15 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум доир гардид.
Дар он даҳ масъала: «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», «Рушди соҳаи энергетика, бахусус, ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат», «Таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака», «Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Рафти таъмини нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020», «Ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе», «Пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 ва таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии номбурда», «Таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе», «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм» ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди шунидани ҳисоботи масъулин вобаста ба соҳаҳо дар робита ба масъалаҳо қарорҳо қабул гардиданд.
Аз ҷумла, қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе» бо дарназардошти заминҳои воридгардида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7 659,25 (ҳафт ҳазору шашсаду панҷоҳу нуҳу аз сад бисту панҷ) гектар ва ба масоҳати умумии 20 318,25 (бист ҳазору сесаду ҳаждаҳу аз сад бисту панҷ) гектар муқаррар намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»