Аз нишастҳои матбуотӣ

Ориф Хоҷазода: «Дар нимсолаи аввал 1117 хоҷагии деҳқонӣ таъсис шуд»

№88 (4194) 21.07.2020

Заминсози (1)Миёни раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва  журналистон зимни нишасти матбуотӣ, ки  17 июли соли равон доир шуд, муколамаи самимиву ошкоро сурат гирифт.

Зикр шуд, ки фаъолияти ниҳод дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардида, заминсозию кадас­т­­ри замин, назорати давлатии замин, корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад беш аз пеш тавсеа ёфт.

Раиси кумита аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки солҳои 2009-2019 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон 30492,47 гектар замин ҷудо гардид. Аз суханони нотиқ маълум гардид, ки то моҳи январи соли 2020 22917,04 гектар ба 224625 эҳтиёҷманд тақсим шуд, ки 55 фоизи  шумораи умумии оила­ҳои ниёзманд­ро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти Ориф Хоҷазода,  шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҷумҳурӣ 188162 ададро ташкил дода, аз ин шумора 69594 адад дар вилояти Суғд, 68758 — вилояти Хатлон, 16252  — ВМБК ва 33558 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст, ки аз ин 401 адад ба  вилояти Суғд, 405 — вилояти Хатлон, 40 — ВМБК ва 271-то ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Инчунин, баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар ҳар  маҷлиси назоратии назди роҳбарият  масъалаи зикршуда баррасӣ ва корҳои назоративу  фаҳмондадиҳӣ  вусъат бахшида мешавад.

Муассиса ва корхонаҳои зертобеи кумита низ фаъолияти назаррас доштанд. Барои мисол, ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» заминсозиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1 550 000 сомонӣ ва  ИЛТ «Фазо» бо харҷи 1 139 000 сомонӣ   иҷро карданд.

Ҳамчунин, фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва «Фабрикаи харитасозӣ» низ  пурмаҳсул буд.  Ба маблағи  1 976 816 сомонӣ иҷро шудани  корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби онҳо шаҳодати ин гуфта мебошад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»