Хатлон. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

№89 (4195) 23.07.2020

колхозДар шаш моҳи соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 82 ҳазору 876,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 193, 8 тонна зиёд мебошад.

Тавре сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур иттилоъ дод, аз маҳсулоти содиротшуда 14 ҳазору 414,6 тонна тавассути нақлиёту тайёра ва 68 ҳазору 462 тоннаи дигар аз тариқи роҳи оҳан ба кишварҳои хориҷа фиристода шуд. Дар маҷмӯъ, маҳсулоти содиротгашта 92,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки аз вилоят ба хориҷи кишвар 80 ҳазору 472,8 тонна сабзавот, 59,8 тонна полезӣ, 2 ҳазору 308 тонна мева ва 36 тонна дигар намуди маҳсулот содирот шудааст, ки бештари онҳо ба шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Шаҳритуз тааллуқ доранд.

Манбаъ афзуд, ки маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон асосан ба Федератсияи Россия, Литва, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон содирот мешавад.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»