- Сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз боло рафта, теъдоди ҷавонмардони ватандӯст, ки бо майлу иродаи худ хоҳиши ба ҷо овардани хизмати Ватанро доранд, меафзояд. Ин раванд, яъне бедор кардани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва ташвиқу тарғиби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, натиҷаи саъю талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар самти фароҳам овардани шароити лозимӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Аз ҷумла, хизматчиёну афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иловаи шароити хуби кору хизмат дар қисмҳои низомӣ, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо манзили зист таъмин карда мешаванд.
Рӯзи 15 феврали соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули кадрҳои нав дар мақомоти қудратӣ вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ комилан аз байн бурда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои ҳалли ин мушкил бояд тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шурӯъ шуда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар остонаи 21- солагии таъсиси Артиши миллӣ барои дарёфти Ҷоми фармондеҳи қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хизматчиёни ҷузъу томҳо мусобиқаи варзишӣ доир гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ҷом, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои таъсисдодаи ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар шаҳри Душанбе ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Тавре Ҳабиб Сулаймонӣ - сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, 23 феврали соли равон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи калони консертӣ доир хоҳад гашт.
Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас ва ҷонии ҳар ҷавонмарди кишвар аст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»