Дирӯз дар маркази ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолон баргузор гардид, ки мақсад аз он шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Бисёре аз иштирокдорон дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома изҳори миннатдорӣ намуданд, ки бо вуҷуди серкорӣ ва шароити вазнин, ки бемории коронавирус дунёро ба ташвиш овардааст, ба дидорбинӣ омадани яке аз роҳбарони баландмақоми мамлакат аз ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллат дарак медиҳад. Чунин муносибати нек онҳоро водор месозад, ки дар атрофи Пешвои миллат беш аз пеш муттаҳид гардида, баҳри рушду нумӯи кишвар фидокорона заҳмат кашанд ва дар татбиқи дастуру супоришҳояшон саҳми сазовор гузоранд.
Дар мулоқот доир ба афзун намудани майдони кишти картошка, чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID-19, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода перомуни вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, ки дар баромади раиси он Қадриддин Фақерзода баён гардид, андеша баён дошт. Зикр гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон картошкапарварони мамлакат барои ба даст овардани ҳосили фаровон аз ҳисоби заминҳои бекорхобида масоҳати майдони кишти ин навъи зироатро васеъ намуданд. Картошкапарварони ноҳияи Тоҷикобод имсол майдони заминҳои кишти картошкаро ба 2005 гектар расониданд. Ин иқдоми наҷиб ба онҳо имконият медиҳад, ки тирамоҳ ҳосили зиёд ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми сазовор гузоранд.
Аз баромади масъулин маълум шуд, ки аз 77 иншооти нақшавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 — тои он сохтмон ба анҷом расидааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар бомаром идома дорад. Изҳори итминон карда шуд, ки то рӯзи ҷашн сохтмони иншооти боқимондаро пурра ба анҷом расонда, ба истифода медиҳанд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили матраҳшуда ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ соҳибкорон бештар ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин, оид ба чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус, корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинон пурзӯр намуда, якҷо бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати безарар гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.
Дар интиҳо аз номи сокинони ноҳия чанд нафар аз ҷумлаи фаъолону собиқадорони меҳнат баромад намуда, омодагиро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ ва идома додани бунёдкорию созандагӣ баён намуданд.
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар водии Рашт идома дорад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»