Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» (№1356 аз 30 сентябри соли 2019), аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Он яке аз манбаъҳои муҳимтарини иттилоот дар бораи аҳолӣ буда, тавассути он маълумот оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-демографӣ ва саводнокии аҳолӣ бо роҳи пурсиши фардии шаҳрвандон ба даст оварда мешавад. Бо ин мақсад барӯйхатгирии аҳолӣ бо дарназардошти имконияти давлат дар даҳ сол як маротиба баргузор мегардад.
Бояд гуфт, барӯйхатгирии солҳои пешин назар ба солҳои наздик фарқияти калон дошт. 28-уми январи соли 1897 дар империяи Россияи подшоҳӣ барӯйхатгирии нахустини умумии аҳолӣ гузаронида шуд, ки тибқи он шумораи тоҷикзабонон дар Аморати Бухоро як миллиону чордаҳ ҳазорро ташкил дод. Он барӯйхатгирӣ дар маркази диққати намояндагони беҳтарини зиёии рус меистод. Олими машҳури рус П. П. Семёнов-Тян-Шанский, ки он солҳо Совети статистикаи Вазорати корҳои дохилиро сарварӣ менамуд, дар ташкил ва гузаронидани барӯйхатгирии соли 1897 нақши махсусан калон бозид. Асоси барӯйхатгирии соли 1897-ро принсипҳои илмӣ ташкил дода, он аз рӯи барнома ва дастурамали ягона гузаронида шуда, мамлакатро фаро гирифт. Аҳолии мавҷудаи доимиро дар санаи муайяншуда ба ҳисоб гирифтанд, аммо аввалин барӯйхатгирӣ натиҷаи хуб надод, чунки саволҳои дар барнома дохилшуда номукаммал буданд. Аз ҷумла, дар саволҳои пешниҳодшуда миллат ва дигар маълумоти зарурӣ мавҷуд набуд. Маълумоти барӯйхатгирӣ дар муддати зиёда аз 8 сол коркард карда шуданд. Маълумоти бадастовардашуда дар бораи ҳайат ва шумораи аҳолӣ то ҳол барои омӯхтани таърихи Россияи подшоҳӣ қимат гум накардааст. Дар варақаҳои барӯйхатгирӣ сатри миллат набуд, аммо сатри забони модарӣ вуҷуд дошт.
Пас аз ғалабаи Револютсияи Сотсиалистии Октябр масъалаи ба ҳисоб гирифтани аҳолӣ муҳим гардид. Бинобар он, соли 1920 барӯйхатгирии дуюми аҳолӣ гузаронида шуд. Он дар шароити ниҳоят душвори ҷанги гражданӣ ва харобиҳои хоҷагӣ баргузор гардид. Кадрҳои босавод ва коғаз барои доир кардани маъракаи барӯйхатгирӣ намерасид. Дар баробари барӯйхатгирии демографию касбии аҳолӣ барӯйхатгирии хоҷагии қишлоқ, барӯйхатгирии корхонаҳои саноатӣ низ анҷом дода шуд, ки аз маъракаи пешинаи барӯйхатгирӣ бартарӣ дошт. Маълумоти барӯйхатгирии соли 1920 дар бораи шумора ва ҳайати аҳолӣ ҳангоми муайян кардани тадбирҳои барқарор намудани хоҷагии халқи харобгардида ва сохтмони маданӣ, инчунин дар вақти тартиб додани плани ГОЭЛРО истифода шуданд. Дар асоси маълумоти барӯйхатгирӣ аввалин маротиба шумораи тахминии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатии мамлакат дар оянда ҳисоб карда шуданд. Дар он шумораи аҳолии Республикаи Советӣ 136,8 миллион нафарро ташкил дод.
Соли 1926 барӯйхатгирии умумииттифоқии аҳолӣ гузаронида шуд, ки дар он вақт хоҷагии халқ асосан барқарор шуда, мамлакат ба навсозии сотсиалистӣ тайёрӣ медид. Шумораи аҳолии барӯйхатгирифта дар он давра ба 147 миллион нафар расид. Барномаи барӯйхатгирӣ 14 бандро бо зербандҳо, аз қабили ҷинс, синну сол, миллат, забони модарӣ, ҷойи таваллуд, давомоти зиндагӣ дар маҳалли барӯйхатгирӣ, ҳолати ақди никоҳ, маълумотнокӣ, норасоии ҷисмонӣ, солимии асаб, мақом дар шуғл ва соҳаи фаъолият, давомоти бекорӣ ва шуғли пештара, воситаи манбаъҳои зиндагиро фаро гирифта буд. Ҳамчунин, дар саволномаи хонавода ҳайати оила, давомоти ақди никоҳ ва шароити манзил қайд шуд. Шумораи умумии аҳолӣ дар ҶШС Худмухтори Тоҷикистон соли 1926 ба 1033,2 ҳазор нафар расид. Маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 1926 барои тартиб додани нақшаи якуми панҷсолаи сохтмони сотсиализм асос шуда, хизмат расонид.
Барӯйхатгирии баъдии умумииттифоқии аҳолӣ соли 1939 гузаронида шуд. Он замон шумораи умумии аҳолӣ ба 170,6 миллион нафар расида, назар ба соли 1926-ум 23,6 миллион нафар афзуд. Барӯйхатгирии соли 1939 назар ба барӯйхатгириҳои пешина ба дараҷаи баландтари илмӣ, методологӣ ва ташкилӣ гузаронида шуд. Аввалин маротиба ҳангоми барӯйхатгирӣ варақаҳои контролӣ ва маълумотнома дар бораи гузаштан аз барӯйхатгирӣ истифода ва пас аз барӯйхатгирӣ бо мақсади тафтиши пурра ба ҳисоб гирифтани аҳолӣ санҷишҳои контролӣ гузаронида шуд. Ин тадбирҳо аз ҳамон вақт ҳатмӣ гардиданд. Маълумоти барӯйхатгирии соли 1939 ба воситаи мошинҳои электронии ҳисоббарории истеҳсоли советӣ таҳлил шуданд. Ҳарчанд, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки соли 1941 оғоз шуд, барои ба анҷом расонидани маълумоти барӯйхатгирӣ халал расонид, аммо маълумоти барӯйхатгирӣ барои нақшакашӣ, омор ва корҳои амалии органҳои роҳбарикунанда дар солҳои ҷанг ёрии калон расонид.
Барӯйхатгирии умумииттифоқии аҳолии соли 1959 то 15 январ гузаронида шуд. Ба натиҷаи он на фақат дар мамлакат, балки дар ҷаҳон мароқ зоҳир карда шуд, чунки он 20 сол баъд аз барӯйхатгирии пешина ва пас аз ҷанги харобиоваре, ки Иттифоқи Советӣ бори гарони онро ба зимма дошт, гузаронида шуд. Шумораи аҳолии ИҶШС (СССР) дар он 208,8 миллион нафарро ташкил дод, ки аз он 94 миллион нафар мардҳо ва 114,8 миллион нафарро занҳо ташкил доданд. Ҷамъбасти барӯйхатгирии соли 1959 нишон дод, ки ИҶШС ба мамлакати аҳолиаш саросар босавод табдил ёфтааст. Натиҷаҳои барӯйхатгирии соли 1959 аз барӯйхатгирии соли 1939 бартарӣ дошт. Пеш аз барӯйхатгирии умумииттифоқии аҳолии соли 1959 корҳои зиёди тайёрӣ ба ҷо оварда шуданд, ки дар онҳо ғайр аз коркунони омори давлатӣ доираи васеи аҳли ҷамъиятии дигар соҳаҳо низ иштирок намуданд. Ду сол қабл аз барӯйхатгирӣ, соли 1957 дар ҳафт минтақаи мамлакат барӯйхатгирии озмоишӣ гузаронида шуд. Ин тадбирҳо ба андозаи калон ба муваффақияти барӯйхатгирии соли 1959 мусоидат намуданд.
Барӯйхатгирии дигари умумииттифоқии аҳолӣ соли 1970 гузаронида шуд. Шумораи аҳолӣ ба 241,7 миллион нафар расид. Муҳимтарин навигарӣ он буд, ки дар баробари гирифтани маълумоти аҳолӣ, барӯйхатгирии интихобӣ ҳам гузаронида шуд. Аз 18 саволи интихобшуда ба 11-тояш аз аҳолӣ ва ба 7 савол бошад, аз 25 фоизи аҳолии доимӣ ҷавоб гирифта шуд. Ин хароҷоти барӯйхатгириро кам карда, коркарду таҳлили баромадани маълумотро тезонид. Дар гузаронидани барӯйхатгирӣ 662 ҳазор нафар корманд кор карданд.
Барӯйхатгирии умумииттифоқии аҳолии соли 1979 аз барӯйхатгирии пешинаи соли 1970 фарқ дошт. Маълумоти ҷамъоваришуда ба мошинҳои электронии ҳисоббарор (ЭВМ) дохил ва коркард шуданд. Рӯйхатгирҳо ҷавобҳои шаҳрвандонро ба аксар саволҳои варақаи барӯйхатгирӣ дар вақти пурсиши аҳолӣ аз тариқи бо қалам кашидани аломатҳо қайд намуданд ва фақат ҷавоби саволҳои душвортарро хаттӣ навишта, дар ҷамъбаст бо аломатҳо ишора намуданд, ки ҳангоми коркард хеле осон шуд.
Барӯйхатгирии дигари умумииттифоқии аҳолӣ соли 1989 гузаронида шуд, ки охирон барӯйхатгирии аҳолии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Он аз барӯйхатгириҳои пешина бо тайёрии махсус ва дар давоми 8 рӯз, бо усули пурсиш аз рӯи маҳалли зисти ҳақиқии шаҳрвандон гузаронида шуд. Корҳои оммавии ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ сурат гирифт. Нақшаҳои гузаронидани барӯйхатгирӣ мураттаб шуда, ду сол қабл аз барӯйхатгирӣ дастурамалҳои омӯзишӣ омода гардида, ба кормандон омӯзонида шуданд. Варақаҳои барӯйхатгирӣ аз 25 савол иборат буд, ки саволи охирон дар бораи масоҳати хонаҳои умумӣ ва истиқоматӣ дода мешуд. Аз рӯи маълумоти барӯйхатгирии соли 1989 дар ҶСШ Тоҷикистон 5 миллиону 109 ҳазор нафар, аз ҷумла 4 миллиону 215 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекарданд.
Барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум нахустин барӯйхатгирии аҳолӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз 20 то 27 январ гузаронида шуд. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ то 20 январи соли 2000-ум 6 миллиону 128 ҳазор нафарро ташкил дод. Натиҷаи барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумоти барӯйхатгирӣ чунин аст:
(ҳазор нафар)
Соли 1926 (то 15 январ) — 1032,2
Соли 1959 (то 15 январ) — 1978,8
Соли 1970 (то 15 январ) — 2898,3
Соли 1979 (то 17 январ) — 3806,2
Соли 1989 (то 12 январ) — 5092,6
Соли 2000 (то 20 январ) — 6127,5
Барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм аз 21 то 30 сентябри соли 2010 гузаронида шуд. Он аз дигар барӯйхатгириҳо бо он фарқ мекард, ки дар он бори аввал барӯйхатгирии фонди манзил ҳамроҳ гардид. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияи Шӯрои иқтисодии СММ доир шуд. Дар рафти он бори нахуст усули сканерии коркарди маълумот истифода бурда шуд. Дар асоси қарорҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии зикршудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он вогузор карда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, ки соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, дар мамлакат 7 миллиону 565 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекард.
Аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар мамлакат маъракаи бузурги давлатию ҷамъиятӣ-барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил доир мегардад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар он аз технологияи муосир истифода намояд. Шаҳрвандони мамлакат ва шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, метавонанд бо гирифтани рамзҳои махсус (логин – парол) ба сомонаи Агентии омор ворид шуда, саволномаҳои барӯйхатгириро пур кунанд ва ба махзани маълумоти Агентии омор ирсол намоянд. Ҳамчунин, дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ терминалҳо барои гузаштан аз барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ташкил карда мешавад. Агар шаҳрвандон нахоҳанд, ки шахсони махсуси барои ин кор омодашуда ба манзили онҳо биёянд, метавонанд дар дилхоҳ вақти ба онҳо муносиб ба назди терминал рафта, бо ёрии намояндагони мақомоти омори давлатӣ ба саволҳо аз тариқи интернет ҷавоб диҳанд.
Ғайр аз ин, бори аввал барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи навбатӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо бо истифода аз планшет гузаронида мешавад. Кормандони муваққатии омодакардашуда ба манзили шаҳрвандон рафта, маълумоти фардии онҳоро ба планшет, ки бо шабакаи интернет пайваст шудааст, ҷамъоварӣ намуда, ба махзани маълумот ирсол менамоянд.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи нуҳуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» маълумоти шахсии аз аҳолӣ ҷамъкардашуда махфӣ буда, он дар шакли ҷамъбаст интишор карда мешавад. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бе талаби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти шахсӣ гузаронида мешавад. Аз ин лиҳоз, ширкат дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ум қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини ҷумҳурӣ аст.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон