- Дар фаъолияти баъзе корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, бемасъулиятии роҳбароне, ки мутахассис нестанд, надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, набудани нақша, нарасидани мутахассисон, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон сабабҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш мебошанд, — гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ, дар нимсолаи якуми соли равон 17 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 14 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 3 кас ҳалок гардиданд. Бино ба гуфти сардори Хадамот, мутахассисон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар корхонаҳои зери назорат корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ мегузаронанд.
Дар давраи зикршуда роҳбар ва шахсони масъули корхонаҳое, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ошкор гардид, ба маблағи 318 ҳазору 255 сомонӣ ҷарима шуданд.
ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Эмомимпортэкспорт», ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», ҶДММ «Гидроэнергострой», ҶДММ «Ғайрат-82», ҶДММ «Шералиҷон», ҶСП «Сохтмони асосӣ» ва ҶДММ «Вахшсохтмон» корхонаҳое мебошанд, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ ошкор шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»