Рамзи иттиҳоду ягонагӣ

№90 (4196) 25.07.2020

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз, баҳамоиву ­сарҷамъии миллат ва иттиҳоду ягонагӣ, пирӯзии ақлу заковати солим дар кишвар аст, ки роҳро ба сӯи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ ҳамвор намуд.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик барои бунёди давлати соҳибистиқлол пайроҳаҳои душвору марҳилаи сангини зиндагиро паси сар намудааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ низ бо иғвою дасисаҳои душманони хориҷиву дохилӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар фарзандони миллат ҷон аз даст доданд. Дар ҳамон лаҳзаҳои барои миллат сарнавиштсоз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари Ҳукумат омаданд ва бо ақлу хиради азалӣ миллату давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшиданд.

Ҳоло бояд шукрона ва ифтихор кунем, ки тавонистем душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии фарзанди сарсупурдаи миллат бартараф карда, арзишҳои бузурги умумимиллӣ — соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватан­ро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузошта, пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварро тадриҷан таъмин намудем.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангдӯсти тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуд. Бале, миллати тоҷик, ки аз азал бо сулҳу салоҳ ва муросову мадоро мушкилоти сиёсиву иҷтимоиро ҳал менамуд, бори дигар музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфт. Аз ҷониби дигар, дар ҷараёни музокироти қариб чорсола хуб дарк намудем, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлату давлатдорӣ сабаб мегардад. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва буҳрони миллӣ эътироф гардид ва эътиборро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боло бардошт.

Ба қавли собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд». Татбиқи давра ба давраи раванди сулҳ ва таҳкими фазои боварӣ ба ҳамдигар ҷонибҳоро мутмаин ­сохт, ки роҳи ягонаи ҳалли ихтилоф маҳз гузашту ризояти тарафайн, даст кашидан аз мухолифати мусаллаҳона ва хунрезӣ, барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикис­тон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар ин маврид соли 2004 Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин ёдрас шуда буданд: «Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем».

Ба ин хотир аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳо мақоми хоса дорад. Мо ба ин рӯзи пурсаодат бар ивази талафоти бузурги моддиву маънавӣ, ҷони ҳазорон қурбоншуда ва бо заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишвар ба ҳисоб меравад. Меъмори сулҳи тоҷикон, бешубҳа, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мебошанд, ки аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан барои дар кишвар барқарор намудани он талошу ҷонбозӣ карданд ва кишварро ба хонаи умеди тоҷикон ва Ватани сулҳу ваҳдат мубаддал сохтанд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус, ҷавонон, бояд шукронаи Ваҳдати миллӣ, соҳибдавлатӣ, ободии сарзамини биҳиштосоро кунанд ва донанд, ки Ваҳдати миллӣ танҳо тавассути худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ба даст меояд ва дар ин роҳ талош намоянд.

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон