Инсон неруи ақлу хирадро истифода бурда, дар олами ҳастӣ ҷойгоҳ ва мақому мартаба пайдо мекунад. Ин аст, ки хирад асли вуҷуди инсонӣ, муҳаррики рушду тараққӣ буду ҳаст. Аммо дар муқобили он хурофот ва тафаккури хурофотӣ қарор дорад, ки инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеаи инсониро ба қафо мекашад. Хурофот ва тафаккури хурофотӣ аз мушкилоти зеҳнию фикрии ҷомеа маншаъ мегирад ва дар ҳар давру замон вобаста ба сатҳи донишу маърифати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ мекунад. Зимнан, ҳар қадар таассубу хурофот дар ҷомеа реша давонад, ҳамон қадар мушкилоту инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, маданӣ ва сиёсӣ зиёд мегардад ва инсонҳо аз масири рушду инкишофи иҷтимоию фарҳангӣ дур мешаванд.
Хурофот аз вожаи арабии «ал-хурофа» (шакли ҷамъи он «ал-хурофот») гирифта шуда, маънои мавҳумот, суханони хилофи ҳақиқат, пиндор, афсона, ёва ва эътиқод ба ҷоду ва тилисмотро ифода мекунад. Он чи ки дар зимни шарҳи вожаи «хурофот» метавон илова кард, ин аст, ки дар қабилаи арабии Бани Омир, ки Маҷнуни достонӣ (манзур достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун») аз он тоифа будааст, дар давраи пеш аз ислом марде бо номи Хурофа ибни Воил ал-Омирӣ зиндагӣ мекардааст. Ӯ мубталои бемории рӯҳӣ шуда, бар асари он миёни мардум суханони пучу беҳуда бисёр мегуфт. Бо таваҷҷуҳ ба ин мардуми қабилаи Бани Омир дурӯғгӯён ва ёвасароёнро ба Хурофа ибни Воил ташбеҳ намуда, ҳарфу суханони ононро пучу хурофотӣ арзёбӣ мекарданд. Ин буд, ки дар фолклори мардуми араб калимаи «хурофот» маънои суханони беҳударо гирифта, тадриҷан дар фарҳангномаю луғот ба маънои суханҳои дурӯғ, бепоя ва бемантиқ роҳ ёфт.
Агар ба таърихи рушди башарият назар афканем, инсоният то замони расидан ба марҳилаи тамаддун ва ҷаҳони нопайдоканоре, ки ӯро фаро гирифтааст, ҳамеша дар пайи посух ба пурсишҳое будааст, ки дар фаҳму дарк ва ҳаллу фасли онҳо оҷиз мемондааст. Аз ин лиҳоз, инсон бо ҳар роҳу васила кӯшиш мекард, ки ба моҳияти ҳодисаву падидаҳое, ки бо онҳо мувоҷеҳ мегардад, сарфаҳм равад, бо суолоти худ ҷавоб ёбад ва саранҷом дар баробари ҳодисаҳои табиӣ қудратнамоӣ кунад. Ҳамин тариқ, инсони ибтидоӣ дар зиндагии рӯзмарра ба воқеаҳои гуногун, рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои табиӣ бархӯрд мекард. Дар маҷмӯъ, барои инсони ибтидоӣ ду мавзӯъ муҳим буд: аввал, фаҳму дарки воқеаҳо ва далелҳои рӯйдодҳои неку бад. Дуюм, роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои ранҷовар, халосӣ аз мусибат ва сахтиҳои рӯзгор (имрӯз ҳам, қатъи назар аз он ки инсон ба пешрафтҳои назаррасе ноил гардидааст, ба хурофот майл дошта, ғолибан побанди хушкандешони мазҳабӣ мебошад. Мутаассифона ин воқеиятест, ки дар аксари ҷомеаҳои баста ва вопасгаро вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, хурофотзадагӣ мушкили ҷиддии замон низ ҳаст).
Дар гузаштаи дури таърихӣ тақрибан сохтори иҷтимоии инсони саҳронишин ва ё бадавиро боварҳои хурофотӣ ва тасаввуроти ваҳмангез фаро гирифта буд. Ба ин манзур, таҷрибаи мувоҷеҳ бо марг ва тарс аз рухдодҳои табиӣ, мисли сел, зилзила, вабо, тоун, бемориҳои гуногун ва амсоли инҳо ӯро ҳамеша дар ҳолати ташвишу изтироб қарор медоданд ва дар ин замина гурӯҳҳои иҷтимоие пайдо шуданд, ки бо такя ба боварҳои хушк ҳодисаҳои табииро шарҳу тафсир менамуданд. Аз ин рӯ, афсунгарӣ ва ҷодугарӣ ба сифати василаи ҳалли мушкилот мутаносибан дар фаъолияти рӯзмарраи зиндагии иҷтимоии инсони бадавӣ нақши калидӣ доштааст.
Бояд дар хотир дошт, ки ҷуғрофиёи миллӣ (Тоҷикистони таърихӣ) ҳамеша майдони ҳузуру нуфузи хурофот будааст. Сарчашмаҳои динию фарҳангӣ, аз ҷумла, «Авесто», «Ригведа», «Яштҳо», «Готҳо», «Динкард», «Вандидод» ва амсоли инҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аз куҳантарин замонҳо шурӯъ карда, то ба даврони Ҷамшед, Зардушт, Монӣ, Маздак, Сосониён, Сомониён ва империяи шӯравӣ мубориза байни хурофот ва дин ҳеҷ гоҳ қатъ нагардидааст. Дар даврони Ҷамшед рӯҳониёни зарвонӣ ва дарбориёни бегонапараст давлати дунявии Ҷамшедро ба шикаст дучор намуданд. Азбаски Ҷамшеди Пешдодӣ шахсияти барҷастаи илмӣ ва фалсафӣ буд, қишри рӯҳонияти вақт назарот, иқдомот ва барномарезии созандаи ӯро, ки ба манфиати умум равона шуда буданд, таҳаммул карда натавонист ва мардумро алайҳи ӯ шӯронид. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», дар боби подшоҳии Ҷамшед ёдовар мешавад, ки ӯ шахсан 17 кашфиёти илмӣ карда, ба ин восита дар давлати худ биҳишти заминӣ сохтааст. Тибқи ривоёт, ӯ мардумро аз қаҳтию беморӣ наҷот бахшида, баробарӣ ва адолати иҷтимоиро барқарор кардааст.
Мутаассифона, тафаккури хурофотӣ ҳоло низ ҷомеаро таҳдид мекунад ва дар ҳоле ки бархӯрдҳои сиёсию динӣ дар гӯшаю канори сайёраи Замин ташаннуҷ пайдо менамоянд, рӯ овардан ба илму хирад ва пайвастан ба фарҳанги миллӣ аз роҳи ҳалли асосӣ буда метавонад.
Бегуфтугӯ, хурофот ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба самти ақибмондагӣ, таассуб (фанатизм) ва вопасгаройӣ савқ медиҳад ва дар маҷмӯъ, дар баробари хатарҳо аз ҳар ҷиҳат осебпазир месозад. Барои он ки ҷомеа фиреби хурофотиёну мутаассибонро нахӯрад, бояд ки сатҳи огоҳии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмӣ боло бошад. Зеро сатҳи зарурии огоҳӣ имкони мусоиди наҷот аз хурофотро фароҳам меоварад. Мунтаҳо, сатҳи нуфузи хурофотпарастиро танҳо аз роҳи дастаҷамъӣ ва иштироки афроди пешқадами ҷомеа метавон коҳиш дод.
Н. НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода