Ё чӣ гуна дар як моҳ шаҳрча сохтан мумкин аст?
Хонаи истиқоматии сокини деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон Абӯалӣ Сафиев дар натиҷаи омадани сел ва фаромадани ярч (14-16 майи соли равон) пурра зери хоку лой мондааст. Аз ин рӯ, ба ӯ дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ 8 сотих замин барои бунёди хонаи нави истиқоматӣ ҷудо кардаанд. Шашуми июни соли равон вай, дар баробари дигар зарардидагони офати табиӣ, ба сохтмони хона шурӯъ кард. Рӯзе, ки бо ӯ дар назди хонаи навбунёдаш суҳбат кардем (сеюми июли соли 2020), боми онро мепӯшониданд. Албатта, пурра аз даст додани манзил бо тамоми ҷиҳоз ва дар муддати кӯтоҳ сохтани хонаи нав ба рӯҳ ва қуввати инсон бетаъсир буда наметавонад. Ин буд, ки дар чеҳраи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон як навъ хастагиро эҳсос кардем. Аммо вақте аз муносибати масъулин ба мушкилоташон пурсон шудем, ба ҷуз аз изҳори қаноатмандӣ ҳарфе нашунидем.
- Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокаву пӯшока расида истодааст. Ҳар рӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо хӯроки нисфирӯзӣ ва шом таъмин мешавем. Барои кумак кардан ба ман дар бунёди манзил муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 вобаста шудааст. То ҳол семент, тахта, шифер, қуму хоку санг кумак карданд. Ва боз гуфтанд, ки пас аз пӯшонидани бом ва андова кардани деворҳо, бо дару тиреза ҳам таъмин мекунанд, -зикр кард Абӯалӣ Сафиев.
Маҳмурод Солиҳов, Фарҳод Қобилов ва Собир Табаралиев низ изҳор доштанд, ки мувофиқи тартиби муайяншуда сари вақт кумак дастрас карданд ва корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои навбунёди онҳо ҳам бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Собир Табаралиев инчунин гуфт, ки барои анҷоми корҳои сохтмониву рангубори хонааш камтар аз 10 рӯзи дигар вақт лозим аст.
-Насиб бошад, рӯзҳои наздик ба хонаи нав мекӯчем. Бо кумаки Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мо шифер, семент, арматур, дару тиреза доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 барои иҷрои корҳо муваззаф карда шудааст. Хӯрока низ таъмин карда истодаанд. Шикоят надорем.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил ва аз ҳисоби сохторҳои дахлдор навбатдории шабонарӯзӣ бо нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст, ки корҳои сохтмонию дигар масъалаҳоро назорат мекунад. Фаъолият дар он тавре ба роҳ монда шудааст, ки мушкилоти бавуҷудомада ҳамон лаҳза дар ҷояш ҳал карда мешавад. Мо шоҳид будем, ки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода ба ҳамкоронаш барои овардани хишт пайдо ва сафарбар кардани мошинеро дастур дод. Вақте сабаб пурсидем, изҳор дошт, ки дар баробари сокинони аз офати табиӣ зарардида, ҳамчунин ятимеро дар маҳалла ҷой дода, бо кумаки мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ барояш хона бунёд мекунанд.
-Нафаре омода аст, ки ба духтари ятиммонда 3000 дона хишт кумак кунад. Ҳамонро овардан лозим аст, то корҳои сохтмонӣ бомаром пеш равад, — зикр кард ӯ.
Аз вай доир ба бартарафсозии оқибати офати табиӣ пурсон шудем. Дар посух гуфт, ки айни замон дар 67 хонаи истиқоматӣ сохтмон оғоз ёфта, дар 64 хона бардоштани девор ва дар 56 хона пӯшондани бом идома дорад. 6 хона пурра болопӯш шуда, дар онҳо корҳои андовакунӣ ҷараён доранд. 3 хона дар қисмати бардоштани девор аст. Корҳо дар онҳо ба он хотир қафо мондаанд, ки деворро ба воситаи похса сохта истодаанд, аз ин рӯ, барои хушкшавии ҳар қабат вақт зиёдтар лозим мешавад.
Доир ба тартиби расондани кумакҳо бошад, Сулаймон Исозода изҳор дошт, ки нафароне, ки пурра зарар дидаанд, бо масолеҳи сохтмонӣ пурра ва шахсони қисман зарардида бо семент, шифер ва арматур таъмин шуданд.
Масъалаи сохтмони хонаҳо на ин ки зери назорати ҷиддӣ аст, балки кӯшиш намуда истодаанд, ки пеш аз муҳлат ба истифода дода шаванд. Дар баробари кумакҳои аз ҷониби давлатрасида, инчунин ташкилоту идораҳо масолеҳи сохтмонӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша кумаки пулӣ кардаанд. Аз ҷумла, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳам аз ҳисоби маош ба оилаҳои зарардида маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон кумак кардааст.
Инчунин, бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ташкилоту идораҳои вилоятӣ ҳар рӯз то зиёда аз 1000 нафарро бо хӯроки гарми нисфирӯзӣ ва шом таъмин мекунанд.
Бино ба гуфти Сулаймон Исозода, аз рӯзи аввали шурӯи корҳои сохтмонӣ ҳар хона ба як муассисае вобаста шудааст ва ҳар рӯз то 100 нафар барои кумак меоянд.
Дар маҳаллаи навбунёд, ҳамчунин сохтани бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, ҳаммом ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тавре мушоҳида гардид, корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳи тиббӣ идома дошта, симчӯбҳо барои таъмин бо барқ шинонда шудаанд. Масъулин гуфтанд, ки ташкили инфрасохтор дар мадди назар буда, аллакай 18 чоҳи об кофта шуда, 1,5 километр роҳ пурра асфалтпӯш мегардад. Ҳамчунин, барои таъмини аҳолӣ бо барқ ду трансформатор насб карда мешавад.
Бино ба иттилои роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон Муҳаммад Азизулло, то кунун ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумаки зиёд расонида шудааст. Аз ҷумла, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 370 тонна семент, 370 метри кубӣ тахта, 3700 дона шифер ва 74 тонна арматур ва маҳсулоти хӯрока, аз қабили 7550 килограмм орд, 8000 килограмм пиёз, 8000 килограмм картошка, 8000 килограмм сабзӣ, 2150 килограмм биринҷ, 903 килограмм макарон, 6000 килограмм марҷумаку перловка ва 1505 литр равған мадад расонд. Инчунин, раиси вилояти Хатлон, дар баробари маҳсулоти хӯрока, 2000 дона ниқоби тиббӣ, 10 маҷмӯи либос ва айнаки муҳофизатӣ, 2 ҳароратсанҷ, 50 дона бахил, 100 ҷуфт дастпӯшак, 10 кӯлоҳ, 480 дона маҳлули антисептикӣ кумак кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарардидагонро бо 15 тонна орд, 300 қутӣ лавозимоти гигиенӣ, 35 хайма ва 14 тонна сӯзишворӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, намояндагии Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе, деҳоти «Ориёно»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёрӣ расониданд.
Масъулин изҳор доштанд, ки кумакҳо, тибқи рӯйхати тартибдодаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода, бо гирифтани имзои сардор ва ё аъзои оилаи зарардида тақсим карда шудаанд.
Ҳамчунин, тибқи Протоколи ҷаласаи сайёри назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2020, бо мақсади барқарор кардани инфрасохтори зарардида аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон 250 метр канали калони корношоямгаштаи деҳаи Гулистони деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ барқарор гардида, 18 июн тавассути он оби полезии 10400 гектар замини ноҳияи Хуросон ва 2800 гектар замини кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмин карда шуд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии «Барномаи таҷдиди роҳҳо» 18 техника ва механизмро ҷалб намуда, роҳи байни деҳаҳои Гулистон ва Ганҷинаро барқарор кард. Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон роҳи шаҳрчаи хаймавӣ бо дарозии 1200 метр ва паҳноии 8 метр сангфарш гардид. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар 5 нуқта оби нӯшокӣ гузаронида, 18 хоҷагӣ бо кандани чоҳи амудӣ бо оби полезӣ таъмин шуданд.
Ҳамин тариқ гуфтан мумкин аст, ки аҳолии аз офати табиӣ зарардида рӯзҳои наздик ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Солҳои пеш ҳам манзили зисти даҳҳо нафар шаҳрванди кишвар дар натиҷаи омадани сел хароб шуда буд ва бо супориши Роҳбари давлат дар муддати кӯтоҳ ҳама бо манзили наву замонавӣ ва ҷиҳози рӯзғор таъмин шуданд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо метавон ҳодисаи аз омадани сел зарар дидани сокинони шаҳри Кӯлоб дар соли 2010 ва ноҳияи Шуғнон дар соли 2015-ро ёдовар шуд, ки хонандагон хуб огоҳӣ доранд.
Самариддин АСОЕВ, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».
Душанбе — Хуросон — Бохтар - Душанбе