Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара

№91 (4196) 28.07.2020

50150188493_c406e15239_o25 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд.

Ҳадаф аз сафар шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили хоҷагиҳо, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба истифодаи самараноки замин, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маҳсулоти ғизоӣ буд.

Боздиди кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии «Сомонҷон» оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии «Сомонҷон» дар 200 гектар боғи интенсивӣ ташкил ёфта буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат ба роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» супориш дода буданд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла полезӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ кишт намоянд.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки аз ҳосили ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт — Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб — интернати рақами 2 — и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонна полезӣ кумаки моддӣ расонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мардуми кишвар оид ба захираи маҳсулоти ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду — се ҳосил дастур доданд.

Дар хоҷагии «Сомонҷон» имсол дар майдони 170 гектар, аз ҷумла, 130 гектар дар байни боғҳо, полезӣ кишт намудаанд, ки ҳосили фаровон доранд.

Дар хоҷагӣ истифодаи замин ба таври намуна ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо, ба ғайр аз тарбузу харбуза дар байни қатори боғҳо 60 гектар дони макка ва 10 гектар бо обёрии қатрагӣ пиёз кишт гардидааст.

Иҷрои нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб аст. Коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда дони макка, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, карам ва дар 150 гектар сабзӣ коштаанд.

Тавре мушоҳида гардид, ҳосили тамоми намуди зироат ва полезӣ дар хоҷагии «Сомонҷон» фаровон аст. Деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти парваришкардаро аз сари замин ба тоҷирон мефурӯшанд. Тарбузу харбуза ва дигар сабзавоту меваи хоҷагӣ ба бозорҳои ноҳияи Данғара, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахт ворид карда мешавад.

Дар хоҷагии «Сомонҷон» Сарвари давлат аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд. Дар ин хоҷагӣ таҷрибаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бахши боғдорӣ, зироаткорӣ ва полезӣ хуб истифода мегардад.

Дар ин ҷо, ҳамчунин, ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос гардида, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду — се ҳосил гирифта мешавад.

Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз боғи хоҷагии деҳқонии «Барно» дидан карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида тариқи обрасонӣ боғ бунёд шудааст, ки 60 нафар бо кори доимӣ ва дар мавсим беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб мегарданд.

Коргарони хоҷагии деҳқонии «Барно» байни қатори боғро самаранок истифода бурда, кишти полезӣ, картошка, помидору бодиринг ва лӯбиёгиҳо гузаронидаанд.

Ҳолати токзор низ хуб аст. Дар 4 гектар 460 бех ниҳоли ток парвариш меёбад.

Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ шумораи дарахти олу 1706 бех, себи шоҳӣ — 276, себи интенсивӣ — 260, зардолу — 400, шафтолу — 420, гелос — 146, олучаи бобогӣ — 200, ангур — 460 ва хуч 1000 бехро ташкил медиҳад.

Аз ҳосили бадастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна барои коркард ба Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шудааст. Дар хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли деҳоти ба номи Исмат Шариф заминҳои полезии хоҷагии деҳқонии «Фатҳиддин» — ро аз назар гузаронданд.

Коргарони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар тарбузу харбуза кишт кардаанд, ки ҳосилаш фаровон аст.

Дар ин ҷо бо истифода аз зери плёнка навъҳои серҳосил ва хуштамъи тарбузу харбуза кишт карда шудааст. Дар байни қаторҳо бошад, парвариши дигар сабзавотро ба роҳ мондаанд.

Тибқи маълумоти роҳбарияти деҳоти ба номи Исмат Шариф, дар ҳудуди деҳот 7130 гектар замин мавҷуд аст, ки 2510 гектари он обӣ ва 220 гектараш боғ мебошад.

Кишти полезӣ дар деҳот 130 гектар — 10 гектар замини лалмӣ ва 120 гектар обиро ташкил медиҳад.

Нақшаи кишти такрории деҳоти ба номи Исмат Шариф ба 1170 гектар баробар аст. Айни ҳол дар 800 гектари он кишт гузаронида шудааст. Кишоварзон нақша доранд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон кишти картошкаро ба роҳ монанд.

Данғара дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрӣ ба шумор меравад.

Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонӣ баробар ва афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар, аз ҷумла, дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 690 гектар картошка, 1389 гектар сабзавот, 4587 гектар пахта ва ғайра кишт кардаанд.

Тамоми ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳия ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ва боду ҳавои мусоид бо истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

www.president.tj