Самира Алинажод дар мусоҳиба бо рӯзномаи «The Guardiён» изҳорот дода буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Билол — қотили писарашро нахоҳад бахшид, вале аз фикри худ гашт.
Абдулло Ҳусейнзода тирамоҳи соли 2007 дар синни 18 – солагӣ кушта гардид. Абдулло писари дуюми хонадони Алинажодҳо буд. Писари дигари хонадон дар синни 11 – солагӣ дар як садама ба ҳалокат расида буд. Мисле ки аҷал ба ин хонадон чашм ало карда бошад. Модари бечора пофишорӣ дошт, ки қотили Абдулло ҳатман бояд ба дор кашида шавад. Вале ҳар қадар муҳлати ба иҷро расондани ҳукми қатли Билол наздик мешуд, Абдулло ба хоби модари дилсӯхтаи худ медаромад.
- Даҳ рӯз пеш аз иҷрои ҳукми қатли гунаҳкор дар хоб писарам Абдуллоро дидам, ки бахшидани гуноҳи қотили худ – Билолро аз ман хоҳиш мекард. Аммо ман инро намехостам, — мегӯяд Самира. — Вале ду шаб пеш аз иҷрои ҳукми қатл, боз писарам ба хоби ман даромад. Ин навбат аз ман ранҷида, суҳбат кардан нахост.
Ин модари дилафгор дар қисмати шимоли Эрон, музофоти Мозандарон зиндагӣ менамояд. Дар дақиқаҳои охирин, ғайриинтизор аз шавҳараш хоҳиш кард, ки ҳалқаи дорро аз гардани Билол бигирад. Ин бахшиши ӯ хотирмонтарин амали инсонӣ гардид ва дили одамони зиёдро дар тамоми Эрон ва ҷаҳон тасхир намуд.
Шаби пеш аз иҷрои ҳукми қатл ба хонаи Самира хешу табори зиёди Билол омада буданд. Бо назардошти дарки ғаму андуҳи ҳафтсола кашидаи модари Абдулло, касе ҷуръати розӣ кунондани ӯро барои авфи гуноҳи Билол накард.
Ба ҳайси парастори Абдулло, падари хонадон Абдулғанӣ тибқи қонунҳои Эрон ҳуқуқи манъ кардани ҳукми қатлро дар ихтиёр дошт. Аммо ӯ аз ин ҳуқуқи худ ба фоидаи модари фарзандҳояш даст кашид.
- Мо, аҳли хонадон шаби пеш аз иҷрои ҳукми қатл то субҳ мижжа таҳ накарда, ба қарори қатъӣ омада натавонистем. Аз гуноҳи қотили писарам гузашта наметавонистам, — мегӯяд модари сиёҳбахт. – Шавҳарам бошад, маслиҳат дод, ки такя ба Худованд мекунем ва мебинем, ки чӣ иттифоқ меафтад?
Субҳи барвақти рӯзи ба дор кашида шудани Билол, Самира Алинажод дар назди дарвозаи маҳбаси «Нур» дар байни издиҳоми ба муносибати қатли Билол ҷамъомада, меистод.
- Сухани охирин аз туст, чунки бештар ту азият кашидаӣ, — гуфт ба ӯ шавҳараш Абдулғанӣ.
Баъди тиловати ояте аз «Қуръон»-и маҷид, ходимони маҳбас ҳалқаи дорро ба гардани Билол, ки бо чашмону дастони ба пушт баста, болои курсие ҳайратзадаву ноумед меистод, партофтанд. Кодекси ҷиноятии Эрон ба вориси қурбонӣ иҷозат медиҳад, ки маҳкумшударо ба қатл расонад. Яъне, курсиро аз таги пои маҳкумшуда дур кунад.
- Маргро эҳсос карда, Билол фарёд кашид, ки аз гуноҳаш гузарем, — ба ёд меорад Самира. – Ман ҳам дар навбати худ ба сари ӯ дод задам, ки магар, вақти куштани Абдуллои ман, ҳолати падару модар ва ягона хоҳари ӯро пеши назар оварда буд?
Издиҳоми шоҳиди ин манзараи ҳузновар ҳам «Аму Абдулғанӣ!», — гӯён илтиҷо мекарданд, ки аз гуноҳи Билоли ҷавон гузаранд.
Қисмати Билол дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳаяҷоноваре, ки канда шудани таноби умри қотил дар дасти модари қурбониаш буд ва ҷунбондани даст ё андаке зарби пой метавонист, ӯро аз ҳаёт маҳрум намояд, гардиши ғайричашмдошт гирифт. Самира Алинажод курсии зери пои қотили писарашро дошта, ба ҷои он ки онро дур кардан, ба рӯи қотил шаппотие фаровард.
- Баъди ин ман дар худ сабукие эҳсос намудам ва хашму ғазаб вуҷуди маро тарк намуд. Ҳис кардам, ки хун дар рагҳои ман аз нав ҷорӣ гардид, — баъдтар қисса намуд модари ғамзада. – Аз шавҳарам хоҳиш намудам, ки баромада, ҳалқаро аз гардани он бадбахт раҳо кунад. Баъди чанд лаҳзае, Абдулғанӣ ҳалқаро раҳо намуд.
Кубро – модари Билол қанот бароварда, садди байни издиҳом ва қатлгоҳро хез гирифта, Самира – модари писареро, ки писари ӯ кушта буд, ба оғӯш кашид ва пойҳои ӯро бӯсиданӣ шуд.
- Ман монеи ин кори ӯ шудам, — мегӯяд Самира Алинажод.
Ораш Хомӯшӣ, суратгири «Исна» — Хадамоти иттилоотии Эрон силсиласуратҳоро аз ин саҳнаи ғайриодӣ ба сайту рӯзнома ва шабакаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн намуд. Дар байни он аз ҳама мутаассиркунанда акси ду модаре, ки писари яке фарзанди дигарро ба қатл расондааст, буд.
Акнун Билол муҳлати ҷазоеро, ки барои ӯ лозим мешуморанд, дар маҳбас мегузаронад. Тарафи қурбонӣ танҳо метавонад, ки ҳаёти ба қатл маҳкумшударо наҷот диҳад. Муҳлати адои ҷазоро дар маҳбас, ки дар салоҳияти ҳокимияти судии Эрон аст, тағйир дода наметавонад.
- Барои модар аз даст додани фарзанд гум кардани маънии ҳаёт аст. Баъд аз он ки ман аз гуноҳи қотили писарам гузаштам, одамони зиёд маро бо эҳтироми бузург модари худ номиданд. Ин боиси хушҳолию қаноатмандии ман гардид, ки як писар гум карда, садҳо писар пайдо намудам.
Таҳияи М. РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»