Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир. Муборизаҳо самар медиҳанд

№84 (4190) 11.07.2020

Наркотика4Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир проблемаи мураккаб ва ҳалталаби байналмилалӣ мебошад. Ҳарчанд замони пандемияи COVID-19 он бо олами ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ каме дар таваққуф қарор гирифта бошад ҳам, дар сатҳи ҷаҳон муборизаи муштаракро талаб дорад. Зеро дар қатори дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ба монанди фурӯши силоҳ, харидуфурӯши одамон, терроризм ва экстремизм ҳамоно ба амният ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ки масъалаи мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Бо такя ба таъкидҳои Пешвои миллат Агентии назорати маводи нашъаовар тасмим гирифтааст, ки ҳама иқтидору воситаро барои иҷрои вазифаҳо сафарбар намояд. Ҳамчунин, дар роҳи қочоқи маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистон садди боз ҳам устувор гузошта, ҷиҳати коҳиш додан ва умуман нест кардани воридоти он ба кишвар ва аз он ба дигар давлатҳо тадбирҳои воқеӣ андешад.

Дар ин замина, татбиқи стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ мусоидат намуданд, ки солҳои охир мамлакат дар самти назорати маводи нашъаовар ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз ҷумла, танҳо интиқоли 10 фоиз (ё аз рӯи маълумоти СММ 20 фоиз) маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути «Масири Шимол» ва боқимонда 90 фоиз аз дигар масир сурат мегирад. Инчунин, мусодираи аксарияти маводи мухаддир дар сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ошкор нагардидани ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон дар дигар давлатҳо, 2,5 баробар коҳиш ёфтани дастгиршавии шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ва 8 маротиба кам гардидани ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз онҳо, 2,2 маротиба коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ, коҳиш­ёбии сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти 32 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ солҳои 2017-2019, дар ҷумҳурӣ мусодира гардидани 10-15 ҳазор ҳабби моддаҳои нави синтетикии психотропии нашъа­дор шаҳодати пурзӯр будани назорат мебошад.

Бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, ҳамчунин бо Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикис­тон созишнома баста шуд. Айни замон лоиҳаи созишномаҳо бо ҳукуматҳо ва мақомоти дахлдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Италия таҳия гардида, дар арафаи ба имзо расидан қарор доранд.

Ин дастовардҳо шаҳодати возеҳи нишондоди бобарор ва самаранок татбиқ намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2019 дар самти назорати маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ чунин тамоюл ба мушоҳида расид:

- коҳиш ёфтани бақайдгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар;

- коҳиши мусодираи маводи нашъаовар;

- афзоиши муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нави психотропӣ ва синтетикии нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, роҳ ёфтани паҳнкунии он тавассути шабакаи интернет;

- коҳиш ёфтани дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ;

- коҳиши шумораи наш­ъ­амандон, шахсони дар қайди диспансерии хадамоти наркологӣ қарордошта;

- ҷой надоштани ҳолати парвариш ва истеҳсоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Тоҷикистон, ба истиснои баъзе аз ҳолатҳои кишти бангдона ба миқдори ниҳоят кам, барои истеъмол ва дилхушии шахсӣ ва ғайра.

Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки ба масъалаи ошкору қатъ гардонидани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ диққати махсус дода шуда, корҳои муайян анҷом ёфтааст. Чунончи, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдори кишвар, ташкили муборизаи саривақтии дастаҷамъона, татбиқи чораҳои дахлдор ва ба роҳ мондани фаъолияти самаранок аз соли 2004 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор фаъолият менамояд, ки мушкилоти ҷойдошта ҳар сол дар ҷаласаҳои он мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор мегирад.

Наркотика5Муваффақиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар самти таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин дар мубориза бо ҷинояткорӣ аз робитаҳои байниҳамии онҳо маншаъ мегирад. Яке аз он заминаҳо барои ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор соле дар ду марҳила ташкил ва баргузор гардидани амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор» ба шумор меравад. Азбаски кишвар дар сафи пеши мубориза бо қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ қарор дорад, густариш ё коҳиш ёфтани ин проблема дар кишварҳои дигари «Масири Шимол» ба вазъи мухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобастагӣ дорад.

Соли 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ як тоннаву 637 кило маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 2,2 маротиба камтар буда, дар 20 соли охир аз ҳама нишондоди пасттарин ба ҳисоб меравад. Аз ҳаҷми умумии воситаҳои нашъадори соли 2019 мусодирагардида 171 кило героин, 788 кило афюн ва 668 кило маводи нашъадори гурӯҳи бангдона мебошанд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ба масъалаи қочоқу воридоти прекурсорҳо ва минбаъд интиқол ёфтани он ба Афғонистон диққати махсус дода, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Тибқи маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, то ҳол ягон ҳолати воридшавии прекурсорҳо ба ин кишвар тавассути Тоҷикис­тон ба қайд гирифта нашудааст, ки ин яке аз дастовардҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки яке аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир муомилоти ғайриқонунии маводи нави синтетикии нашъаовар ба шумор рафта, босуръат густариш меёбад. Ин зуҳуроти номатлуб чанд сол аст, ки аксар кишварҳои сайёра, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Бори аввал дар кишвар моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор соли 2006 дар намуди як адад ҳаб мусодира гардид. Минбаъд низ чунин моддаҳо дар шакли ҳаб мусодира мешуданд, вале онҳо характери якдафъаина дош­танд. Дар чор соли охир ошкор ва мусодираи онҳо мунтазам ва доимӣ шудааст. Мусаллам аст, ки дар ҷумҳурӣ маводи синтетикии нашъадор истеҳсол намешавад, пас он аз дигар кишварҳо бо роҳи қочоқ ворид мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо тақвият додани мубориза бо қочоқи маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон, воридшавӣ кам гардида, ҷойи онро дар мамлакат ва кишварҳои минтақа маводи нави синтетикӣ ишғол кардааст. Зимнан, соли 2019 дар маҷмӯъ 7555 дона ҳабби психотропии синтетикӣ мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,1 маротиба ё 8325 дона камтар мебошад.

Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон, соли 2019 низ кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир чун солҳои қаблӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Мувофиқи маълумоти мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, соли 2019 майдони умумии кишти кӯкнор дар Афғонистон 262 ҳазору 588 гектар арзёбӣ гардида, нисбат ба соли 2018-ум 412 гектар камтар мебошад.

Тақсимоти минтақавии кишти кӯкнор дар Афғонистон нишон медиҳад, ки бештари майдонҳои кишт (72,5 фоиз) чун солҳои қаблӣ дар минтақаҳои ҷанубии кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ба минтақаҳои ғарбӣ 8,4 фоиз, ба минтақаҳои шарқӣ ва шимолӣ мутаносибан 8,2 ва 10,2 фоиз рост меоянд. Кишти кӯкнор дар минтақаҳои марказӣ 0,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз соли 2010 то 2017 шумораи вилоятҳое, ки дар онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта мешуд, рӯ ба афзоиш доштанд. Аз соли 2017 то соли 2019 бақайдгирии майдони кишти кӯкнор дар 24 вилояти Афғонистон идома ёфт.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ, ки асосан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мегардад, бо масири зерин ба дигар давлатҳо интиқол дода мешаванд:

• Масири Балкан (Афғонистон — Эрон — Туркия — Аврупо);

• Масири Шимол (Афғонистон — Осиёи Миёна — Россия — Аврупо);

• Масири Шимол — Баҳри Сиёҳ (Афғонистон — Эрон — Қафқоз — Аврупо);

• Масири Ҷануб (Афғонистон — Покистон — Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ).

Мувофиқи маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, қисми зиёди моддаҳои нашъадори гурӯҳи афюнии дар Афғонистон истеҳсолшуда тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дигар давлатҳо интиқол ёфта, ба ду масир сурат мегирад: «Балкан» ва «Шимол — Баҳри Сиёҳ». Интиқоли маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ аз тариқи Покистон, ки дар «Масири Ҷануб» воқеъ аст, дар муқоиса ба Эрон камтар аст.

Бино ба маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, аз тариқи «Масири Шимол» 20 фоизи маводи дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсолшуда интиқол дода мешавад. Дар баъзе аз таҳлилҳои коршиносон ин нишондод 43 фоизро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки ҳангоми таҳлил коршиносон танҳо омили нашъамандони дар Россиябударо, яъне танҳо бозори талаботро ба ҳисоб гирифтаанд. Коршиносон ҳангоми таҳлил ҳолати интиқоли маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ ба Россия ва Аврупоро аз тариқи «Масири Балкан» ва «Шимол — Баҳри Сиёҳ» чандон ба назар нагирифтаанд, ҳол он ки аҳамияти бештар дорад. Маълумоте, ки аз Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ пешниҳод гардидааст, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Чуночи, ҳолатҳои мусодираи маводи нашъаовари героин дар нимсолаи якуми соли 2019 дар кишварҳои ҷанубу ғарбии Аврупо (Булғория, Руминия ва Туркия) ба як тоннаю 607 кило расидааст (ё 46,7 фоиз афзоиш ёфтааст), ки онҳо дар «Масири Балкан» ҷойгир мебошанд. Инчунин, то ба 445 кило ё се маротиба зиёд афзоиш ёфтани мусодираи героин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нимсолаи якуми соли 2019 шаҳодати гуфтаҳои болост.

Мувофиқи маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, қисми асосии кишти кӯкнор ҳар сол дар ҷануби Афғонистон ба назар расида, то 90-95 фоизро ташкил медиҳад, зеро дар он қисмати давлат қувваҳои зиддиҳукуматӣ нуфузи бештар доранд. Масоҳати кишти кӯкнор дар шимоли Афғонистон тайи солҳои 2016-2019 ба ҳисоби миёна 7 фоизи масоҳати кишти умумиро дар Афғонистон ташкил медиҳад.

Дар шимоли Афғонистон танҳо (дар вилояти Бадахшон) фаъолияти лабораторияҳои истеҳсоли маводи нашъадори героин ба қайд гирифта шудаанд. Ҳиссаи истеҳсоли афюн дар шимоли Афғонистон аз ҳиссаи умумӣ тахминан 5-8 фоизро ташкил медихад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти интиқоли воситаи нашъадор аз тариқи «Масири Шимол» низ тағйир ёфтааст, зеро дар натиҷаи мустаҳкам намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи қочоқбар имконияти бемамоният убур намудани марзи Тоҷикистонро аз даст доданд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, ки дар «Масири Шимол» қарор доранд, коҳиши назарраси ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар муқоиса бо солҳои пешин ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолатҳо шаҳодати онанд, ки назорат дар кишварҳои «Масири Шимол» пурзӯр ва қочоқи маводи мухаддир бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Илова бар ин, бо истифода аз қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бар зидди қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон баранд. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои анҷом додани тадқиқот ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми воқеии қочоқи маводи мухаддир тавассути кишварҳои «Масири Шимол» гурӯҳи кории байналмилалии махсус таъсис дода шавад. Ба он, дар баробари мутахассисони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ҳамчунин коршиносони соҳаи мубориза бар зидди қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз кишварҳое, ки дар самти «Масири Шимол» қарор доранд, инчунин коршиносони Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ) барои пешбурди тадқиқот ҷалб гарданд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ, Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ, умуман чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар дар мубориза бо маводи нашъаовар бе асар намонд.

Муборизаи муассир бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кӯшиши дастаҷамъонаи давлатҳоро тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи масъулияти онро дар ошкор ва рафъи далелҳои қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хуб дарк карда, иқтидори муборизавиро дар ин самт минбаъд низ афзоиш медиҳад.

Фирӯза МУРОДЗОДА,

муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар