ЗАРБУЛМАСАЛИ КИШВАРСОЗ
Мардуми Япония зарбулмасали ҷолибе доранд:
«Ба хотири мехе наъле уфтод.
Ба хотири наъле аспе уфтод.
Ба хотири аспе саворе уфтод.
Ба хотири саворе ҷанге шикаст хӯрд.
Ба хотири шикасте мамлакате нобуд шуд.
Ҳамаи ин ҳолат аз дасти касе рух дод, ки мехро хуб накӯбида буд».
Дар ёд доред: ҳар кор, ҳатто хурд ҳам бошад, асари бузург бар ҷой мегузорад.
ТИРЕЗА ВА ОИНА
Ҷавони сарватманде назди ҳакиме рафт ва хоҳиш кард, ки барояш панде диҳад. Марди хирадманд ӯро ба канори тиреза бурду пурсид:
- Пушти тиреза чиро мебинӣ?
- Одамҳое, ки меоянду мераванд ва гадои кӯре, ки дар хиёбон садақа мепурсад, — посух дод ҷавон.
Ҳаким ҷавонро назди оинаи калон бурду гуфт:
- Дар ин оина нигоҳ куну гӯ, ки дар он чиро мебинӣ?
- Худамро мебинам.
- Оина ва тиреза аз шиша сохта шудаанд, — гуфт хирадманд. – Аммо дар пушти оина қабати нозуке аз нуқра вуҷуд дорад, ки дар он ҷуз худатро намебинӣ. Ин ду шишаро бо ҳам муқоиса кун. Вақте шиша фақир бошад, дигаронро мебинад ва ба онҳо эҳсоси муҳаббат мекунад. Аммо вақте аз нуқра (сарват) пӯшида мешавад, танҳо худашро мебинад. Ту вақте арзиш дорӣ, ки шуҷоъ бошӣ ва он пӯшиши нуқраро аз пеши чашмонат бардорӣ, то тавони дигаронро бинӣ ва дӯст дорӣ.
«ЗАНОНИ ВАФОДОР»
Дар шаҳри Винсберги Олмон қалъае ҳаст бо номи «Занони вафодор», ки мардум бо он ифтихор мекунанд.
Соли 1140 мелодӣ шоҳ Канроди савум шаҳрро тасхир мекунад ва мардум дар он қалъа паноҳ мебаранд. Шоҳ паём медиҳад, ки фақат занону бачаҳо аз қалъа хориҷ шаванд ва боарзиштарин дороии худашонро ҳам бардоранду бираванд, ба шарте ки ба танҳоӣ қодир ба ҳамли он бошанд.
Ҳар зан шавҳари худашро пуштора карда аз қалъа хориҷ мешавад. Занони муҷаррад падар ё бародарашонро бардошта мебурданд. Шоҳро аз ин ҳол хандааш мегирад, вале хилофи ваъдааш амал накарда, ба онҳо иҷозат медиҳад, ки раванд.
Он қалъа аз ҳамон рӯз ба худ номи қалъаи «Занони вафодор»-ро гирифт.
АШКИ РОЙГОН
Араб саге дошт, ки дар ҳоли мурдан буд. Ӯ дар миёни роҳ нишаста, барои саг гиря мекард. Гадое аз он ҷо мегузашт, пурсид:
- Чаро гиря мекунӣ?
Гуфт:
- Саги вафодори ман пеши чашмам ҷон медиҳад. Он рӯзҳо бароям шикор мекард ва шабҳо нигаҳбонам буд.
Гадо пурсид:
- Бемории саг чист? Захм дорад?
Араб гуфт:
- Аз гуруснагӣ мемирад.
Чашми гадо ба халтаи пуру даҳанбастае афтод, ки дар паҳлуи марди араб буд. Пурсид:
- Дар халта чӣ дорӣ?
- Нону ғизо барои хӯрдан.
- Чаро ба саг намедиҳӣ, то аз марг наҷот ёбад.
Посух дод:
- Нонро аз сагам бештар дӯст медорам. Барои нон ва ғизо бояд пул диҳам, вале ашк рехтан муфту маҷонӣ аст. Барои сагам, ҳар қадар ки хоҳад, гиря мекунам.
Гадо гуфт:
- Хок бар сарат! Ашк аз дил меояд, ба қимати ғам ба оби зулол бадал мешавад ва арзиши он аз нон бештар аст.
УСУЛИ ШИКОРИ МАЙМУН
Яке аз усулҳои шикори маймун дар Африқо ин аст, ки шикорчӣ ба маҳали иқомати маймунҳо меравад ва дар сӯрохии хурди санге бузург миқдоре хӯрокӣ мерезад ва аз он ҷо дур мешавад. Маймунҳои гуруснаву кунҷков дастони худро ба даруни сӯрох мебаранд ва хӯрокиро ба муштони худ мегиранд. Аммо даҳони сӯрох танг аст ва мушти маймун аз он берун намеояд. Маймун ваҳшатзада мешавад ва талош меварзад, ки дасташро аз сӯрох берун орад, вале ҳаргиз мушти бастаи худро намекушояд, то раҳо шавад.
Зеҳни инсон ҳам гоҳе мисли мушти бастаи маймун аст.
НОБЕЛ ВА ҶОИЗАИ СУЛҲ
Алфред Нобел аз нафарони ангуштшуморе мебошад, ки дар замони зинда будан хабари маргашро дар рӯзнома хондааст. Замоне ки бародараш Людвиг аз олам даргузашт, рӯзномаҳо иштибоҳан фикр карданд, ки Нобели маъруф, ихтироъкори динамит мурда. Алфред вақте субҳ рӯзномаҳоро мехонд, бо дидани титри саҳифаи аввал дар ҷояш мехкӯб шуд: «Алфред Нобел, далоли марг ва ихтироъкори марговартарин силоҳи башарӣ мурд».
Ӯ аз хондани ин хабар хеле нороҳат шуд. Бо худ фикр кард: «Оё хуб аст, ки маро пас аз марг ин гуна бишносанд»? Зуд васиятномаашро овард, ҷумлаҳои зиёдеро хат заду ислоҳ кард. Пешниҳод намуд сарваташ сарфи ҷоиза шавад.
Имрӯз Нобелро на бо ихтирои динамит, балки бо Ҷоизаи Нобел мешиносанд. Ба ибораи дигар, як тасмим барои тағйири сарнавишт кофӣ аст.
Таҳияи ВОРИС, «Садои мардум»