Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№85 (4191) 14.07.2020

 аз 11 июли соли 2020, № 401, ш. Душанбе

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тибқи замимаи ҳамин қарор ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пешниҳод намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида барои пардохти кумакпулии яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки тибқи замимаи ҳамин қарор муқаррар карда шудаанд, маблағ ҷудо намояд.

4. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» интиқоли саривақтии маблағҳои мақсадноки ба суратҳисобаш воридгардидаро бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ таъмин намояд.

5. Вазорату идораҳои масъул истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

6. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН