Барқияи табрикотӣ

№96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020

10 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикотӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Александр Григоревичи гиромӣ!

Лутфан самимонатарин табрикоти моро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади олии давлатӣ — Президенти Ҷумҳурии Беларус қабул фармоед.

Ғолибият дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асос­ҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус мебошад ва дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, тасдиқ менамояд.

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷом­ёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки дар самти шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям.

Мо нисбат ба ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ҳар ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумонамон мебинем.

Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам».

www.president.tj