Озмуни беҳтаринҳо

№95 (4201) 08.08.2020

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар вилояти Суғд озмуни «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори махсуси  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тас­виб расидааст.

Мақсад аз он вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллист.

Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла, ғолибони бахши ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин барои ҷойҳои 1, 2 ва 3 мутаносибан бо 6000, 4000 ва 2000 сомонӣ, деҳаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин ва маҳаллаи беҳтарин — 4000, 3000, 2000 сомонӣ ва оилаи беҳтарин бо 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»