Солҳои 1991 — 1992 ҳизби пинҳонкори наҳзати исломӣ рӯирост ба амалу рафторҳои хоинона гузашт. Қатлу ғорат, террор, куштори модару кӯдак барои онҳо кори маъмулӣ шуд. Дар Муъминобод, ки сафи онҳо зиёд буд, дар деҳаҳои Шаҳринави болою поён, Деҳлоло, Дашти ар-ар, Охҷар ошкору пинҳонӣ ҷамъомаду маҷлисҳояшонро мегузарониданд. Боре дар деҳаи Деҳлоло маҷлиси махфиро доир ва ҳокиму волӣ, қозию додситон, миршабҳояшонро таъин карданд. Пас аз таъсис додани давлати исломӣ мақсад доштанд, касонеро, ки таълимоти онҳоро намепазируфтанд, ба қатл расонанд. Агар бо ҳидояту дастурҳои охундҳои иртиҷоии аҷнабӣ наҳзатиёни Тоҷикистон сари қудрат меомаданд, дар ибтидо сарҳои думравонашон — демократҳо ва дигар лаббайгӯёнашонро мегирифтанд.
Яъне, наҳзатиён исломро шиор карда, ба чашми мардуми мусалмони тоҷик дар 40 соли охир хок пошиданду фиребу найранг, саҳнасозӣ карданд ва оқибат худро чун гандумнамои ҷавфурӯш масхараи ҷаҳониён намуданд. Ҳамчунин, бисёриҳо дидем, ки чӣ гуна дар филми сеқисмаи «Хиёнат» парда аз рӯи ин наҳзатиёни ҷаллоду фосиқ, зархарид, ватанфурӯш ва мазҳабгадо бардошта шуд. Бо вуҷуди ин ҳама далелҳои ҳаққу рост ва фошкунанда Кабирию шогирдонаш ҳанӯз ҳам тарки разолат, бадбинӣ, ҳасудӣ, нотавонбинӣ, кӯрнамакӣ нисбат ба халқу Ватан накардаанд. Хеле хуб мебуд ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад, ки кабириҳо аз номи ҳизби даҳшатафкану экстремистиашон, ки хуни бегуноҳони зиёд, равшанфикрону зиёиёни аз он исломгароёни оқипадар ҳазорҳо бор авлотару болотару маҳбубтар дар гарданашон аст, унвони поки исломиро гиранд.
Дигар ин ки то ҷаҳон аст аз ҳама кору амали разилтарин, фосиқтарин ва нобахшиданитарин нон хӯрдану туф кардан ба намакдон, носипосӣ ба зодгоҳ, диёр, кишвару миллат буд ва ҳаст. Дар Варшаваю Олмону Амрико зиста, аз тариқи «Озодӣ»-ю сомонаҳои дигари иҷтимоӣ бад кардани давлату миллати тоҷик дигар ба «дардашон» намехӯрад, зеро дарди онҳо, ки ватанфурӯшӣ ном дорад, бедавост. Шояд олимони соҳаи тандурустӣ дар ниҳояти кор табобати коронавирусро пайдо кунанд, вале дарди шуморо аз давраи «Одам то ба ин дам» касе муолиҷа накардааст.
Бо ин дард хоҳед мурд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор, ноҳияи Муъминобод