Кӯлоб. Қарзи барқ — 130 миллион сомонӣ

№88 (4194) 21.07.2020

cms-image-000011289Ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи мушкилоти доғи рӯз ба шумор меравад, ки кормандони Шабакаҳои барқи шаҳрро нигарон кардааст. То 26 июни соли 2020 қарзи истифодаи неруи барқ, дар маҷмӯъ, дар шаҳри Кӯлоб ба 130 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 22 миллион сомонӣ камтар аст.

Бино ба иттилои Ҳамидулло Ғафуров — муовини директор оид ба фурӯши барқи Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, алҳол қарзи барқ аз аҳолӣ 87 миллиону 72 ҳазору 245 сомониро ташкил медиҳад. Корхонаҳои буҷетӣ 3 миллиону 742 ҳазору 541 сомонӣ қарздор мебошанд. Аз ҷумла, беморхонаи вилоятӣ ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ, муассисаи равшанидиҳӣ 700 ҳазор сомонӣ, Идораи обу корези шаҳр 5 млн. 854 ҳазору 816 сомонӣ, Беморхонаи бемориҳои сил 62 ҳазору 358 сомонӣ ва Беморхонаи бемориҳои сироятӣ 51 ҳазору 825 сомонӣ қарздоранд.

- Кормандони Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб оид ба дуздӣ ва истифодаи пинҳонии неруи барқ дар як моҳ аз 350 то 400 санади ҷаримавӣ тартиб медиҳанд, ки  маблағи онҳо 500 – 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — гуфт Ҳамидулло Ғафуров.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»