Оштии миллӣ роҳи тараққиёт ва ҳаёти осоиштаро ҳамвор намуд

№95 (4201) 08.08.2020

ВахдатДар робита ба аҳамияти ҷашни ваҳдату оштии миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон фармуданд: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Ба шарофати сулҳу субот, ваҳдату иродаи матини мардум тавонис­тем на танҳо давлатро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар роҳи таъмини рушди побарҷои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат қадамҳои нахустин дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд. Маҳз дар он қувваҳои солими сиёсии ҷомеа Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд. Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосия изҳор доштанд, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демок­ратии ҳуқуқ­бунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем».

Сарвари давлат он вақт бо ин суханон барномаи сулҳ ва ваҳдати миллии ояндаро эълон карда буданд. Роҳбарияти нави сиёсии мамлакат ягона роҳи дурусти ба сулҳу ваҳдати миллӣ расиданро дар гуфтушунид бо иттиҳоди мухолифин медиданд. Бинобар ин, марҳилаи гуфтушунидҳо оғоз ва дар якчанд давра доир шуданд. Дар аксарияти онҳо Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шахсан ширкат варзида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб саҳми беназир гу­зоштанд.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба манзури расидан ба рушди иқтисодиёт чан­д санади ҳуқуқӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Аз ҷумла, «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид, ки барои ба эътидол овардани вазъи иқти­со­дию молиявӣ, болоравии сатҳи иқтисодиёти миллӣ заминаи устувор гузошт. Дар идома, солҳои охир барои иҷрои мақсадҳои рушди ҳазорсолаи нав чораҳои таъхирнопазири муассир низ андешида шуданд.

Ин муваффақиятҳо ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии низоми нави иҷтимоию иқтисодӣ низ алоқаи бевосита доштанд, чунки дар ҳалли проблемаҳои ҷомеа, аз ҷумла, дар амри таҳкими ваҳдати миллӣ, нақши меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ хеле муҳим буд. Аз ин хотир, баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол қонунҳое таҳия ва қабул гар­ди­данд, ки заминаҳои ҳуқу­қии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Ҳамчунин, нақши санадҳое, ки дар рафти гуфту­шу­­ниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шу­данд, хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқ­ро­ри сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳам­ди­гар­бахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низо­мӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485), қонунҳо дар бораи ҳизб­ҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Консти­тут­си­яи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷикистон (соли 1999) ва таъсиси парлумони думаҷлиса — Маҷ­ли­си мил­лӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият бахшиданд.

Бояд гуфт, аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузош­тан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи ҷонӣ ва ҷомеа донис­та, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимил­лӣ саъю кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутаассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеа, сарфи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, ба қадри зарурӣ рушд накардааст. Ҳамин аст, ки бо суиистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакат бавуҷудомада, ба амалҳои зиддиқонунӣ даст мезананд.

Ҳодиса­ҳои солҳои 2009 дар Тавилдара, 2010 дар шаҳ­ри Хуҷанд, оғози соли 2011 дар минтақаи Рашт ва соли 2012 дар вилояти Бадахшон рухдода далели онанд, ки ҳоло ҳам душманони миллати тоҷик дар шакли ниҳоду ташкилот ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ ҳастанд. Аз ин хотир, дар чунин шароити тақдирсоз ҳама бояд ба ақлу хирад такя намуда, ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.

Чанд омил аст, ки Ваҳдати миллиро, бахусус, барои аҳли кишвар, дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мебахшад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм — хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд. Ба омили хориҷӣ метавон ҳодисаҳои охири ҷаҳон, бахусус «баҳори араб»-ро шомил сохт. Заиф будани ваҳдати миллӣ дар қисме аз мамолики араб ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба онҳо сар халонанд ва бо ин васила бетартибию бенизомиро боис гарданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки эҷоди чунин шароит аз тарафи абарқудратҳо дар дигар минтақаҳои олам низ истисно нест. Ба омили хориҷӣ, муносибати на он қадар дӯстонаи баъзе аз мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе аз шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвар ҳар гуна монеаҳои сунъӣ эҷод месозанд, низ дохил намудан мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофи роҳбари давлат ва Ҳукумат зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба он назар андохтан айни муддао хоҳад буд.

Омили дигаре, ки метавон ба ин гурӯҳ дохил намуд, тақдири талхи мардуми Афғонистон ва то ба ҳол идома ёфтани кашмакашию низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, ҳамеша баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш менамояд.

Ба омили дохилӣ, қабл аз ҳама, ҷанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллат ҳамчун бори гарон то ба ҳол эҳсос мешавад. Баъдан, хурд будани ҷумҳурӣ ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки зарурати тақвияти пояҳои Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд.

Бояд дарк ва ифтихор кунем, ки бо шоҳидии вақт ҳазорсолаи дуюм­ро бо чанд форматсияи ҷамъиятӣ паси сар карда, ба ҳазорсолаи сеюм бо умеду орзу ва нақшаю барномаҳои нав ва созанда ворид шудем. Чун дар фазои истиқлолияти комили давлатӣ зиндагӣ дорем, бо тамоми вуҷуд бояд масъулият ва ифтихор дошта бошем, ки соҳибватан ҳастем. Ин бахт ба ҳар миллат ва халқ муяссар намешавад. Ҳамчун соҳибватан ба ҳифзи он, ба сарбаландӣ, обрӯю эътибор ва ободию зебогии он кӯшиш кунем ва шоистаю сазовори номи тоҷикистонӣ бошем. Ин масъулият, қарзи шаҳрвандӣ ва ватандорӣ дар назди наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад буд.

Шубҳае нест, ки бо гузашти айём насл­ҳои оянда аз фаъолияти шоёни насли имрӯза дар таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, чун беназиртарин дастовард ва саҳми арзанда дар тақвияту густариши арзишҳои миллӣ, эҷоди таҳаммулпазирию ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, ки баҳри пешрафти Ватан ва ояндаи неки шаҳрвандон равона гардидаанд, ифтихор хоҳанд кард.

Сафар НУРАЛИЗОДА,

муовини раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе