- Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ба дастгоҳҳои судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 — ум 299 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид ва ҳал гардидаанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (22 июли соли равон) раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода.
Аз ин шумора 114 мактубу дархости Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 муроҷиати вазорату идораҳо, 11 лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, 25 аризаву дархостҳои дигарро ташкил медиҳанд. 123 аризаву шикоят бевосита ба фаъолияти баамалбарории адолати судӣ алоқаманд мебошад.
Бино ба гуфти номбурда, дар нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1851 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ ва аз ҷониби суди марҳилаи якум 1509 санади судӣ қабул шудааст. Аз ҷумла, 1049 парванда моҳиятан ҳал гардида, доир ба онҳо ҳалномаи судӣ бароварда, 56 парванда аз истеҳсолот гирифта, 74 ариза бе баррасӣ мононда, қабули 12 ариза рад ва 318 ариза, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ мутобиқ набудан, баргардонда шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ 207 парванда ва дар марҳилаи назоратӣ 135 парванда баррасӣ гардидаанд.
Шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 191 адад зиёд аст.
Дар ин давра ба маблағи 339 836 011 сомонӣ даъво қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат 1645107 сомонӣ боҷ рӯёнида шудааст.
- Ҳоло иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 — 2021» идома дорад. Мувофиқи банди 2-и он ҷиҳати танзими масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида буд, ки қабул шуд ва аз 19 марти соли равон таҳти №755 мавриди амал қарор гирифт, — иброз дошт раиси Суди Олии иқтисодӣ.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»