Ноҳияи Дарвоз дар роҳи амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат қадамҳои устувор мегузорад.
Дар маркази ноҳия — шаҳраки Қалъаихумб биноҳои баландошёна, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва боғу гулгаштҳои ҳамешасабз бунёд ёфта, дар деҳоти «Қалъаихумб» сохтмони «Парки инноватсионӣ» дар арафаи анҷомёбист. Он дорои коргоҳҳои истеҳсолӣ ва гармхонаҳо барои парвариши сабзавот ва мева мебошад.
Дар «Парки инноватсионӣ», инчунин, коркард ва барои содирот омода намудани асал ба роҳ монда шуда, чор намуди асал бо тамғаи «Кӯҳистон» истеҳсол мегардад.
Дар коргоҳи«Помир Аква» бошад, дар як сол 30 тонна оби нӯшокӣ барои содирот истеҳсол мешавад. Корхонаи истеҳсоли ниқоб ва маводи антисептикӣ низ омодаи фаъолият аст. Дар он 12 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад.
Тибқи нақша, дар деҳаи Вишхарв дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи коркарди санги мармар ба истифода дода мешавад.
Назар ба қавли мудири шуъбаи иқтисоди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Ёқуб Сафарализода, баъди ба истифода додани корхонаҳои саноатии зикршуда ва марказҳои хизматрасонӣ зиёда аз 200 нафар сокини деҳот бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»