Ӯзбекистон. Парламенти ҷавонон ба фаъолият шурӯъ кард
Дар назди Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Парламенти ҷавонон таъсис ёфт ва 30 июли соли ҷорӣ ҷаласаи якуми он аз тариқи онлайн баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиш Бахтиёр Сайфуллоев қайд кард, ки парламент аз ҳисоби ҷавонони ташаббускору пешқадами кишвар, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият ва ба Ватан содиқона хизмат мекунанд, дониши баланд, рӯҳияи созандагӣ, доираи фаҳмиши васеъ ва сифатҳои роҳбариро доро мебошанд, созмон ёфтааст.
Дар ҷаласа Моҳистарӣ Муҳаммадюнусова якдилона раиси Парламенти ҷавонони Ӯзбекистон интихоб гардид. Ҳамчунин, муовинони раис, раисони комиссияҳо ва кумитаҳо тасдиқ шуданд.
Масъалаи ташкили парламентҳои ҷавононро 19 апрели соли 2019 Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар иҷлосияи баҳорӣ тасдиқ ва дар ин бора ба парламентҳои кишварҳои аъзои ИДМ тавсия ирсол намуд.
Сомонаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ
Беларус. Овозаҳо нодуруст баромаданд
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Беларус Паём ба Парламент ва мардуми кишвар ирсол менамояд. Дар Ҷумҳурии Беларус овоза паҳн шуда буд, ки Паёми имсолаи Президент ба таъхир гузошта мешавад ва онро ба саломатии Роҳбари давлат вобаста медонистанд. Вале овозаҳо тасдиқ нашуданд.
«Яндекс. ру»
Россия. Маоши муаллимон бозҳисобӣ мешавад
Баъди ҳисоботи Ҳукумати Федератсияи Россия дар Думаи давлатӣ (22 июли соли ҷорӣ) вобаста ба пешниҳоди зиёди вакилон ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта супориш дода шуд. Аз ҷумла, раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин аз кам будани маоши муаллимон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ибрози назар ва пешниҳод намуд, ки Ҳукумати Федератсияи Россия ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
- Тибқи ҳисоботи коғазии «Росстат», омӯзгорон 40 ҳазор маош мегиранд, вале воқеият чунин нест. Тавре интихобкунандагон зимни вохӯрӣ бо вакилон гуфтанд, маоши кормандони соҳаи маориф аз 18 то 28 ҳазор рубл аст. Дар соҳаи тандурустӣ низ чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад, — иброз намуда буд В. Володин.
Сипас, масъаларо ниҳодҳои дахлдор мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Ба Вазорати маориф, вазоратҳои меҳнат, молия ва Иттифоқҳои касабаи маорифи умумироссиягӣ супориш дода шудааст, ки натиҷаҳои таҳлил роҷеъ ба масъала бояд то 1 ноябри соли ҷорӣ омода шавад.
Зимни вохӯрӣ бо Сарвазири мамлакат Михаил Мишустин муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба маориф ва илм Михаил Зайтсев масъалаи оғози соли нави таҳсилро дар шароити паҳншавии коронавирус пурсон шуда буд.
- Дар маҷмӯъ, ба оғози соли нави таҳсил дар муҳлати муқаррарӣ, яъне, 1 сентябр, омодаем, — гуфт Сарвазири Федератсияи Россия.
Айни ҳол роҷеъ ба омодагӣ ба соли нави таҳсил аз минтақаҳо маълумот дастрас шуда истодаанд.
«Парламентская газета»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»