Рашт. Бунёдкорӣ идома дорад

№84 (4190) 11.07.2020

ramz_30solagiДар ноҳияи Рашт бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, 29 июни соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 18 иншоот — бинои иловагӣ барои шуъбаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Фурудгоҳи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум иборат аз 20 кат аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 чоҳи амудӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Руноби деҳоти «Аскалон», биноҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти «Қалъанак», Чашмаи Қозии деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, Навдонаки деҳоти «Қалъаи Сурх» ва Ҳисораки деҳоти «Ясман», сохтмони маркази савдо, қаҳвахона ва 5 хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ғарм, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаннодӣ дар деҳаи Ҳисораки деҳоти «Ясман» ва нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав дар деҳаи Зарангаки деҳоти «Ҳиҷборак», ки сохтмонашон ба охир расид,  ба истифода дода шуд.

- Афзоиши шумораи хонандагон дар ноҳия сохтмони биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро тақозо менамояд, — гуфт раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ. Афзуд, ки бунёди синфхонаҳо барои беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва сифати таълим ҳатмист. Синфхонаҳои иловагӣ имконият фароҳам меоранд, ки дар муассисаҳои таълимӣ кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шаванд. Дар ду моҳи охири соли равон дар назди 6 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ барои 800 ҷойи нишаст бино ва синфхонаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Рӯзи ба истифода додани синфхонаҳои нави таълимӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нурмуҳаммад Аҳмадзода, роҳбарияти ноҳия ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Н. Аҳмадзода иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар ин самт қобили ибрат маънидод кард.

- Мардуми шарифи ноҳияи Рашт сиёсати хирадмандона, созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоянд ва бо бунёдкориву созандагӣ дар таъмини зиндагии шоистаи сокинон саҳм мегузоранд, — изҳор дошт Раҳимҷон Муқимӣ.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»