Воқеаҳои сиёсии солҳои охир нишон доданд, ки ноогоҳӣ, дониши нокифоя, бехабарӣ аз моҳияти ҷангҳои иттилоотӣ ақидаҳои ифротиро вусъат мебахшанд ва ба амнияти давлат, сохти конститутсионӣ хатари ҷиддӣ доранд. Ҳодисаву воқеаҳое, ки даҳаи охири асри ХХ дар кишвар ба вуҷуд омаданду қариб давлати тоҷиконро аз байн мебурданд, мисоли равшани ин гуфтаҳост. Он замон барои мардуми тоҷик — пайрави мазҳаби Имоми Аъзам, ки тамоми маросимро бар асоси он пеш мебурданд, марҳилаи нигаронкунанда ба ҳисоб мерафт. Як гурӯҳ аз фурсат истифода бурда, аркони диниеро, ки аз «Қуръон»-у суннат сарчашма гирифта буду гузаштагон онҳоро содиқонаву холисона адо мекарданд, ба ширку бидъат ҳукм намуда, мардумро ба кӯчаи сарбаста бурданд. Маҳз дар ҳамон давра ташкили гурӯҳу созмонҳои рӯҳияи сиёсиву динидошта авҷ гирифт. Ҳизби наҳзати ислом, ки ягона дар Осиёи Миёна буд, рустаи ҳамон замон аст. Он 26 октябри соли 1991 таъсис ва 4 декабри соли 1991 расман сабти ном шуд. Ҳарчанд муддаиён иддао доранд, ки 20 апрели соли 1973 Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов бо тахаллуси Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро бо номи «Наҳзати ҷавонон» поя гузоштаанд, ки дар солҳои шӯравӣ пинҳонӣ фаъолият мекардааст. Баъди ба расмият шинохта шудани ҳизб, роҳбарии онро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода — яке аз намояндагони фаъолаш ба уҳда дошт.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (27 июни соли 1997) шароит барои бозгашти аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам омад. Моҳи августи соли 1999 он дубора ба қайд гирифта шуд ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ — роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик раис интихоб гардид. Баъди фавти ӯ (9 августи соли 2006) роҳбарии ҳизб ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто бо номзади худ дар интихоботи президентии соли 1999 ширкат варзид. Дар он интихобот Давлат Усмон — намояндаи ҳизб 4 фоиз овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард. Ҳамчунин, ҳизб дар интихоботи парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 иштирок намуда, дар ҳар се даъват соҳиби дутоӣ мандат гардид.
Вале ин ҳама аъзои ҳизбро қонеъ намесохт ва онҳо нақша кашида, ба таври пинҳонӣ амалҳои муғризонаро идома бахшиданд. Дар натиҷа, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 аризаи прокурори генералӣ қонеъ, ҲНИ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. Ҳамчунин, фаъолияти ҳафтаномаи «Наҷот», сомонаҳои интернетии он, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои таблиғотии ҳизб манъ гардид.
Зеро, мутобиқи моддаҳои 8 ва 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Танҳо дар панҷ соли охир 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла 17 ҷинояти хусусияти ифротгаройӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, содир карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Чунончи, раиси бахши ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин, ки дар ҳайати иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир ва ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифтанд, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд.
Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятии ҳар кадом иборат аз 15 то 30 нафар иттиҳоди ҷиноятӣ созмон доданд. Гурӯҳҳои ҷиноятиро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки нусхааш аз утоқи кории муовинони раиси ҲНИ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ дарёфт шуданд, вазифадор карда буданд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро таҳти итоат қарор диҳанд.
Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ хусусияти даъвати оммавӣ доштанд, бо сарлавҳаи «Бародарони аҳли Наҳзат! Ва, умуман, ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори ҲНИ ҳастед!», дарёфт карда шуд. Дар матни варақаҳои мазкур, Раёсати олии ҲНИ, аз ҷумла чунин баён доштаанд: «Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор ҳар олоту силоҳе доред, бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадор. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншоаллоҳ пирӯзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решаву бунаш меканем. Соати пирӯзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИ бошед»…
Дар варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими «золимонаю бедин» муаррифӣ гардидааст. Ин шаҳодати он аст, ки ҲНИ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатдорӣ ва ҷонибдори ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии ҳокимияти имрӯзаро дорад.
Бо ин мақсад, шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 номбурдагон, тибқи нақшаи таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд. Аз ҷумла, А. Назарзода бо суиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа якҷо бо гурӯҳи ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар ва истифода аз шаҳрвандони ғайринизомӣ ҳайати навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, силоҳҳои оташфишон, сарулибоси ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангиро тасарруф намуданд.
Сипас, зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ, ки бо супориш ва роҳбарии бевоситаи А. Назарзода дар маҳалли пешакӣ муайяншуда — собиқ «Хлебзавод»-и шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Дониш 55 ҷамъ омада буданд, бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатамёт, милтиқи мерганӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шуданд.
Батафсил ёдовар шудан аз ҳаводиси мазкур аз он хотир аст, ки ҷавонон минбаъд ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатхоҳи ифротгаро гирифтор нашаванд. Мо бояд ҳолатҳои пешомадаро воқеъбинона, хуб мушоҳида ва таҳлил намуда, мавқеи созандаи шаҳрвандиро муайян созем. Оқибатҳои даҳшатовари амалҳои террористиву экстремистии дар гӯшаву канори сайёра баамаломадаро дида, ибрат гирем, зирак бошем. Чунин ҷиноятҳоро дар ҳар шакле, ки бошад, маҳкум намоем. Мубориза бо чунин афрод вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа аст. Аз ҷумла, вазифаи мо – вакилони мардумӣ низ ҳаст, ки дар тарбияи маънавӣ ва ватандӯстии насли ҷавон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, нагузорем, ки онҳо аз таълиму тарбия дар канор бимонанд. Танҳо бо кӯшиши якҷоя бо аҳли ҷомеа бо дилпурӣ метавон гуфт, ки мо насли созандаи Ватанро ба камол мерасонем.
Парвина МАЛИКЗОД, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ