сухане чанд роҷеъ ба фаъолияти ҷавонони шаҳри Истаравшан
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ зимни мулоқот бо варзишгарон ( 20 декабри соли 2010) чунин зикр намуданд: «Варзиш гарави саломатӣ буда, саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад», — мегӯяд мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Фозилҷон Бобоев.
Фозилҷон Бобоев зимни суҳбат иброз дошт, ки ҷавонони имрӯзаро метавон артиши неруманду тавонои ҷомеа, дорои тафаккури созандаю бунёдкорона, ахлоқи ҳамидаю фарҳанги воло ва сорбони корвони ватандорию ватанхоҳӣ номид, зеро саҳми ҷавонони кишварамон дар раванди бунёди ҷомеаи навин, ҳифзи марзу буми мамлакат ва музаффариятҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, эҳтирому поси рамзҳои давлатӣ назаррас аст. Ҷавонони шаҳри Истаравшан бештари аҳолии шаҳрро ташкил дода, шумораашон ба 85252 нафар мерасад ва аксари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2013 низ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш ва туризм аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида шуда буданд. Дар самтҳои гуногуни дастгирии иҷтимоӣ, моддиву маънавии ҷавонон, дастгирии ҷавонони боистеъдоду болаёқат, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва тарбияи ҳарбӣ — ватанпарастии онҳо, мубориза алайҳи қонуншиканӣ ва истифодаи маводи мухаддир, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат ва рушди соҳаи туризм дар шаҳр кори зиёд анҷом дода шуд.
Бино ба гуфти мавсуф, барои амалӣ намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар шаҳри Истаравшан соли гузашта аз буҷети маҳаллӣ маблағи зиёд пешбинӣ шуда бошад ҳам, аз он ҳамагӣ 12010 сомониаш дастрас шуд. Барои татбиқи амалии «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2013» дар шаҳри Истаравшан 39500 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 39105 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Барои барномаи «Рушди футбол дар шаҳри Истаравшан барои солҳои 2013-2016» аз ҳисоби барзиёдиҷрошавии буҷет 70000 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Умуман, барои соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2013-ум 143153 сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки нисбати соли 2012 –ум 16573 сомонӣ зиёд мебошад. Барои дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёну хонандагон стипендияи раиси шаҳр таъсис дода шудааст, ки маблағи умумии он дар соли хониши 2013-2014-ум 10000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин шаш нафар ҷавонони болаёқати шаҳр ба гирифтани стипендияи Президентӣ ва як нафар ба идрорпулии раиси вилояти Суғд мушарраф гардиданд. Дар мавриди пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонону наврасон, аз қабили ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ, ҳаракатҳои экстримистӣ, аъзои гурӯҳҳои зудамалкунанда, маҳфилҳои тарғиботию ташвиқотӣ, мубоҳисавӣ–сиёсии «Ихтиёриёни ҷавон», «Стипендантҳо», шӯроҳои духтарон, донишҷӯён, мактаббачагон, муассисаҳо ва коллеҷҳо кори муайянро анҷом доданд.
- Ба хотири таъмини ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ соли гузашта дар қаламрави шаҳр 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида, 252 нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Барои 22 нафар ҷавонписар маблағ барои машғул шудан ба соҳибкорӣ дода шудааст. Ба 137 нафар ҷавонони муваққатан бекормонда кумакпулӣ ҷудо ва ба 360 нафар ҷавонони шаҳр касбҳои гуногун омӯзонида шуд. Бояд зикр намуд, ки соли гузашта бори аввал вохӯрии раиси шаҳр бо ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар макотиби олии кишвар таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Ҳамсуҳбатамон дар мавриди рушди варзиш дар шаҳр мегӯяд, ки ин соҳа рӯз аз рӯз тараққӣ меёбад. Соли гузашта варзишгарони шаҳри Истаравшан дар мусобиқаҳои гуногуни кишвар ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани 548 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ соҳиб гаштанд, ки нисбат ба соли 2012 зиёд мебошад. Соли 2013 варзишгарони шаҳр дар 21 мусобиқаи гуногуни вилоятӣ, ҳашт ҷумҳуриявӣ ва чор чемпионати ҷаҳон, Осиё, Осиёи Марказӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла ҷавонони шаҳри Истаравшан соли сипаришуда дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 130 медал ба даст оварданд ва ин нишондиҳанда дар соли 2012 ҳамагӣ 55 ададро ташкил медод. Соли гузашта дар шаҳр мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштии тарзи камарбандӣ, волейбол байни духтарон, футболи байни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳал барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳр», мусобиқаи байналмилалии «Комбат ва Айкидо», мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуданд. Бо иштироки раиси вилояти Суғд 19 апрели соли 2013 дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони №1 толори нави варзишӣ ба маблағи 670 ҳазор сомонӣ бо дастгирии варзишгарон ва соҳибкорон сохта, ба истифода дода шуд. Дар мактаби варзишии «Ҳосилот» майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз мо бо варзишгарони номии Истаравшан, аз қабили Хусрав Облобердиев, Акмал Қодиров, Шавкат Зарипов, Абдуазим Бойназаров, Илҳом Баротов, Шӯҳрат Нортоҷов, Ҷамшед Бозоров ва дигарон фахр мекунем, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд.
Дар бобати вазъи туризм сарвари ҷавонони шаҳри Истаравшан гуфт, ки соҳаи туризм дар шаҳр рушд мекунад. Айни замон дар шаҳр зиёда аз 150 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамасола аз 100 то 200 нафар сайёҳон аз давлатҳои гуногуни олам ба ин ҷо ташриф меоранд. Инчунин баҳри қабули сайёҳон дар шаҳр 14 меҳмонхона амал мекунад, ки дорои шароити муосир аст. Соли гузашта 147 нафар хориҷиён, 485 нафар туристони дохилӣ ба шаҳр ташриф оварда, зиёда аз 500 нафар ба хориҷи кишвар ба саёҳат рафтанд.
- Мо, ҷавонони шаҳри бостонии Истаравшан, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ, оромию осоиштагӣ, тинҷию амонӣ ҳамеша аз пешрафту музаффариятҳои Ватанамон хушҳолу сарбаланд гардида, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи нақшаю тадбирҳои ба уҳда гирифтаамонро пурра иҷро намоем,- гуфт Ф.Бобоев.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 фармудаанд: «Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд».
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»