Моҳи апрели соли 2014 бар асари боришоти зиёд ва омадани сел пули мошингузари маркази ноҳияи Ёвон вайрон шуд, ки боиси мушкилоти сокинони кӯчаҳои ба номи Расул Раҷабов ва маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид. Хушбахтона, тавре аз шуъбаи сохтмони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, он аз нав бунёд гардида истодааст. Айни замон дар он корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, кормандони ҶДММ «Наврӯз» рӯзҳои наздик корҳои охирини васлу насбро ба сомон мерасонанд.
Иқтидори вазнбардории пули нави мошингузар 80 тонна мебошад. Дар ду тарафи он барои пиёдагардон роҳравҳо сохта шудааст. Сохтмончиён ният доранд, ки пули навро дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳанд.
Муҳаммадшукур ҲОМИЛОВ,
ноҳияи Ёвон