Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи алоқаи почта», Низомнома «Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият мекунад. Ин нуктаро муовини раиси хадамоти мазкур Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотие, ки 13 июли соли 2020 доир гардид, иброз дошт.
Сипас, муовини раиси хадамот Адолат Абдураҳмонзода доир ба бурду бохт тайи шаш моҳи сипаригардида ҳисобот дод.
Бино ба гуфти ӯ, корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа якҷо бо операторон ва провайдерон даромади умумии корхонаро ба 1 миллиарду 291 миллиону 470 ҳазору 235 сомонӣ расониданд. Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ дар ин давра 975 миллиону 378 ҳазору 511 сомониро ташкил намуд.
Шумораи симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 25 ҳазору 830 ададро ташкил дод, ки аз он 5 миллиону 325 ҳазору 978 муштарии фаъол мебошанд.
Зикр шуд, ки то 30 июни соли 2020- ум 2 миллиону 957 ҳазору 293 истифодабарандаи алоқаи мобилӣ бо шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи соли 2014) азнавбақайдгириро нагузаштаанд.
Шумораи истифодабарандагони интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,8 миллион нафар аст. Таъкид гардид, ки барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ идома дошта, 50 вазорату идора ба шабакаи мазкур пайваст шудаанд. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату корхонаҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида шуд.
Инчунин, хабарнигорон бештар аз паст будани сифати хизматрасонӣ ва қаноатбахш набудани суръати интернети мобилӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,«Садои мардум»