«Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 25 июл оғозмегардад

№89 (4195) 23.07.2020

гербИмсол даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бояд 4 май оғоз мегардид. Вале, бинобар паҳн гардидани бемории коронавирус COVID-19 ва зарурати андешидани чораҳо барои пешгирии он чорабинӣ ба таъхир гузошта шуда буд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ба эътидол омадани вазъи санитарию эпидемиологии кишвар, тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Мувофиқи он даври якуми озмун дар ноҳияҳо аз 25 июли соли 2020 бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон оғоз меёбад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»