чопкунӣ харидорӣ шуд, аммо онро дар матбааи шаҳри Хоруғ насб карда натавонистанд. Аз шаҳри Душанбе устоҳои ботаҷриба ба кумаки ҳампешагон шитофтанд. Дастгоҳ ба кор даромад, вале барои чопи рӯзномаҳо коғази навъи аъло лозим шуд. Бо ин навъи коғаз плакату тақвим ва маҷалла чоп мекунанд. Сониян, идораҳои рӯзномаи вилоятӣ ва ноҳиявӣ оё қудрати харидани ин навъи коғази қиматбаҳоро доранд?
Маълум шуд, ки дастгоҳи чопкунӣ танҳо барои чопи плакату тақвим пешбинӣ шудааст.
Баъди чанде он дастгоҳ ҳам аз кор монд. Чанд нафар коргаре, ки кор карда, ризқ меёфтанд, ба рухсатии бемузд баромаданд.
Рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ҳар сол барои чоп ба хазинаи КВД КТН «Шарқи озод»-и шаҳри Душанбе 100 ҳазор сомонӣ мегузаронад ва, албатта, рӯзномаҳои «Пайғоми Рӯшон», «Шоҳдара», «Зиндагӣ», «Сарыкол», «Маърифати Шуғнон», «Ватан», «Дарвоз» ва «Оинаи зиндагӣ» ҳам бе маблағ чоп намешаванд. Агар ин ҳамаро ҳисоб кунем, маблағи зиёдро ташкил медиҳад.
Ҳоло андешае моро ором намегузорад: маблағҳое, ки дар солҳои 2004-2015 барои муҷаҳҳазгардонии Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ ҷудо карданд, куҷо ғайб заданд? Чаро аз мақомоти дахлдор касе боре пурсуҷӯ накард, ки онҳо чӣ гуна истифода шуданд?
Модом ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мушкили Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ-ро дар бист сол ҳал карда натавонистанд, ба гумон аст, ки минбаъд ҳал кунанд?! Пас ягона умед ба Ҳукумати ҷумҳурист.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»