«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
(Моддаи 43 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ вазифаҳои нав гузошта, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро аз вазифаҳои аввалиндараҷа меҳисобанд.
Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои он дониста мешавад.
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 феврали соли 2013) чунин омадааст: «дар натиҷаи иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи бист сол Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои низомӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфтанд ва имрӯз бо низоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати арзандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд».
Ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тӯли ин солҳо малакаю маҳорати ҷангии худро такмил дода, бо аслиҳаи муосири ҷангӣ, мутахассисони касбии дорои маълумоти олии ҳарбӣ таъмин гардидаанд. Аз шиносоӣ бо яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон аён гашт, ки низоми ҳарбӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ин қисми ҳарбӣ навтаъсис буда, ба қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил аст. Мутахассиси ҷавону соҳибмаълумот майор Шуҳрат Муъминов командири ин қисми низомӣ мебошад. Ӯ тӯли фаъолияти худ таҷрибаи калони роҳбариро касб намудааст. Пеш аз ҳама ҳамчун командири қисми ҳарбӣ якҷоя бо ҳайати фармондеҳии қисм кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хизматчиён талаботи оинномавиро риоя намоянд. Риояи талабот, қабл аз ҳама ба мустаҳкам гаштани интизом, иҷрои вазифаҳои дарпешистода мусоидат мекунад.
Мо бо шароити будубош, машғулиятҳои тактикӣ ва амалии хизматчиён шинос гардидем. Онҳо ҷавобгӯйи талаботи низоми ҳарбӣ мебошанд. Дар суҳбат бо чанде аз хизматчиён маълум гашт, ки ин ҷо барояшон мактаби ҷасорату мардонагӣ, дӯстию рафоқат ҳисоб меёбад. Аскари қаторӣ Хуршед Бозоров аз ноҳияи Муъминобод ба хизмат даъват шудааст. Ҳамчун дорандаи маълумоти олӣ хизмат барояш як сол муқаррар гардидааст. Мехоҳад, ки баъди адои хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавононро, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даъват шудаанд, бо ҳам қарин, дӯсту рафиқ мегардонад. Бо чанд нафар сарбозон, аз ҷумла Муҳиддин Муҳиддинов (аз шаҳри Истаравшан), Рустам Сатторов (аз ноҳияи Ҷиргатол), Ҳабибулло Сабзаев (аз ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ), ки суҳбат доштем, аз ин хусус қаноатмандона сухан меронданд.
Баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, бурдани корҳои тарбиявӣ аз вазифаҳои асосии ҳайати фармондеҳӣ мебошад. Аз суҳбат ба мо муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба кор бо ҳайати шахсӣ майор Бекмурод Кабиров маълум гардид, ки дар ин самт тадбирҳои зиёде амалӣ мешаванд. Маҳз чунин низом ва талаботи қатъии оинномавӣ буд, ки қисми ҳарбии мазкур дар байни қисмҳои низомии шаҳри Душанбе дар чорабинии фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни 21- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани ҷойи аввал ноил гардид. Аз рӯйи ҷамъбасти давраи хониши тобистонаи соли 2013 соҳиби Байрақи сайёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофот шуд. Ғолибият масъулият низ дорад. Бо хизмати намуна ва тартибу интизом ҳайати шахсӣ ва хизматчиёни ҳарбии қисм кӯшиш доранд, ки Байрақи сайёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ доранд, -мегӯяд майор Бекмурод Кабиров.
Доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва кормандони илму фарҳанг дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад. Аз ин хотир бахшида ба 21- умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомӣ бо раиси Шӯрои куҳансолони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Авзал, муовини роҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Ҷамъияти ҷанговарони башардӯст Валиҷон Сайёрабеков мулоқот баргузор гардид.
Мувофиқи фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбе падару модар ва наздикони хизматчиёни қисми ҳарбии мазкур имкон доранд, ки бо онҳо вохӯранд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»