Суҳбати телефонӣ

№85 (4191) 14.07.2020

13 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни он масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ва масоили алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳон ҳамоно ҳам муташанниҷ боқӣ мондааст, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҳар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд. Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон аҳамияти суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ҳар ду кишварро дар соҳаи тандурустӣ таъкид карданд. Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Россия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Дар баробари ин, идомаи шарикии самарабахши ҳар ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор ­гирифтанд.

www.president.tj